Туҳфаи «Муҳаррир»

Ба қарибӣ нашриёти «Муҳаррир»-и Тошканд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли Ӯзбекистон ва 100-солагии ноҳияи Самарқанд китоби нави шеъру манзумаҳои адиб ва тарҷумони зуллисонайн Аслиддин Қамарзодаро таҳти унвони «Самарқандликлар» нашр кард.

Ба китоб раиси шуъбаи вилояти самарқандии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шоир Тошпӯлод Урхун зери номи «Фарзанди асили Самарқанд» пешгуфторе навиштааст.

Дар китоб шеър ва манзумаҳо ба Истиқлоли Ватан, Самарқанд ва одамони барӯманди Сайқали рӯйи замин, дӯстӣ ва рафоқати халқҳои тоҷику ӯзбек бахшидаи Аслиддин Қамарзода, инчунин як қатор шеърҳои шоирони халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ, Фарзона, Низом Қосим, шоирони тоҷики Ӯзбекистон Васлӣ, Вадуд Маҳмуд, Салим Кенҷа, Абдуҷалол Қодирӣ ва дигарон дар тарҷумаи ӯ ба забони ӯзбекӣ ҷой дода шудаанд.

Қисме аз шеърҳои китоб хонандагонро ба китобхонӣ ва соҳиби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ даъват менамоянд.

Ш. Йӯлдошева.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: