Дар автобусҳои Тошканд фаъолияти кондитсионерҳо зери назорати қатъӣ қарор мегирад

Дар пайи зиёд шудани шикоятҳои сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба кор накардани кондитсионерҳо дар автобусҳои пойтахт, Сарраёсати нақлиёт ва рушди инфрасохтори роҳу нақлиёти шаҳри Тошканд бо изҳороти расмӣ баромад кард.

Тавре зикр мешавад, бо мақсади пешгирии нороҳатии мусофирон ва таъмини фаъолияти мунтазами низоми хунуккунӣ дар рӯзҳои гармо, ҳанӯз 30 апрели соли 2026 ба ҳамаи ширкатҳои ҳамлу нақл дастури махсуси №1/E-410 ирсол гардидааст.
Мувофиқи ин дастур, ҳангоми аз +28°C боло рафтани ҳарорати ҳаво, фаъолияти кондитсионерҳо дар автобусҳо бояд ҳатман таъмин карда шавад.
Айни замон муассисаи давлатии «Мониторинг ва назорати ҳамлу нақли мусофирбари шаҳри Тошканд» санҷишҳоро дар нақлиёти ҷамъиятӣ пурзӯр намудааст.
Ба масъулон супориш дода шудааст, ки ба муроҷиат ва шикоятҳои мусофирон фавран расидагӣ намуда, нисбат ба ширкатҳои ҳамлу нақле, ки талаботи муқарраршударо риоя намекунанд, чораҳои ҷиддии интизомӣ андешанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: