Риштаҳо дар арсаи байналхалқӣ мустаҳкам мешаванд

Дар «Маркази инноватсионӣ»-и ноҳияи Мирободи пойтахт нахустин анҷумани байналхалқии илмию амалӣ таҳти унвони «Шаҳрҳои бародар – 2026» баргузор гардид.

Дар чорабинии бонуфуз, ки бо мақсади боз ҳам ривоҷ додани ҳамкориҳо миёни шаҳрҳои бародар, пурзӯрсозии механизмҳои дипломатияи мардумӣ, васеъсозии таҷрибаивазкунии байналхалқӣ рӯйи кор омад, эксперт ва мутахассисон аз бештар аз даҳ кишвари хориҷ, масъулони ҳокимияти шаҳри Тошканд,  вакилони сафоратҳои мамолики хориҷӣ дар Ӯзбекистон, вакилони ташкилотҳои байналхалқӣ (дар шакли онлайн ва офлайн), ҳамчунин намояндагони созмонҳои давлативу ҷамоатӣ, муассисаҳои таълими олӣ ва кормандони ВАО иштирок намуданд.

Назар ба маълумотҳо, алъон Ӯзбекистон ба шаҳр ва ҳудудҳои бештар аз 80 мамолики олам  дар мақоми «шаҳрҳои бародар» ҳамкорӣ менамояд.  Чунин робитаҳо ба равнақи сайёҳиву дипломатияи халқӣ, ҳамчунин мустаҳкамшавии риштаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, таълим, иқтисодиёт ва экология хидмат менамоянд.

Бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани риштаи чунин ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун 7 майи соли 2025 Алянси шаҳрҳои бародар дар Ӯзбекистон ташкил карда шуд. Аз байн як сол гузашт. Алянс дар ин муддат чандин чорабинӣ гузаронд, ки ба қавӣ гардондани муносибат байни давлат ва шаҳрҳои гуногун, хусусан ба равнақи ҳамкориҳои бисёрҷабҳаи амалии экологиву инноватсионӣ нигаронида шудаанд.

Дар анҷумани илмию амалии «Шаҳрҳои бародар –2026» мутахассисон доири корҳое, ки дар давоми як сол дар ин самт ба иҷро расидаанд – натиҷаҳое, ки ба даст оварда шуданд, ҳамчунин дар бораи вазифаҳои устувори оянда сухан ба миён оварданд. Раиси Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва масъалаҳои ҳамватанҳои хориҷии ҷумҳурӣ Қаҳрамон Сориев, раиси «Алянси шаҳрҳои бародар» Зокир Абидов, узви Сенати Олий Маҷлис Ҷамила Бобоназарова, сафири Латвия дар Ӯзбекистон Гиртс Яунземс, ҷонишини ҳокими вилояти Фарғона оиди масъалаҳои сайёҳӣ, маданият, мероси маданӣ ва коммуникатсияҳои оммавӣ Хуршед Аҳмедов ва дигарон дар бораи муҳиммияти давраи нави ҳамкориҳо дар соҳоти гуногун, хусусан, таъмини барқарории экологӣ, идоракунии рақамнок, консепсияи «шаҳри ақлнок», ба роҳ гузоштану дастгирӣ сохтани дипломатияи ҷавонон ва лоиҳаҳои инноватсионӣ маърӯзаҳо хонданд. Бобати ба дараҷаи институтсионалӣ баланд бардоштани равобит байни шаҳрҳои бародар, ба таври мунтазам ташкил намудани форумҳо, ҳамчунин густариши ҳамкориҳои бевоситаи байниҳудудӣ таклифҳо баён карда шуданд.

Нахустконфронси илмию амалии «Шаҳрҳои бародар –2026», метавон гуфт, ҳамчун ифодаи амалии сиёсати кушодии Ӯзбекистон дар арсаи байналхалқӣ, саъйу ҳаракатҳо дар роҳи равнақи дипломатияи мардумӣ, ҳамкории инноватсионӣ ва ривоҷи робитаҳои байниҳудудӣ хидмат хоҳад намуд.

М.ШОДИЕВ,
 мухбири «Овози тоҷик».   

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: