Малина – муҳофизи табиии ҷигар ва рӯдаҳо

Олимон муайян кардаанд, ки малина метавонад ба беҳтар шудани саломатии ҷигар ва фаъолияти рӯдаҳо мусоидат намояд.

Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоте, ки муҳаққиқони Zhejiang Chinese Medical University анҷом додаанд ва дар маҷаллаи илмии Frontiers in Nutrition нашр шудааст, экстракти малина метавонад ҷамъшавии равған дар ҷигарро коҳиш диҳад.
Дар таҷрибаҳои лабораторӣ олимон дар давоми 12 ҳафта ба мушҳо ғизои серравған дода, бемории чарбии ҷигарро моделсозӣ карданд. Баъдан ба қисми муайяни онҳо экстракти обии малина дода шуд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки дар ҳайвоноти гурӯҳи таҷрибавӣ нишонаҳои осеби ҷигар, аз ҷумла ҷамъшавии равған дар бофтаҳо, кам гардида, мубодилаи липидҳо беҳтар шудааст.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, чунин таъсир ба он вобаста аст, ки малина ба муҳити бактерияҳои муфиди рӯда таъсири мусбат мерасонад.
«Экстракти малина шумораи микроорганизмҳои муфид, махсусан бактерияҳои гурӯҳи Ileibacterium-ро зиёд намуда, ҳамчунин монеаи муҳофизатии рӯдаро мустаҳкам мекунад», – мегӯянд олимон.
Илова бар ин, дар ҷараёни таҳқиқот баланд шудани сатҳи инозин – моддае, ки дар мубодилаи моддаҳо иштирок мекунад, мушоҳида шудааст. Таҷрибаҳои лабораторӣ нишон доданд, ки ин модда ҷамъшавии равған дар ҳуҷайраҳои ҷигар, илтиҳоб ва стресси оксидшавиро коҳиш медиҳад.
Муаллифони таҳқиқот таъкид мекунанд, ки ин натиҷаҳо ҳоло танҳо дар марҳилаи пешазклиникӣ қарор доранд. Бо вуҷуди ин, онҳо бар онанд, ки малина метавонад дар оянда барои таҳияи маҳсулоти ғизоии муфид ҷиҳати дастгирии саломатии ҷигар истифода шавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: