Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин бинобар талафоти зиёди ҷонӣ ва осеб дидани шаҳрвандон дар натиҷаи фоҷиа дар як корхонаи саноатӣ дар музофоти Хунан барқияи тасаллият ирсол намуд.
Роҳбари давлати мо ба пайвандон ва наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ ва дастгирӣ намуда, ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтар орзу кард.