Журналисти зирак ва чашмикордон

Дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ба муносибати 60-умин солгарди узви иттиҳодияҳои нависандагон ва журналистони Ӯзбекистон, муҳаррири таҳририяти «Ҳуррият» Абдурасул Ҷумъақулов ва муаррифии китобҳои соҳибҷашн «Кундузги чироқ» ва «Фақат сен» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, олимону зиёиён, донишҷӯён ва дигар шахсиятҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.
– Роҳи интихобнамудаи Президенти мо Шавкат Мирзиёев Ӯзбекистони Навро ба сӯйи ҳадафҳои бузург ва олиҷаноб мебарад, – гуфт раиси Иттиҳоди нависандагон, Шоири халқии Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид. – Ҳама шароит ва имкониятҳои зарурӣ барои эҷоди самараноки аҳли қалам фароҳам оварда шудааст. Имрӯз эҷодкорону зиёиён вазифа ва масъулияти худро амиқ ҳис карда, ба шукуфоии Ватан саҳми муносиб мегузоранд. Китоби журналисти моҳир Абдурасул Ҷумъақулов бо номи «Кундузги чироқ» ва «Фақат сен» сазовори эътибор аст.
Дар рафти чорабинӣ директори генералии Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, сенатор Абдусаид Кӯчимов таъкид намуд, ки чанд сол инҷониб Абдурасул Ҷумъақулов ба «Ҳуррият» роҳбарӣ менамояд. Дар ин муддат ба туфайли саъю ҳаракати ӯ рӯзнома мазмуну мундариҷаи нав пайдо кард, сафи муштариён зиёд гашт, пойгоҳи моддиву техникии таҳририят ва таъминоти моддии кормандон рӯ ба беҳбудӣ овард.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттиҳоди журналистон Шуҳрат Орифов гуфт, ки  соҳибҷашн дар журналистика ва адабиёти имрӯза мавқеи баланд дорад. Китобҳои «Кундузги чироқ» ва «Фақат сен» дар қалби хонандагон ҷой гирифтаанд,  ки  хазинаи миллии адабиётамонро ғанӣ мегардонанд.
Журналисти шинохта Абдурасул Ҷумъақулов соли 2003 сазовори медали «Шуҳрат» ва соли 2021 соҳиби ордени «Меҳнат шуҳрати»  гардидааст.

Далер Азизов,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: