Дар хонаводаи Туроббой, муаллими варзикӣ баъд аз фарзандони калонӣ ва фавти чанд дилбанд, боз писаре таваллуд ёфт.
Куҷо беҳунар шуд асири ниёз,
Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз.
(Фирдавсӣ).
Дар хонаводаи Туроббой, муаллими варзикӣ баъд аз фарзандони калонӣ ва фавти чанд дилбанд, боз писаре таваллуд ёфт. Барои он ки дигарбора нобуд нашаваду истад, ба кӯдак «Турсунбой» ном ниҳоданд, яъне «Истад»-и тоҷикӣ. Падару модар ба мақсад расиданд. Воқеан, нури дидаашон – Турсунбойи хурдак ба по истоду калон шуд.
Айёми мактабӣ ӯ бо ахлоқи нек дар байни ҳамсабақони худ намоён шуда меистод. Илму донишро паси ҳам аз худ намуда, баҳоҳои хубу аъло мегирифт. Хосатан, дар машғулиятҳои расму нақшакашӣ, ки онро омӯзгори гулдаст Абдуғаффор Абдураззоқов мегузаронд, истеъдоди нигориши ӯ торафт зоҳир мегардид. Сурату нақшҳои кашидаи Турсунбой яке аз дигаре беҳ мебаромаданд. Дар ин давр дар дили ӯ ба асбоби нафасии мусиқӣ майлу рағбати калон пайдо шуд. Аз чӯби сахт най сохта, ба радио тақлидкунон онро менавохт. Ин ҳунарро мустақилона омӯхт. Дар синфҳои боло сардори синф таъин гардида, ин вазифаро сидқидилона ӯҳда кард. Дар мусобиқаҳои варзишӣ низ пешқадам буд.
Соли 1964 сеҳри ҳунарҳои нафис ӯро ба Донишкадаи театр ва рассомии Тошканд овард, вале донишҷӯ шудан ба Турсунбой муяссар нагардид. Аз санҷиши дуюм баргашт. Бе ҳеч ноумедӣ ба техникуми маданӣ-маърифатии пойтахт ҳуҷҷат супурда, баъди санҷишҳо талабаи ин муассиса гардид. Чун кори дипломӣ намоишномаи «Садо аз тобут»-и Абдулло Қаҳҳорро ба саҳна гузошта, нақши асосӣ – Сухсуровро худ моҳирона бозид.
Баъди хатми ин боргоҳи ҳунар роҳбари бадеии хонаи маданияти шаҳраки Пахтаи ноҳияи Чинози вилояти Тошканд гардид. Муддате ёрирасони коргардони театри ондавраинаи ноҳияи Янгийӯл низ буд. Дар ин маскани санъат чанде аз намоишҳоро бо коргардон Маҳкам Исроилов тайёр карда, манзури тамошобинон намуданд.
Бо тақозои замон Т.Туробов ба зодгоҳ баргашта касби омӯзгориро пеша намуд. Дар синфҳои ибтидоӣ ба мо ду нафар муаллим – яке роҳбари синфамон аз ҳамаи фанҳо ва омӯзгоре аз забони русӣ дарс медоданд. Аз синфи V ба ҳар предмет омӯзгори касбӣ медаромад. Мунтазир будем, ки аз машғулияти санъати тасвирӣ, ки онро дарси расм мегуфтем, ба мо кӣ сабақ медода бошад?
Ба синф ҷавони болоқад, гармрӯю хушлибос даромад. Аксарият ҳайрон будем, ки ӯ кист? Мо орому хомӯш менишастем. Баъди ба журнали синф қайдҳо кардан ӯ худро шиносонд – Турсунбой Туробов ва гуфт:
– Ман муаллими фанни санъати тасвирӣ. Минбаъд ин дарсро ман мебарам.
Аз рӯйи рӯйхат бо ҳар яки мо шинос шуд. Огоҳонид:
– Ҳар якатон дар дарс дафтари расм ва қаламҳои ранга дошта бошед. Қалами одӣ бо номи «Архитектор»-ро ба кор баред, ки он нарму рангбаланд аст.
Бо омӯзишу нишондоди ӯ кашидани суратҳои чойнику пиёла, гулдон, болға, шкаф, бинои мактаб, манзара ва монанди инҳоро ёд гирифта, дар дарсҳо варақҳои дафтари расмро бо суратҳои алоҳидаи ранга пур мекардем. Барои мо дарси расм завқбахш буд.
Ин машғулот рӯзи шанбе, баъди анҷоми дарсҳо сурат мегирифт, гоҳе бо сабабҳо баргузор намегардид, ки ин ба мо афсӯсовар мешуд.
Т.Туробов аз фанни мусиқӣ низ, ки дарси суруд мегуфтем, ба мо дарс мегузашт. Сурудҳо меомӯхтем зери оҳанги рубоб. Дарси суруд ҳам ба мо хеле писанд меомад.
Аввали солҳои 70-уми асри ХХ мо дар таътили тобистона, дар пойгоҳи кӯҳистони зебоманзари шимоли деҳаамон будем. Дар истироҳатгоҳ сарвари пешоҳангон устод Туробов буд. Вай ба тартибу қоидаҳои истироҳатгоҳ қатъан риоя карданамонро таъкид менамуд. Дар саҳни истироҳатгоҳи атрофаш харакдошта шабона то вақти хоб бо навои рубоби Туробов суруд хонда, рақсу бозӣ мекардем. Боре устод як суруди хори моро сабт карда, аз магнитофон, ки он барои мо навигарии калон буд, шунавонд. Ин бароямон муъҷиза буд.
Чанд бор бо роҳбарии Туробов ба саёҳати кӯҳистон баромадем. Дар баландие ҷамъ омадем, ки манзараи деҳаамон намоён мешуд. Бачагон ба завқ омада, аз баландӣ нигоҳкунон нуқтаи назарашон изҳор медоштанд:
– Ана, он бошишгоҳи саҳроии мо, – мегуфт яке.
– Ман боғи худамонро дида истодаам, – мегуфт дигаре.
– Ана, дар он ҷойҳо мо гову буз чаронида будем! – изҳор намуд сеюмӣ.
Бо раҳнамоию ғамхории Туробов аз истироҳати онсола бо таассуроти бою рангин баргаштем.
Соли 1974 дар шаҳри Чуст қасри маданият сохта шуд, ба он Турсунбой Туробов директор таъин гардид. Ҳамон сол ӯ ба факултаи асбобҳои мусиқии халқии навкушодаи Институти маданияти Тошканд дохил шуд ва онро ғоибона хатм намуд. Устоди санъат, ғайр аз наю рубоб, доира, тор ва дуторро навохта метавонист. Дар қасри маданияти шаҳри Чуст ҷамоаи маданӣ хуб буд ва Туробов онро боз беҳтар намуд.
– Ман аввалин сабақҳои мусиқиро аз модарам Хайринисо, тағоям Тӯхтамурод (Худо онҳоро раҳмат кунад) ва дар даври мактабиам бештар аз устод Турсунбой Туробов омӯхтаам, – мегӯяд Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, сарояндаи нозукадои мақом Матлуба Дадабоева.
– Муаллим Туробов шахси нармдилу хоксор буда, ба мо бо суханони дилчасп машғулият мегузаронданд. Барои ҳамин мо – шогирдон, ба устоду ҳунарашон мароқ зоҳир намуда, сурудҳои дилкашу дилошӯбро ёд гирифта, онро таҳти садои рубоб месароидем. Устод ба мо нозукиҳои рақсро низ меомӯзонданд. Бо дастаи суруду рақси омӯзишгоҳи педагогии Чуст ҳамкорӣ намуда, дар саҳнаҳои калон ҳам баромад мекардем. Ман ба ҳунари Турсунбой Туробов ҳавас карда, дар Институти театру рассомии Тошканд рубобнавозиро низ ёд гирифтаам.
Муаллим Туробов – одами хуб, баландистеъдод, бо баробари машғулияти мусиқӣ гузаронидан дар бораи одобу ахлоқ нақлҳо ҳам мекарданд, – гуфт собиқадори меҳнат Маҳмуда Фазлиддинова. – Ягон тадбири маданӣ, иҷтимоӣ-мусиқии мактаб бе иштирокашон намегузашт. Дар бошишгоҳҳои саҳроӣ хобида, рӯзона пахта мечиндем. Муаллим Туробов рубоб навохта, шабҳо то вақти хоб ба мо суруд мехонданд. Ман чунин суруду мусиқиҳоро дар гӯшу ёдам дошта, ба онҳо шавқу сурур пайдо карда, баъди хатми мактаб ба омӯзишгоҳи мусиқии Намангон дохил шуда, асрори мусиқиро омӯхтам ва 32 сол аз мусиқӣ ба наврасону хурдтаракони боғча таълим додаам. Ман аз чунин роҳи санъатро пеша карданам хеле шукр мегӯям. Алҳол дар нафақаам.
Инчунин шогирдони устоди санъатписанд Туробов, ба монанди омӯзгори фанни биология Турсунбой Ғозиев сершуморанд.
Турсунбой Туробов бо ҳамсараш Турсуной 7 фарзанд – 5 писару 2 духтарро калон карда, ба ҳаёти мустақилу хушбахтона гусел карданд. Имрӯзҳо онҳо сарварони хонаводаи серфарзанд, бобою момои 20 набера ва дар давраи 10 абера даври пирӣ меронанд.
Ба қарибӣ Турсунбой Туробов синни 80-ро пур карданд, ки дар ин синни балоғат устод ҳунари худро боз ҳам сайқал дода истодаанд.
Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.