СУҲБАТ БО САРБОЗИ 102 СОЛАИ БАРНОДИЛ

  • СУҲБАТ БО САРБОЗИ 102 СОЛАИ БАРНОДИЛ
  • СУҲБАТ БО САРБОЗИ 102 СОЛАИ БАРНОДИЛ

Ба Пирӯзии бузурги таърихӣ аз болои фашизм 81 сол сипарӣ шуд. Бояд тазаккур дод, ки дар таъмини Ғалаба ҳамдиёрони мо, аз он ҷумла диловарони самарқандӣ низ саҳми арзанда гузоштаанд.

 Дареғо, онҳое, ки дар сангарҳои хунин барои пирӯзӣ талош варзидаанд, аз вилоят ҳамагӣ як нафар – Аҳадбобо Очилови 102 сола дар қайди ҳаёт ҳасту халос.
Ҳокими вилояти Самарқанд дар асоси қарори Президент ба ӯ мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супурд.
Аз фурсат истифода бурда мо аз номи мухлисони рӯзномаи "Овози тоҷик" иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон Аҳадбобо Очиловро табрик гуфта, ба чанде аз пурсишҳо посух гирифтем.
– Имрӯзҳо ғайр аз фарзандону наберагон, хешу пайвандон, шиносу бегона, ёру дӯстон ба табрикам омада, ҳавлӣ пур аз одам, хонаи дилам лабрези шодиву сурур гардида нури сафо бахшиданд, ки аз хурсандӣ курта-курта гӯшт гирифтам, – бо ҳисси шодмонӣ лаб ба сухан кушод Аҳадбобо Очилов, – базму тараби онҳо ба назарам давоми ҳамон тантанае намуд, ки соли 1951 дар зодгоҳам барпо гашта буд. Ана имрӯз,чун соли гузашта ҳокими вилоят як сари қадам ба ҳавлӣ даромада сарамро ба осмон расонд. Ҳатто аз дасти ман – мӯйсафеди ҷаҳонгашта, размдида, борҳо бо аҷал рӯ ба рӯ шуда, лейтенанти калони Армияи Сурх як пиёла чой нӯшид, мукофотпулӣ ва Табрикномаи Президентро супурд. Сипас бо як меҳрубонӣ, мисли фарзанди дилбанд бо табассуми дилнишину гуворо ва эҳтироми хоса пурсид, ки аз мо чӣ хизмат? Бо камоли мамнуният гуфтам, ки аз рӯзгор розӣ, аз замона розӣ, аз сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон ҳазор розӣ!
Ҳангоми адои намози бомдод, рӯи ҷойнамоз шукронаи ин давру замон, шукронаи ин нозу неъмат ва ғамхориҳои ҳукуматро мекунам.
Воқеан, ҳаёт панди бузургам дод, ки чанд саҳифаи умрам мисли навори кинофилм гоҳ-гоҳ пеши назарам мегузорад...
СЕ НАФАР ТАНКЧӢ
Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳаёти осудаи оилаи Очиламакро низ ба ташвишу таҳлука гузошт. Баҳори соли 1942 Аҳади 17 сола дар саҳро пойлучу сарлуч каланд мезад. Нобаҳангом ду нафар пайдо шуда, ӯро ба комиссариати ҳарбӣ меоваранд. Баъди саволу ҷавоби кӯтоҳ бо чанд нафар ба роҳи оҳани Самарқанд омад.
Хушбахтона қабл аз ба ҳаракат омадани қатора бо волидон суҳбат орост, дуои хайр гирифт.
Албатта модари ғамхораш бо ашки дида, вале падари бузургвораш бо насиҳат гусел намуданд.
– Шери додо, – гуфт қиблагоҳаш, – рафтору гуфтори нек шиори ту бояд бошад. Ба молу мулк дил набанд, ба ғоратгарӣ, дуздӣ даст мазан, боз, то шаби никоҳ эзорбанд накушо, яъне ба насфи боло ва поён дода нашав, аз Худованд саломатӣ ва бозгашт ба ватан – зодгоҳро пурс. Иншооллоҳ ба муроди дил мерасӣ!
Паравоз ҳуштаки гӯшхароше бароварда, аз худ дуди бисёре ба осмон сар дод. Аз ҳар тараф доду фиғони ҳозирон ба фалак печид.
Сарбози самарқандӣ насиҳату маслиҳати падарашро ҳалқа ба гӯш карда аз тирезаи қатора даст афшонд. Вай намедонист, ки даъфаи вопасин чеҳраи ошуфтаи модари муқаддасу ғамзадаашро мебинад.
Ӯ дар пойтахти Туркманистон – Ашқобод дар тӯли шаш моҳ сиру асрори танкронӣ, истифода аз аслиҳаи ҳарбӣ ва ғайра омӯхт.
Корномаи аввалинаш дар муҳорибаи таърихии Моздоки Қафқоз шӯҳрат овард. Душман девонавор ба хатти мудофиавии аскарони шӯравӣ ҳамлаи бераҳму бешафқат менамуд, вале муҳориба бо ғалабаи Армияи Сурх анҷом ёфт.
Экипажи Аҳад Очилов, ки ӯ ронанда, Петров командир ва Николай тирпуркунанда буданд, бо танки" ДТ-34" барои аз душманони ғаддор озод кардани шаҳру деҳаҳои Украина, Молдова, Венгрия, Чехословакия ва дигар кишварҳои Аврупо саҳми арзанда гузоштанд. Ротаи танкии Аҳад Очилов нашъаи Ғалабаро дар назди Рейхстаг, пойтахти Олмон – Берлин чашид. Аммо боз чанд муддат дар шаҳри Прага дар халос кардан аз душманони ғаддор ширкат варзид.
Баъди несту нобуд кардани урдугоҳи фашизм аскарони шӯравӣ ба ватан баргаштанд, вале генерал Иван Голосов ба вай рухсат надод,ки назди волидон равад. "Мо ҳар ду ҷанг, талафот, қурбонӣ, талош барои пирӯзӣ, яъне рӯзҳои пуртаҳлука, тоқатфарсо ва ғайраро бисёр дидем, – гуфт Иван Голосов, – ту аз ҳар гуна имтиҳони зиндагӣ сарбаландона гузаштӣ. Шоҳиди хислатҳои наҷибу ҳамидаи инсонӣ – аҳду паймон, лутфу эҳсон, бебокӣ, мардӣ, ҳақталошӣ, якқавлӣ дорӣ, ки ба ман писанд омад. Ана барои чӣ ба худ шахси боэътимод – адютант таъин мекунам".
Сарбоз итоаткорона боз панҷ сол либоси ҳарбӣ пӯшид. Соли 1950 ба зодгоҳ – деҳаи Арабхонаи ноҳияи Самарқанд бозгашт. Падараш бо душворӣ умр ба сар мебурд, ки писараш такягоҳи ӯ шуд.
Аҳад Очилов бо дастгирӣ ва ҷонибдории раиси хоҷагии ҷамоатии собиқ "Москва" бо Зубайда Очилова ақди никоҳ баст.
Аҳадбобо Очилов пас аз хатми шуъбаи шабонаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо касби омӯзгорӣ машғул шуд. Дар мактаби рақами 3-юми зодгоҳ беш аз 50 сол муллими забони модарӣ ва адабиёти тоҷик буд. Барои ба замона хос таълиму тарбия додани ҳазорҳо нафар фарзандони маҳалла саҳми муносиб гузошт. Аз ҳама муҳимаш, бо ҳамсараш шаш нафар фарзандро соҳиби илму дониш, касбу кор, хонаву ҷой кард.
Духтари калонӣ Зулайхо аз паси падари бузургвор рафта, муаллим шуд. Ӯ чун додояш дар тарбияти маънавию ахлоқӣ, меҳнатию касбомӯзӣ ва дар роҳи сифати баланд бардоштани савияи дониши шогирдон нақши муҳим гузошта, ҳоло дар нафақа аст. Низомиддин ҳарбӣ буд ва дар яке аз амалиёти нерӯҳои мусаллаҳ қаҳрамонона ҷон бохт. Раҳматӣ Искандар ба дарди бедаво печид ва ба Ҳақ пайваст. Садриддин, Увайсӣ, Нодира бо тадбиркорӣ машғул ҳастанд.
Аҳадбобо соҳиби қариб сад нафар набера, абера ва чабера буда, аксарияти онҳо соҳиби касбу кори гуногун мебошанд.
– Дар маҳаллаи Арабхона ягон тӯй ва дигар гуна маъракаҳо бидуни иштироки падарам намегузарад, – иброз дошт Садриддин. – Хислатҳои наҷибу ҳамидаи падар ба мо, фарзандону наберагон гузашта, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба ҳама некӣ намоем.
– Ман таманно дорам, ки осмон мусаффо, зиндагӣ осуда, рӯзгор фаровон бошад, – қабл аз бозгашти мо даст ба дуо бардошт пири барнодили ҷавонрафтор Аҳадбобо Очилов, – ба деҳқонону фермерҳо, тадбиркорон омад ва шумоён – эҷодкорон қаламатон ҳамеша сабз бодо!

Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
Вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: