Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939-1945) аз фоҷиавитарин ва мудҳиштарин рӯйдодҳои таърихи башарият ба шумор меравад.
Дар ин бархӯрди бузурги низомӣ даҳҳо давлат ширкат варзида, миллионҳо нафар ҷон бохтанд. Ин ҷанг на танҳо сарбозон, балки аҳолии осоиштаро низ фаро гирифт. Дар ақибгоҳ миллионҳо нафар дар заводҳо кор карда, барои фронт силоҳ, техника ва маводи зарурӣ, аз ҷумла озуқаворӣ истеҳсол мекарданд. Занон ва ҷавонон низ барои пирӯзӣ мубориза бурданд. Дар қатори чунин фарзандони шуҷоъ намояндаи деҳоти кӯҳистони дурдасти кишвар – Ҳамробой Тағоев низ буд. Ӯ соли 1921 дар деҳаи зебоманзари Синтоби ноҳияи Фориш ба дунё омада, дар муҳити кӯҳистон, зиндагии одӣ ва меҳнати ҳалол ба воя расидааст.
Соли 1939 Ҳамробой бо чанд нафар ҳамдеҳагонаш ба заводи пахтатозакунии Боёвут рафт ва то соли 1941 дар он ҷо кор кард. Дар ҳамин давра ба сафи комсомол пазируфта шуд. Моҳи январи соли 1941 ӯро ба хидмати ҳарбӣ даъват карданд.
Баробари оғози ҷанг – 22 июни соли 1941, дар қатори ҳазорон Ҳамробой низ ба фронт сафарбар гардид. Ӯ дар ҳайати Фронти сеюми Белорусия дар муҳорибаҳои шадид иштирок намуд. Взводи онҳо таҳти фармондеҳии лейтенанти калон Кузнетсов дар хатти аввал қарор дошт. Дар яке аз муҳорибаҳои сангин Ҳамробой ҷароҳати вазнин бардошта, баъди муолиҷа дубора ба сафи ҷанг баргашт ва ҷангро дар муҳорибаҳои шаҳри қаҳрамони Сталинград идома дод.
Яке аз вазифаҳои муҳим дар ҷанг ин анҷом додани разведка ва ба даст овардани «забон» буд. Дар яке аз чунин амалиёт Ҳамробой Тағоев дар ҳайати гурӯҳи сенафара ҳамроҳи Мухин ва нафари дигар ба разведка фиристода шуд. Дар шаби сарди канори беша, гурӯҳи хурд тавонист ба чор аскари душман, ки яке суруд мехонду дигарон ҷӯр мешуданд, барқвор ҳуҷум карда, фашистони ғафлатзадаро асир гирад ва ба штаб маълумоти муҳим расонад. Барои ин корнома ӯ ва ҳамсафонаш бо ордени «Ситораи сурх» мукофотонида шуданд.
Баъд аз муҳорибаҳои сахт шаҳри Кёнигсберг аз душман озод карда шуд. Тирамоҳи соли 1945 Ҳамробой Тағоев бо сари баланд аз Ғалабаи бузург ба Ватан баргашт.
Бояд таъкид кард, ки моҳияти ҷанг аз рақамҳо аён мегардад. Аз деҳаи зебоманзари Синтоб беш аз 160 нафар ҷавонписарони далеру шуҷоъ дар набардгоҳҳои он ҷанги хонумонсӯз ҷангидаанд. Танҳо 30 нафари онҳо ба зодгоҳи азиз баргаштанд.
Пас аз бозгашт Ҳ. Тағоев дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии деҳот ва роҳбарӣ кор кард. Котиби шӯрои деҳи Синтоби ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ буд, баъдан раиси шӯро интихоб гардид. Ҳамчун корманди молия низ фаъолият дошт. Ин аст, ки сари синаи ӯро баробари ордени ҷангӣ чандин медали солҳои осоишта гирифтааш низ зебу зинат медоданд.
Ҳамробой Тағоев пас аз ҷанг бо ҳамдеҳааш Сарварой оила бунёд кард. Дар оила ҳамеша муҳити осуда, меҳру муҳаббат ҳукмрон буд. Онҳо 7 фарзанд – чаҳор писару се духтарро тарбия намуда, ба камол расониданд. Ин ҷанговари далер ва инсони нек 4 январи соли 2001 вафот кард. Имрӯз фарзандону набераҳои ӯ роҳи падару бобои шуҷои худро сарбаландона идома дода, дар бунёди Ӯзбекистони Нав саҳм мегиранд, ҳамнафас ва ҳамқадами замон мебошанд.
Омӯхтани таърихи Ҷанги дуюми ҷаҳон ва корномаҳои иштирокдорони он, хоҳ дар фронт ва хоҳ дар ақибгоҳ бошад, аз ҷумлаи арзишҳои олитарини инсонӣ аст. Дар хотир доштану қадр кардани ин арзишҳо масъулияти муҳиму виҷдонии наслҳои имрӯз ва фардост.
Хотира абадӣ аст
Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939-1945) аз фоҷиабортарин рӯйдодҳои таърихи инсоният ба шумор меравад. Ин ҷанг на танҳо харобиҳои зиёд ва талафоти азими инсонӣ овард, балки сарнавишти даҳҳо кишвару миллатҳоро низ дигаргун сохт.
Аз Ӯзбекистон зиёда аз 1,5 миллион нафар ба фронт сафарбар гардиданд. Мутаассифона, садҳо нафар аз онҳо дар майдонҳои ҷанг ҳалок гардиданд ва ё бедарак шуданд. Ҷанг ба иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоии кишвар низ таъсири нохуш расонид: корхонаҳо ба истеҳсоли маҳсулоти ҳарбӣ гузаштанд, ҷойи мардонро дар истеҳсолот занону пиронсолон ва ҷавонон ишғол карданд.
Айёми ҷанг барои мардуми Ӯзбекистон даврони қаҳрамонӣ ва фидокорӣ низ буд. Ҳазорҳо нафар бо ордену медалҳо сарфароз гардида, зиёда аз 300 нафар сазовори унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шуданд.
Ҳамчунин, Ӯзбекистон ба ақибгоҳи фронт табдил ёфта, корхонаҳои зиёди саноатӣ аз минтақаҳои ҷангӣ ба ин ҷо кӯчонида шуданд. Мардуми маҳаллӣ миллионҳо гурезаро қабул карда, ба онҳо паноҳгоҳ доданд. Ин амали инсондӯстона нишонаи ваҳдат ва ҳамдилии мардуми шӯравӣ буд.
Имрӯз хотираи иштирокчиёни ҷанг гиромӣ дошта мешавад. Корномаҳои онҳо намунаи садоқат ба Ватан ва шуҷоат барои ҷавонон мебошанд. Қаҳрамониву шуҷоати иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳеч гоҳ фаромӯш намешавад. Ҳар сол дар арафаи Рӯзи хотира ва қадр дар ҳамаи муассисаву ташкилот барномаҳои гуногун баргузор мегарданд.
Яке аз чунин тадбирҳои хотирмон дар мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нурато баргузор гардид. Дар он аҳли деҳа низ иштирок намуданд. Донишомӯзону намояндагони аҳли меҳнат оид ба оқибатҳои ҷанг, таъсири баду нохуши он ба бошандагони деҳа фикру андешаҳояшонро баён намуда, иштирокдорони ҷангро ҳам дар арсагоҳ ва ҳам дар ақибгоҳ бо некӣ ба ёд оварданд.
Бо ташаббус ва сарварии ҷонишини директор оид ба корҳои маънавӣ ва маърифатии мактаб Дилмурод Қӯзиев дар маърифатгоҳ таҳти унвонҳои «Ҳеч кас ва ҳеч чиз фаромӯш намешавад!» ва «9-Май – Рӯзи хотира ва қадр» гӯшаҳои хотира ташкил карда шудаанд. Бояд гуфт, ки Д. Қӯзиев чанд сол муқаддам китобе бо номи «Хотира» таълиф намуда буд. Дар он бобати ҳамаи иштирокдорони ҷанг ва байналмилалчиён аз деҳоти Эҷ маълумоти фаровон ҷамъ оварда шудааст.
Чунин тадбиру чорабиниҳо, бешубҳа ба ташаккули эҳсоси ватандӯстӣ, эҳтиром нисбати гузаштагон, хештаншиносиву худогоҳии ҷавонон кумак мекунанд.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.