Нест бод ҷанг, поянда бод амният!

Беш аз 80 сол аст, ки 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалаба ва пас аз дарёфти Истиқлол ба сифати Рӯзи хотира ва қадр ҷашн гирифта мешавад.

Пас ин кадом Ғалаба асту Рӯзи хотираю қадршиносии кист?

Дар таърихи инсоният то ҳол қариб шонздаҳ ҳазор ҷангҳои хурду калон рух додаанд, ки даҳшатноктаринашон Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ин ҷанг дар таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки 15 ҷумҳурии миллиро муттаҳид менамуду як давлати абарқудрати ҷаҳонӣ ба шумор мерафт, бо номи «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» сабт шудааст.

Он 22 июни соли 1941 аз ҷониби фашистони Олмони гитлерӣ, ки аҳдшиканона ба хоки мамлакати шӯроҳо ҳуҷум карда буданд, оғоз ёфт. Душман дар назди худ мақсад гузошта буд, ки сохтори давлати шӯравиро нобуд кунад, ҳудуди мамлакат ва сарватҳои онро забт намояд, халқи моро ғулом гардонад ва ё тамоман маҳв кунад.

Вале ҷанг 9 майи соли 1945 бо ғалабаи халқи сермиллати Шӯравӣ ва бегуфтугӯ таслимшавии Олмони фашистӣ анҷом ёфт. Рӯзи Ғалаба барои Иттиҳоди шӯравӣ аз ҷашнҳои азизтарин буд. Азбаски дар ин рӯз шаҳидони ҷанг ва онҳое, ки барои ҳифзи Ватан ҷон дода буданд, ба ёд оварда мешуданд.

Дар зарфи беш аз ҳаштод соли гузашта наслҳои наве ба камол расиданд, ки ҷангро надидаанд, аз сар нагузаронидаанд. Аммо 9 майи соли 1945 ҳар қадар ба қаъри таърих дуртар равад, шаъну шукӯҳ ва аҳамияти таърихии ҷасорати беназири мардуми замони ҷанг ва Қувваҳои Мусаллаҳи он давр ҳамон андоза бештар ва дурахшонтар падидор мегардад.

Ман хабари анҷом ёфтани Ҷанги Бузурги Ватаниро бинобар ду ҳолат хуб дар хотир дорам. Охирҳои моҳи апрел ё рӯзҳои аввали моҳи майи соли 1945, ки ман чаҳорсола будам, дар рӯй ба рӯйи боғҳавлии мо, боғи калони зардолузори вақфи масҷиди деҳаи Шалғамон ду-се мошини боркашони болопӯш омада истоданд ва аз он аскарон фуромада, лашу лушҳои худро ҳам фароварданд.

Баъд дар як гӯшаи ин боғ аз латтаҳои ғафси ҳамчун либосҳояшон носранг хаймаҳо бардошта, барои худ бошишгоҳ бунёд карданд. Пас чанд ҷӯйи дарозиаш 15-20 метр, бараш тақрибан як метр ва чуқуриаш қади одам кофтанд. Мо бачаҳо дуртар истода тамошо мекардем, ки онҳо чӣ мекунанд?

Рӯзи дигар аскарбачаҳо дар дасташон милтиқ ба ин чуқуриҳо даромада гӯё  «руст-рустаконбозӣ» мекарданд. Баъзан овози тир ҳам шунида мешуд. Сипас ба назди ҳамон хаймаҳояшон нишаста наҳор мехӯрданд.

Модарам ин ҳолатро аз назди дарвозаи боғ дида, ба домони ман мавизу чормағз ва қоқи зардолу андохта, мегуфт:

– Инро бару ба он аскарбачаҳо деҳ. Акои ту, писари калонии ман ҳам ба ҷанг рафта, дар ким-куҷо ҳамин аскарбачаҳо барин афту дарафт карда гаштааст.

Ман маводи модарам додаро ба он аскарбачаҳо бурда диҳам, онҳо аз рӯйи пораҳои калони коғаз, ки ҳамчун дасторхон паҳн карда, болояш нону ғизои аскарӣ монда буданд, ба ман як пора нони «хлеб» медоданд.

Ман шарм дошта нонро намегирифтам. Лекин онҳо маҷбуран ба доманам меандохтанд.

Лекин аз байн ду-се рӯз нагузашта, аскарбачаҳо якбора тамоми лашу лушашонро ғундошта, ба мошинҳояшон нишаста рафтанд.

Ҳамон бегоҳӣ падарам аз кӯча хабар овард, ки ҷанг бо ғалабаи мо тамом шудааст.

Модарам ин хабарро хеле хушнудона истиқбол намуда: – Шояд писари ман ҳам имрӯз-пагоҳ омада монад, – мегуфт.

Ӯ намедонист, ки писари калониаш – Нуриддини нуздаҳсола соли 1942 дар набардҳои шадиди назди Сталинград бедарак гум шудаааст.

Ана ҳамин тавр, охири ҷанг дар хотири ман нақш бастааст.

Ман чӣ будани ҷангу барои ҳимояи Ватан чӣ корнамоиҳо нишон додани ҷанговаронамонро сонитар, вақти мактабхониам аз дарсҳои муаллимону аз китобҳои адибон хонда сарфаҳм мерафтам. Махсусан, достони Абулқосим Лоҳутӣ «Ғалабаи Таня», ки дар бораи партизандухтари рус Зоя Космодемянская буд, ҷангномаҳо дар бораи корнамоиҳои Александр Матросов, Николай Гастелло, гвардияи ҷавон бо сардории Олег Кошевой, Тешабой Одилов, шеърҳои ба қаҳрамонони ҷанг бахшидаи Мирзо Турсунзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Ғафур Ғулом, қиссаҳои Фотеҳ Ниёзӣ, Сотим Улуғзода..., хотираҳои иштирокчиёни ҷанг ба мо таассуроти зиёд мегузоштанд. Падарам мегуфт, ки аз як деҳаи хурдакаки мо, ки ҳамон вақт қариб дусад оила зиндагӣ мекард, 40 ҷавонмард барои ҳимояи Ватан рафта, аз онҳо танҳо 16 нафарашон баргашта омаданд. Дигарон ё дар майдонҳои набард шаҳид, ё бедарак гум шудаанд.

Минбаъд ман асарҳои дар мавзӯи ин ҷанги хунин навиштаи адибони халқҳои гуногуни шӯравӣ Васил Биков, Микола Бажан, Ғафур Ғулом, Муъмин Қаноат, Чингиз Айтматов, Шӯҳрат, Одил Ёқубов ва бисёри дигарро дар дарсҳои адабиёт барои донишҷӯён чун маводи асосӣ тавсия мекардам, то  онҳо низ чун далерони Ватан ба воя расанд.

Ҳангоми сафарҳои худ ба Ленинград (Санкт-Петербург) вақти зиёрати қабристони Пискарёв, ки дар он ҷой ҳазорон нафар шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муҳосираи 900 рӯзаи ин шаҳр хобидаанд, махсусан варақҳо аз дафтарчаи хотиравии Таня Савич, ки дар музейи назди ҳамин қабристон маҳфуз аст ва ҳини сафар ба Латвия дар қабристонии Саугаплис, ки дар он ҷо нақли роҳбаладро бобати аз ҷониби фашистон зинда гӯр карда шудани садҳо нафар занону мардон ва аз пӯсти бачагон барои занҳояшон сумкаю тасма таҳия намудани онҳоро шунида, чӣ будани ҷангро бо тамоми даҳшатҳояш ҳис кардаам, нисбат ба ҷангҷӯёни лаин ғазабам дуболо мешуд.

Назар ба маълумотномаҳои солҳои аввали баъди ҷанг дар он 20 миллион одам қурбон шудаанд. Лекин мувофиқи маълумоти солҳои 80-уми асри гузашта, ки дар арафаи 40-солагии Ғалаба эълон шуда буд, миқдори шаҳидони замони ҷанг аз шӯравӣ беш аз 27 миллион нафар аст. Вале шояд аз он ҳам зиёдтар бошад.

Ҳарчанд арсагоҳҳои ҷанг дар Украина, Белорусия, соҳилҳои баҳри Балтика ва қисми ғарбии Русия воқеъ буданд, баҳри ҳимояи Ватан, ки барои ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ягона буд, мардуми тамоми мамлакат сафарбар мешуданд. Дар бораи кумаки ватанпарваронаи халқҳои ӯзбек ва тоҷик низ ҳикояву қиссаҳои ҳуҷҷатӣ навишта шудаанд. Ман инро пештар дар мисоли «Эшелони мададкор» ном қиссаи ҳуҷҷатии шодравон  Воҳид Абдуллои Самарқандӣ навишта будам.

Тайи солҳои охир рух додани ҷангҳои шадид боиси шаҳид шудани ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ гардид, ки ғазаби моро ба муқобили ҷангу ҷангҷӯён барангехт.

Дар шароити кунунӣ, ки дар ин ё он гӯшаи олам оташи ҷангҳои бемаънӣ сар мезананд ва хавфу хатар барои ҷумҳуриҳои осоиштаи Осиёи Миёна низ пӯшида нест, кори муҳофизати сулҳу амонӣ, мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодӣ ва мудофиавии мамлакатамон, Қувваҳои Мусаллаҳи он аз тамоми мардуми меҳнатқарини кишвар тақозо мекунад, ки фаъолияти сиёсӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоиро пурзӯр намуда, интизоми меҳнат, тартибот ва робитаи дӯстиро бо тамоми халқҳои ҷаҳон мустаҳкам гардонад.

Барои ҳамин ҳам мардуми сулҳпарвари Ӯзбекистон ҷашни пуршараф – Рӯзи Ғалабаро ҳамчун Рӯзи хотира, ёдбуд ва қадршиносии гузаштагонамон истиқбол мегиранд.

Аслиддин ҚАМАРЗОДА,

профессор, Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: