Санаи 9 май ҳамчун Рӯзи хотира ва қадр на танҳо рӯзи муҳими тақвим аст, балки иди муқаддасест, ки дар худ хотираи миллӣ, ифтихори миллӣ ва вазифаи инсониро таҷассум мекунад.
Дар ин рӯз мо ҳамватанони худро, ки дар майдонҳои ҷанг ҳалок гаштаанд, ёд мекунем, ба рӯҳи онҳо эҳтиром мегузорем.
Айни замон вазифаи маънавии ҳар яки мост, ки ба собиқадороне, ки имрӯз дар байни мо зиндагӣ мекунанду тамоми душвориҳои ҷангро бо чашмони худ дидаанд, аз сар гузаронидаанд, таваҷҷӯҳ ва эҳтироми хоса зоҳир кунем. Зеро онҳо таърихи зинда, рамзи шуҷоат ва матонат мебошанд. Онҳо одамоне ҳастанд, ки бо ҳаёти худ то чӣ андоза ба душворӣ ва гаронӣ ба даст омадани сулҳу амониро собит кардаанд.
Яке аз чунин иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон Муҳаммадиброҳимота Иномов мебошад. Ӯ сокини маҳаллаи Оқтеппаи ноҳияи Янгиқӯрғон, ҳоло 104 солагии худро ҷашн мегирад.
Суҳбат бо ӯ на танҳо роҳи зиндагии як шахс, балки сарнавишти ирода ва ҷасорати тамоми як наслро равшан мекунад.
Зиндагии Муҳаммадиброҳимота осон набуд. Ӯ дар 4 солагӣ аз модар ва дар 15 солагӣ аз падар ятим монд. Кӯдакиаш на дар оғӯши меҳру муҳаббат, балки бо душвориҳову андӯҳ гузашт. Гоҳ дар хонаи амак ва баъзан дар хонаи холааш зиндагӣ карда, хеле барвақт мушкилиҳои зиндагиро дарк карда, ба воя расид.
– Кӯдакиам хеле душвор буд, – ба хотир меорад бобо. – Он вақт дар деҳот мактабҳо кам буданд. Ман дар мактабе, ки дар бинои масҷиди кӯҳна барои синфҳои 1-4 кушода шуда буд, таҳсил гирифтам. Баъд ба ман дигар имкони таҳсилгирӣ набуд. Вақте 15-17 сола будам, дар мактабе, ки дар деҳаи Заркент ташкил шуд, таҳсилро давом додам. Дар арафаи хатми мактаби миёна дар рӯзномаи «Наманган ҳақиқати» эълонеро хондам, ки дар мактаби рақами 7-уми шаҳри Намангон курси муаллимтайёркунӣ ташкил шудааст. Дар он ҷо хонда, соли 1939 бо дипломи муаллими синфҳои ибтидоӣ дар деҳаи Ӯзак фаъолияти муаллимиро сар кардам. Як сол пас, ба зодгоҳи худ баргаштам. Вақте ки хабари оғози ҷанг паҳн шуд, ҳама саросема гардиданд. Бисёр ҷавонон бо хоҳиши худ барои ҳифзи Ватан ба фронт рафтанд. Ман низ мехостам, аз ҳамсолон қафо намонда вазифаи худро иҷро кунам.
Моҳи апрели соли 1942, ки он вақт 18 сола будам, барои хизмат даъват шудам ва ба полки 284-уми дивизияи савораи 103-юм қабул гардидам. Аксар рафиқонам ҳамсоли ман буданд. Мо бо орзуву умедҳои зиёд зиндагиро оғоз мекардем... Афсӯс...
Баъди 4 моҳи тайёрӣ, ман ва 12 нафар савораи дигарро барои ба фронт сафарбар кардан интихоб намуданд. Ба ҳар яки мо аспҳои зотдорро, ки дар шаҳри Қуқанд парвариш карда шуда буд, доданд ва мо бо поезд ба фронт рафтем. Ниҳоят, дар истгоҳе фуромадем, ки ҳама ҷо хароба буд. Субҳи барвақт ба аспҳо савор шуда, роҳро давом додем ва ба Сталинград расидем. Моро ба полкҳои 60 ва 64 тақсим карда, ба ҷанггоҳ бурданд. Дар он ҷо намояндагони миллатҳои зиёд буданд. Мо ҳама ҳамчун бародару додари қарин якҷо барои ҳифзи Ватан ҷанг мекардем. Дар фронт душвортарин чиз дӯстонатро дар майдони ҷанг дар як дам аз даст додан аст. Шахсе, ки ҳамроҳи ту хӯрок хӯрда, ҳамнафас ҷанг мекард, дар як нафас нобуд мешуд... Дар Краснодар, соҳили дарёҳои Дон ва Волга низ ҷангидем. Дар ҷанггоҳ ҳавопаймоҳои душман аз болои мо нафақат тирборон мекарданд, варақаҳо низ мепартофтанд, аз осмон гӯё барф меборид. Дар он даъватҳои таслим шудан навишта шуда буд...
Ин манзараҳоро бо сухан ифода кардан ниҳоят душвор аст.
Мо танҳо як мақсад доштем. Онҳое, ки дар Ватан, дар хонаҳоямон мондаанд, бояд озодона ва осуда зиндагӣ кунанд. Барои наҷоти волидон, озодии хонаамон, замини муқаддасамон якдилу якҷон мубориза мебурдем.
Чандин нафар рафиқон дар замини Олмон кушта шуданду ҷасадашон он ҷо монд. Аммо мо ғалаба кардем. Чун хабари пирӯзиро шунидем, ҳама гиристанд. Ин ашки шодӣ буд.
Барои маълумот дар вақти ҷанг аз ноҳияи Янгиқӯрғон 6579 нафар, аз деҳаи Паромон бошад, 300 нафар ба фронт рафтанд ва аз онҳо якчанд нафарашон баргаштанду халос.
Баъд аз ҷанг ҳаёти осудаву ором сар шуд. Муҳаммадиброҳимота ба зодгоҳ баргашт ва дар мактаб ба кор сар кард. 40 сол дар ин ҷо ба фарзандони деҳа сабақ омӯхт. Бо Шарофатхон оила бунёд карда, соҳиби 10 фарзанд шуданд. Ҳоло 39 набера, 105 абера ва 25 чабера дар хидмати бобою момоянд. Фарзандон – ҳама маълумоти олӣ доранду дар соҳаи гуногун меҳнат мекунанд. Ҳар як сухан, ҳар як хотираи Муҳаммадиброҳимота барои насли имрӯзу оянда ибратбахш, дарси бебаҳо ва таърихи зинда аст.
Қаҳрамони мо корҳои некеро, ки алҳол таҳти роҳбарии Президентамон анҷом дода мешаванд, ситоиш карда, гуфт:
– Имрӯз барои мо – собиқадорони ҷангу меҳнат ва умуман халқамон шароити зиёде фароҳам оварда шудаанд. Ҳар сол роҳбари давлати мо – иштирокдорони он ҷанги беамонро табрик мекунанд, туҳфаҳои зиёд медиҳанд. Мо, албатта, аз чунин эътибор ва ғамхории доимӣ хеле миннатдорем.
Муҳаммадиброҳимота Иномов дастонашро ба дуо кушода, ният кард, ки осмонамон мусаффову Ватанамон шукуфон бошад. Сулҳу амният пойдор бошаду умри Сарвари давлат дароз.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.