Дар замони ҷаҳонишавӣ ҳифз ва рушди санъати миллӣ яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин замина, дар мактаб-интернати махсуси санъати Навоӣ таҳти унвони «Нақши гулдӯзии миллии Нурато дар рушди минбаъдаи санъати тасвирӣ ва амалии Ӯзбекистон» семинари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Ин чорабинӣ бо ташаббуси Академияи бадеии Ӯзбекистон роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он татбиқи қарорҳои давлатӣ, ҳифзи мероси фарҳанги миллӣ ва мутобиқсозии он ба талаботи замони муосир буд.
Дар семинар намояндагони соҳаи санъат, омӯзгорон, ҳунармандон ва муҳаққиқон иштирок намуданд.
Дар доираи семинар, саркотиби илмии Академияи санъати Ӯзбекистон Фируза Обидҷонова баромад намуд, инчунин машғулиятҳои амалӣ ва мастер-классҳо ташкил гардиданд. Иштирокчиён бо вижагиҳои бадеии гулдӯзии Нурато, рамзҳои ниҳонии нақшу нигор ва роҳҳои истифодаи онҳо дар тарроҳии муосир шинос шуданд.
Қобили зикр аст, ки чунин семинарҳо барои табодули таҷриба, густариши ҳамкориҳо ва пайдо кардани роҳҳои нави рушди санъати миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоваранд. Онҳо инчунин ба кашфи истеъдодҳои ҷавон ва ҳифзи анъанаҳои қадимаи ҳунармандӣ мусоидат мекунанд.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.