Ба ифтихори солгарди таваллуди ду шахсияти барҷастаи адабиёти шарқ – Садриддин Айнӣ ва Абдулло Тӯқай дар вилояти Қашқадарё силсилаи чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Ин иқдом ба муносибати 148-солагии Устод Садриддин Айнӣ – асосгузори адабиёти навини тоҷик ва рамзи бедории миллӣ, инчунин 140-солагии шоири маъруфи халқи тотор Абдулло Тӯқай роҳандозӣ гардида, гирди ҳам намояндагони ҷомеаи фарҳангӣ, марказҳои миллӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро ҷамъ овард.
Дар ҷараёни чорабинӣ намояндагони марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикон ва тотору бошқирд, инчунин фаъолони созмонҳои ғайриҳукуматӣ ширкат варзида, аз нақши ин абармардон дар рушди маърифат, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши дӯстии байни халқҳо ёдовар шуданд.
Таъкид гардид, ки осори пурғановати Садриддин Айнӣ на танҳо пояи адабиёти тоҷикро устувор сохт, балки ҳамчун мактаби бузурги тарбиявӣ барои наслҳои оянда хидмат менамояд. Ҳамзамон, мероси адабии Абдулло Тӯқай бо рӯҳи озодандешӣ ва инсонпарварӣ дар қалби хонандагон ҷойгоҳи хоса дорад.
Иштирокчиён перомуни аҳамияти ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги китобхонӣ ва омӯзиши осори ин шахсиятҳои бузург андешаҳои ҷолиб иброз дошта, чунин чорабиниҳоро омили муҳими тақвияти худшиносӣ ва ваҳдати фарҳангӣ арзёбӣ карданд.
Бояд гуфт, ки баргузории чунин маҳфилҳои маърифатӣ дар замони муосир аҳамияти хоса дошта, барои таҳкими пойдории дӯстии халқҳо ва рушди фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Д. ДОНИЁР.