Нақши варзишгарони мо дар баланд бардоштани шарафи мамлакат

Таърихи пуршарафи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ӯзбекистон ба касе пӯшида нест – варзишгарони мо дер боз номи неку шаъну шарафи ин диёри азизро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштаанд.

Чанд даҳсола пеш чемпиони ҷаҳон оид ба бокс Рифат Рисқиев, нахустин гроссмейстери байналмилалӣ аз Ӯзбекистон Георгий Аъзамов, футболбозон Михаил Ан, Владимир Фёдоров, Василис Хадзипанагис, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ низ бозӣ кардаанд, «қаҳрамонон»-и олами кӯдакии мо буданд. Ҳамчунин Геннадий Краснитский, Бародар Абдураҳимов ва Андрей Якубик, ки ба дарвозаи рақибон зиёда аз сад гол зада, ба «Клуби Федотов» шомил гардидаанд, ба «афсонаҳои футбол»-и мо табдил ёфта буданд.

Дар тӯли солҳои истиқлол низ варзиш дар кишвар рушду равнақи тоза пайдо кард. Намояндагони мо борҳо қаҳрамони ҷаҳон ва Осиё гардида, инчунин медалҳои Бозиҳои олимпиро дар намудҳои гуногуни варзиш ба даст овардаанд. Аз ҷумла, дар яке аз чемпионатҳои Осиё байни ҷавонон дастаи футболи Ӯзбекистон ҷойи аввалро ишғол намуд.

Гимнасти машҳури мо Оксана Чусовитина – қаҳрамони олимпӣ, ҷаҳон ва Осиё буда, ҳамчун иштирокдори ҳашт Бозии олимпии тобистона (1992, 1996, 2000, 2004, 2012, 2016, 2020) ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шудааст.

Дар солҳои охир варзиш дар Ӯзбекистон боз ҳам бештар рушд кард. Хусусан муштзанҳои мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои бузург ноил шуданд. Онҳо дар Бозиҳои олимпии охир дар маҷмӯъ 20 медал ба даст оварданд, ки аз ин шумора 10-тояш тилло мебошад. Дар Олимпиадаҳои солҳои 2020 ва 2024, ки дар Токио ва Париж баргузор гардиданд, муштзанҳои ӯзбекистонӣ бо натиҷаҳои баланд ва ҳатто рекордӣ пирӯз шуданд. Аз ҷумла, ҳунари баланди Ҳасанбой Дӯсматов, Абдумалик Ҳалоков, Асадхӯҷа Муйдинхӯҷаев, Лазизбек Муллоҷонов ва Баҳодур Ҷалолов таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намуд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс моҳи майи соли 2023 бо иштироки зиёда аз 600 варзишгар аз 107 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Дар ин мусобиқа Асадхӯҷа Муйдинхӯҷаев, Ҳасанбой Дӯсматов, Абдумалик Ҳалоков, Руслан Абдуллоев ва Баҳодур Ҷалолов ба унвони қаҳрамонӣ сазовор шуданд. Ҳамчунин чор муштзани ӯзбекистонӣ медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд. То он вақт варзишгарони кишвар дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба чунин натиҷаи баланд ноил нашуда буданд. Дар маросими ҷоизасупорӣ Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев иштирок ва суханронӣ намуд.

Беҳуда футболро «бозии миллионҳо» намегӯянд. Барои рушди ин навъи оммавитарини варзиш низ таваҷҷуҳи ҷиддии давлатӣ зоҳир мегардад. Дар солҳои охир майдонҳои футболи зиёда аз якуним ҳазор мактаб дар кишвар таъмиру навсозӣ шудаанд. Имрӯзҳо дар онҳо беш аз як миллион кӯдак ва наврас бо машқ машғул шуда, маҳорати худро такмил медиҳанд. Дар тамоми кишвар мусобиқаҳои гуногуни футбол баргузор гардида, беҳтаринҳо қадрдонӣ мешаванд.

Шумораи варзишгоҳҳои мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ низ афзоиш ёфтааст. Агар соли 2017 дар кишвар ҳамагӣ 3 варзишгоҳ ба талаботи ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё ҷавобгӯ буд, имрӯз ин шумора ба 10 расидааст.

Соҳиби майдон шудан дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, бешубҳа, ифтихори бузург аст. Қарор аст соли 2027 чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар Ӯзбекистон ва Озарбойҷон баргузор гардад.

Айни замон дар ҳудуди «Тошканди Нав» варзишгоҳи бузурги муосир бо арзиши 100 миллион доллар сохта мешавад. Он барои 55 ҳазор тамошобин пешбинӣ шуда, пурра ба талаботи ФИФА ҷавобгӯ хоҳад буд. Дар назди он инчунин се майдони тамринӣ бунёд мегардад. Тибқи пешгӯии мутахассисони соҳа иншооти мазкур яке аз калонтарин ва муосиртарин маҷмааҳои варзишӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

Комёбиҳо худ аз худ ба даст намеоянд – онҳо натиҷаи меҳнати пайваста ва талоши ҷиддӣ мебошанд. Албатта, имконияту шароите, ки аз ҷониби давлат фароҳам оварда мешаванд, дар ин роҳ нақши муҳим доранд.

Дар бораи футбол сухан ронда, бояд зикр кард, ки дастаи мунтахаби олимпии Ӯзбекистон бори аввал ду сол пеш дар Олимпиадаи Париж иштирок намуд. Ҳамчунин соли ҷорӣ рӯйдоди таърихии дигар ба амал меояд – дастаи мунтахаби миллии кишвар бори аввал дар чемпионати ҷаҳон, ки дар ИМА, Канада ва Мексика баргузор мегардад, ширкат хоҳад варзид.

Шоҳмоти Ӯзбекистон низ имрӯз мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ қарор дорад. Шоҳмотбози ҷавон Ҷавоҳир Синдоров дар мусобиқаи номзадҳо, ки дар Кипр баргузор гардид, дар 14 бозӣ 10 имтиёз ба даст оварда, нуфузи мактаби шоҳмоти кишварро боз ҳам боло бурд. Ӯ акнун барои унвони қаҳрамони ҷаҳон бо Гукеш Доммараҷу рақобат хоҳад кард.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд Олимпиадаи 46-уми ҷаҳонии шоҳмот баргузор мегардад. Умед аст варзишгарони мо дар ин мусобиқа низ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда, обрӯи кишварро баланд мебардоранд.

Ду даҳсола пеш шоҳмотбози маъруф Рустам Қосимҷонов чемпиони ҷаҳон (аз рӯи версияи ФИДЕ) гардид. Орзу мекунем, ки Ҷавоҳир Синдоров низ дар оянда ба чунин дастоварди бузург ноил гардад.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки имрӯз дар рейтинги ФИДЕ аз панҷ шоҳмотбози беҳтарини ҷаҳон ду нафар – Нодирбек Абдусатторов ва Ҷавоҳир Синдоров – намояндагони Ӯзбекистон мебошанд. Ин далели равшани рушди босуръати мактаби шоҳмоти миллӣ аст.

Ғамхорӣ ба рушди варзиш ва оммавигардонии он дар байни аҳолӣ яке аз самтҳои устувори сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. На танҳо дар шаҳрҳо ва марказҳои навоҳӣ, балки дар гӯшаҳои дурдаст низ барои рушди соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Масалан, дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона, ки аз минтақаҳои дурдаст ба ҳисоб меравад, солҳои охир барои ҷалби аҳолӣ ба варзиш шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Чанде пеш муовини Сарвазири ҷумҳурӣ ва як қатор вазирон ба ин ноҳия ташриф оварданд. Дар баробари дигар масъалаҳо, вазъи соҳаи варзиш низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки беҳтар намудани ҳолати иншооти варзишӣ, таъмин намудани мактабҳо ва маҷмааҳои варзишӣ бо кадрҳои соҳибихтисос аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад. Пешниҳодҳо ва тавсияҳо дар ин самт мавриди омӯзиш қарор гирифта, барои амалисозии онҳо чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Ин тадбирҳо аллакай самараи худро медиҳанд — дар вақтҳои охир аз ин ноҳия низ варзишгарони муваффақ дар сатҳҳои гуногун ба камол мерасанд, ки боиси ифтихор аст.

Ба истилоҳ, «ба тӯй бо тӯёна», варзишгарони мо мекӯшанд пирӯзиҳои худро ба муносибати Иди аз ҳама бузург ва аз ҳама азиз ҳамчун туҳфа тақдим намоянд.

М. ШОДИЕВ,

мухбири «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: