Дар шаҳру ноҳияи Чуст, ғайр аз боғдорӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, киштукору мевапарварӣ дар гармхонаҳо, самти серсоҳаи азалии ҳунармандӣ, аз қабили кордсозӣ, оҳангарӣ, тунукакорӣ, сандуқу ҷевонсозӣ, гаҳворасозӣ, дару тирезасозӣ, қафассозӣ, пойафзолдӯзӣ ва монанди инҳо низ торафт рушд мекунанд.
Рӯзҳои наздик бо нияти неку азми қавӣ боз ба як кори хайр даст зада шуд. То имрӯз дар ноҳия сохтмони «Маркази ҳунарманд» бо суръат давом дорад. Майдони умумии он бо саҳнаш 0,04 гектарро фаро мегирад. Дар оянда бинои марказ – ошёнаи аввал ҷойи фурӯши маҳсулот, ошёнаи дуюм истиқоматгоҳи ҷамоа ва таҳхона коргоҳи ҳунармандон мешаванд.
Мақсад соҳаи ҳунармандиро равнақ додан, ҷойҳои нави корӣ бунёд кардан, бо зиёд намудани даромади аҳолӣ мусоидат кардан аст.
Баробар пурра ба кор даромадани марказ ба ҳунармандон имкониятҳои замонавӣ ва қулай фароҳам меоянд. Ин бошад, барои анъанаҳои миллиро қадру ҳифз кардан, онҳоро васеъ тарғиб намудан, ҳамчунин имкониятҳои маҳсулоти дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ рақобатпазир ва барои боз ҳам фарох кардани онҳо замина мегузорад.
Бо рафти кори сохтмони «Маркази ҳунарманд» ҳокими вилоят Шавкат Абдураззоқов аз наздик шинос шуд. Қисми корҳои анҷомёфта аз назар гузаронида, барои дар муддати муайян созу босифат хотима додан ба сохтмон ба масъулон вазифа ва нишондодҳои равшан дода шуданд.
Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.