Мафҳуми «карантин» италионӣ буда, маънояш чил рӯз, яъне чилла – пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва барҳам додани манбаъҳои онҳо мебошад.
Карантин аввалин маротиба дар Рум (асри XIV) ба вуҷуд омадааст ва киштиҳое, ки аз маҳалҳои вабо меомаданд, дар бандар 40 рӯз нигоҳ дошта медоштанд. Дертар ин усулро барои мубориза бар зидди дигар гуна касалиҳои сироятӣ истифода мебурданд.
Бо гузашти айём тадбирҳои санитарӣ ва тиббӣ дар Русия, дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар собиқ ҷумҳуриҳои СССР, аз он ҷумла Ӯзбекистон вуҷуд дошт. Карантин на танҳо дар байни мардум, инчунин, чорводорӣ, боғу токпарварӣ ва ғайра низ роиҷ буд.
Ҳоло дар вилояти Самарқанд низ Садорати карантин ва ҳифзи рустаниҳо амал мекунад, ки мо бо супориши таҳририяти рӯзнома бо сардори он Шомурод Ӯрозов суҳбат кардем.
– Дар урфият мегӯянд, ки илоҷи воқеа пеш вуқӯъ, – мегӯянд, – ходимони мо барои пешгирии бемориҳои сироятӣ дар кишоварзӣ, хосатан эҳёи рустаниҳо аз тадбир ва чораҳои гуногун пурсамар истифода мебаранд. Масалан, чанде пеш қариб 10 ҳазор бех дарахтони мевадеҳ аз Туркия ба Самарқанд оварда шуд. Ходимони тиббӣ-санитарӣ онҳоро аз санҷиш гузаронида, ошкор сохтанд, ки аксарияти ниҳолҳои шафтолу ба бемориҳои сироятӣ гирифтор буда, хатари ҷиддӣ барои паҳншавии оммавӣ доштааст. Мо дар асоси қонун ва қарордоди ҳамкорӣ бо идораҳои дахлдор, ҳуҷҷату дастурро барои нест кардани онҳо тавассути сӯхтан ва ба хокистар табдил додан қабул кардем.
Дар чорчӯбаи «40 рӯзи зарбдор» барои ҳифзи рустаниҳои ғалладона дар 83 ҳазору 913 гектар замин чораҳои карантинӣ амалӣ шуданд. Дар натиҷа, аксарияти минтақаҳои ба бемориҳои сироятӣ печидаи ғалладона нашъу намои хуб доранд.
Боз як кори неку хайри мо дар соҳили рӯду ҷӯйборҳо парвариши рустаниҳои шифобахш, дарахтони мевадеҳ ва сояафкану манзаравӣ аст.
Танҳо соли равон дар асоси қарори Президент доир ба бунёди «Макони сабз» дар беш аз 2 ҳазор гектар замин қариб як миллиону 455 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун парвариш меёбанд. Умуман дар қаламрави вилоят бо роҳи ҳашар беш аз 12 миллион бех ниҳолҳои гуногуни меванок ва манзаравӣ месабзад ва назорати онҳо дар зиммаи садорати мо аст. Ҳангоми пайдо шудани касалӣ чорабиниҳои карантин амалӣ мешаванд.
– Шомурод Баҳромович, соли гузашта дар вилояти Самарқанд деҳқонон аз помидор ҳосили дилхоҳ гирифта натавонистанд. Чаро?
– Саволи шумо дуруст ва муаммои мазкур аксарияти мардумро ба ташвишу таҳлука гузошта буд.
Дар Ӯзбекистон қариб 50 навъи помидор ба шароити ноҳияҳои вилоят мутобиқ шуда, навъҳои «Волгоград», «Кубан», «Дили барзагов» ва ғайра кишт мешаванд.
Бояд таъкид намуд, ки помидор зироати гармидӯст буда, ҳарорати
20-25-30 барои сабзиши он айни муддаост.
Нигоҳубини растанӣ аз мунтазам нарм кардани замин, аз алафҳои бегона тоза кардан, дар меъёр об додан ва мубориза бар зидди бемориҳои сирояткунанда иборат аст. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шуъбаҳо дорем ва деҳқонон метавонанд бо масъалаҳои мубориза бар зидди касалиҳои рустанӣ муроҷиат намуда, зироати хешро аз ҳар гуна беморӣ нигоҳ доранд.Аммо ҳангоми кӯчатро дар гармхонаҳо ва ё парваришхона руёнидан, ба навъи онҳо, ба шароити маҳаллаҳои зироатӣ мутобиқ шудан,ба бемориҳо тобовар будан аҳамият додан лозим.
– Шумо аз хизмати шоистаи кадом ноҳияҳо қаноатманд ҳастед?
– Агар аз рӯи маълумотҳо ва адолат гап занем, қариб ҳамаи зердастони садорати вилоят аз рӯи талаботи замон корбарӣ мекунанд. Вакилони мо дар ноҳияи Самарқанд Ҷасур Салимов, ноҳияи Ургут Эгамбердӣ Очилов, ноҳияи Тайлоқ Умед Муродов, Ҷомбой – Бахтиёр Каримов ва дигарон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки вазифаи хешро хубу аъло иҷро намоянд.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.