«Олтиш» – чемпиони ноҳия

Баҳси финали мусобиқаи футбол барои Ҷоми раиси Хидмати амнияти давлатӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Бӯка баргузор шуд. Дастаи «Олтиш» бо дастаи «Паркент» барои ба даст овардани пирӯзӣ ва роҳхат ба даври вилоятии мусобиқа талош варзиданд.

Футболбозони ҳар ду даста ҳунарнамоии хуб нишон доданд. Дар натиҷа вақти асосии бозӣ бо ҳисоби якранг 0:0 ба охир расид. Ғолиби сабқат дар задани пеналтиҳо муайян гардида, ҷавонони «Олтиш» пирӯзиро ба даст оварданд. 

Дастаи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Равот» ҷойи сеюмро соҳиб гардид.

Дар мусобиқаи мини-футбол дастаи «Янгиҳаёт» ҷойи якумро гирифта бошад, ҷойҳои дуюм ва сеюм ба ҷамоаҳои «Катта-равод» ва «Хӯҷақурғон» насиб гардид.

Инчунин рӯйи мини-футбол миёни духтарон ҷамоаи сектори 4-ум ҷойи якумро ба даст овард. Ҷойҳои дуюм ва сеюм ба дастаҳои сектори 3-юм ва 1-ум насиб кард.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқаҳои соли ҷорӣ ҷамъ 80 ҷамоа аз 38 маҳаллаи ноҳия иштирок карданд.

М. Қодирзода.

Вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: