Барои табобати фаврии инсульт нахустин спрейи бинӣ таҳия шуд

Муҳаққиқони University of Hong Kong аввалин спрейи биниро дар ҷаҳон ихтироъ карданд, ки метавонад доруи нейротерапевтиро мустақиман ба мағзи сар расонад.

Ба иттилои South China Morning Post, ин навоварӣ барои расонидани ёрии фаврӣ ба беморони гирифтори инсулти ишемикӣ пешбинӣ шудааст.
Дар марҳилаи аввал ин усул аз ҷониби фелдшерҳо истифода мешавад. Баъдан, дору дар муассисаҳои махсус барои гурӯҳҳои хавфи баланд татбиқ мегардад. Дар оянда бошад, спрейи бинӣ тавассути дорухонаҳо барои аҳолии васеъ дастрас хоҳад шуд.
Доруи нав, ки NanoPowder ном дорад, метавонад осеби бофтаҳои мағзи сарро беш аз 80 фоиз коҳиш диҳад ва эҳтимоли зинда мондани беморонро ба таври назаррас афзоиш диҳад. Ин ихтироъ дар арсаи байналмилалӣ низ эътироф гардида, дар Намоишгоҳи 51-уми байналмилалии ихтироот дар Женева соҳиби Гран-при махсус ва медали тилло шуд.
Профессори фармакология ва фармасевтика Чоу Син-фунг, роҳбари гурӯҳи тадқиқотӣ, гуфт, ки онҳо барои убур аз монеаи «хун — мағзи сар», ки одатан воридшавии бисёр доруҳоро ба мағзи сар маҳдуд мекунад, аз нанотехнология истифода мебаранд.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, усули мустақими «аз бинӣ ба мағзи сар» имкон медиҳад, ки дору бевосита ба ҷойҳои осебдида таъсир расонад ва ниёз ба ҷарроҳӣ ё сӯзандоруро аз байн барад.
Тибқи нақша, ин дору то соли 2030 аз озмоишҳои клиникӣ гузаронида мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: