Дар «Шаҳраки олимпӣ»-и пойтахт чемпионати Осиё оид ба волейболи соҳилӣ миёни варзишгарони то 18-сола ба анҷом расид.
Дар мусобиқа беш аз 100 варзишгари ҷавон дар ҳайати 25 дастаи мардона ва 23 дастаи занона, ки кишварҳои минтақаро намояндагӣ мекарданд, иштирок намуданд.
Дар давоми чанд рӯз иштирокчиён барои дарёфти унвони қавитарин дастаҳои қора мубориза бурданд.
Тибқи натиҷаҳои мусобиқа ҷойҳои ифтихорӣ чунин тақсим шуданд:
Миёни духтарон:
Медали тилло — Чин
Медали нуқра — Австралия
Медали биринҷӣ — Қазоқистон
Миёни писарон:
Медали тилло — Австралия
Медали нуқра — Қазоқистон
Медали биринҷӣ — Қатар