Хантавирус: таҳияи ваксинаи нав оғоз ёфт

Олимони ИМА ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар ҳамкорӣ таҳияи ваксина бар зидди хантавирусро оғоз карданд.

Ба иттилои муҳаққиқон, дар ин тадқиқот аз технологияи нави нигоҳдорӣ бо номи «силикатсия» истифода мешавад. Ин усул имкон медиҳад, ки ваксина ба тағйирёбии ҳарорат тобовар бошад. Дар натиҷа, онро ҳатто ба минтақаҳои дурдаст тавассути дронҳо интиқол додан мумкин мегардад.
Коршиносон қайд мекунанд, ки айни замон ягон табобати мушаххас барои сироятёбии хантавирус вуҷуд надорад. Аммо, ошкор кардани барвақти беморӣ ва ёрии тиббии саривақтӣ имконияти шифоёбии беморро ба таври назаррас зиёд мекунад.
Дар айни замон, коршиносон мегӯянд, ки хатари эпидемияи бузург кам аст.
Қаблан, ҳолатҳои хантавирус дар киштии сайёҳии MV Hondius, ки аз Аргентина ба Кабо-Верде мерафт, сабт шуда буданд. Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки баъзе мусофирон сироят ёфта, фавтидаанд ва баъзеҳо пеш аз ҷорӣ кардани чораҳои карантинӣ кӯчонида шудаанд.
Барои маълумот, хантавирус асосан тавассути хояндаҳо ба инсон мегузарад. Ин вирус метавонад ба узвҳои нафаскашӣ ва гурдаҳо осеби ҷиддӣ расонад. Нишонаҳои беморӣ бештар ба зуком монанд буда, бо таби баланд, беҳолӣ, дарди мушакҳо ва дилбеҳузурӣ зоҳир мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: