​Вазифаҳои афзалиятнок оид ба рушди соҳаи амнияти хӯрокворӣ ва чорводорӣ муайян гардиданд

  • ​Вазифаҳои афзалиятнок оид ба рушди соҳаи амнияти хӯрокворӣ ва чорводорӣ муайян гардиданд
  • ​Вазифаҳои афзалиятнок оид ба рушди соҳаи амнияти хӯрокворӣ ва чорводорӣ муайян гардиданд
  • ​Вазифаҳои афзалиятнок оид ба рушди соҳаи амнияти хӯрокворӣ ва чорводорӣ муайян гардиданд
  • ​Вазифаҳои афзалиятнок оид ба рушди соҳаи амнияти хӯрокворӣ ва чорводорӣ муайян гардиданд

Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба такмили идоракунии давлатӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва чорабиниҳо ҷиҳати дастгирии соҳаи чорводорӣ ҷамъомад баргузор намуд.

Дар мамлакат бобати барқарорсозии таъминоти озуқаворӣ, парвариш, нигоҳдорӣ, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст. Имрӯз 4 миллион гектар майдони кишт, анборҳои нигоҳдорӣ бо ғунҷоиши 1,5 миллион тонна ва иқтидорҳои коркарди 3,5 миллион тонна маҳсулот мавҷуданд, ки ин ҳама барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти арзону босифати хӯрокворӣ ва содироти маҳсулот ба маблағи 4 миллиард доллар имкон медиҳанд.
Ӯзбекистон мақсад дорад, ки то соли 2030 содироти маҳсулоти хӯроквориро ба 10 миллиард доллар расонида, ҷуғрофияи содиротро боз ба 100 давлати дигар васеъ намояд.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ комилан мувофиқ будани низоми амнияти хӯрокворӣ зарур аст.
То ба ҳол бо масъалаҳои амният ва назорати маҳсулоти озуқаворӣ се идора машғул буданд. Дар натиҷа, байни мақомоти санитарӣ, ветеринарӣ ва карантин пойгоҳи ягонаи маълумот ташаккул наёфтааст, баъзе вазифаву функсияҳо якдигарро такрор мекунанд. Ин бошад, боиси саргардонии зиёди соҳибкорон дар равандҳои содироту воридот мегардад.
Гуфта шуд, ки дар Агентии карантини растаниҳо 100, дар Кумитаи ветеринарӣ 115 ва дар низоми санитарию эпидемиологӣ 44-то вазифа ва функсия мавҷуд аст, аммо бо вуҷуди ин, низоми пайгирии маҳсулот “аз парвариш то истеъмолкунанда” пурра роҳандозӣ нашудааст.
Дар содирот низ масъалаҳое ҳастанд, ки бояд ҳалли худро ёбанд. Бахусус, зикр гардид, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо оид ба мавҷудияти боқимондаҳои пестисидҳо дар маҳсулоти мо 25 огоҳинома дода шудааст. Ин барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бозорҳои байналмилалӣ, куллан тағйир додани низоми назорати бехатарии маҳсулотро тақозо менамояд.
Таъкид гардид, ки дар амал мақомоти назоратӣ танҳо бо санҷиши маҳсулоти ниҳоӣ маҳдуд шуда, дар занҷираи истеҳсолот ба ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ, ки амнияти хӯроквориро кафолат медиҳанд, эътибори кофӣ зоҳир накардаанд.
Дар робита ба ин, ислоҳсозии амиқи соҳаи амнияти маҳсулоти хӯрокворӣ ва офаридани низоми ягонаи мутамаркази мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ муайян карда шуд.
Мувофиқи он, Кумитаи амнияти маҳсулоти хӯрокворӣ таъсис меёбад, ки дар асоси тамоюли “аз саҳро то дастархон” тамоми равандҳои назоратиро фаро мегирад.  
Он дар заминаи самтҳои таъмини амнияти озуқавории Агентии карантин ва ҳифзи растаниҳо, Кумитаи ветеринарӣ ва Кумитаи санитарию эпидемиологӣ ташкил карда мешавад.
Дар низоми нав аз санҷишҳои кӯҳнашудае, ки ба фаъолияти соҳибкорон монеа эҷод мекунанд, даст кашида мешавад. Сертификатсияи ҳатмии маҳсулоти озуқаворӣ бекор гардида, ба ҷойи он тартиби назорат ва санҷиш бар асоси дараҷаи хатар ҷорӣ мегардад.  
Алҳол аз 80 ҳазор иншооти ҷумҳурӣ танҳо дар 1,6 ҳазортои он, яъне ҳамагӣ дар 2 дарсадаш чунин тартиб амал мекунад. Минбаъд барои огоҳсозии фаврӣ дар бораи маҳсулоти хатарнок ва бозпас гирифтани онҳо низоми электронӣ таъсис дода мешавад.
Аз 1 январи соли 2029 содироти меваю сабзавот танҳо тавассути марказҳои агрологистикӣ амалӣ мегардад. Барои ба стандартҳои байналмилалии таҳлили хатар ва талаботи Кодекси Алиментариус гузаронидани корхонаҳои бузурги озуқаворӣ, ки иқтидори баланди содиротӣ доранд, барнома таҳия мешавад. Ин нишондиҳанда то соли 2028 ба 20, то соли 2030 ба 60 ва то соли 2032 бошад, ба 100 фоиз расонида хоҳад шуд.
Дар 20 ноҳияи ба соҳаи меваю сабзавот ихтисосонидашуда фаъолияти нозирони ҷамъиятӣ, ки барои барасмиятдарории сертификати дохилии фитосанитарӣ кӯмак мерасонанд, роҳандозӣ мегардад. Минбаъд омори содироти меваю сабзавот вобаста ба минтақае, ки маҳсулот парвариш карда шудааст, дар ҳамон ҳудуд ба ҳисоб гирифта мешавад.
Аз соли 2027 ташхиси лабораторӣ, эмкунии ҳайвонот, безараргардонӣ ва идентификатсияи онҳо барин 6 вазифаи давлатӣ ба бахши хусусӣ вогузор мешавад. Ба ҳокимони вилоятҳо супориш шуд, ки то охири сол оид ба ин хидматҳо дастикам 2 лабораторияи хусусӣ ва клиникаи ветеринарӣ ташкил намоянд.
Аз рӯйи ҳар як маҳсулот низоми назорати онлайнӣ роҳандозӣ мегардад. Дар замимаи мобилии «Агро кӯмакчи» барои фермерону деҳқонон низоми электронии «Дафтари саҳро» ҷорӣ мешавад. Тавассути ин низом, зеҳни сунъӣ паҳншавии ҳашароти зараррасонро пешгӯӣ намуда, ба деҳқонон тавсияҳои зарурӣ медиҳад.
Рейтинги фермероне, ки фаъол ва ҳалол кор мекунанд, таҳия гардида, ба онҳо имтиёзҳои иловагӣ дода мешавад. То 1 марти соли 2027 платформаи ягонаи худкори иттилоотӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Он бо низоми «Равзанаи ягона»-и сарҳад интегратсия гардида, содиркунандагон аз равандҳои зиёдатии бюрократӣ озод карда мешаванд.
Тавассути низоми нав муҳлати назорат ҳангоми воридот аз 9 то 2 рӯз ва ҳангоми содирот аз 3 то 1 рӯз поин меравад. Дар натиҷа, хароҷоти соҳибкорон барои нигоҳдории маҳсулот дар анборҳо 70 миллиард сӯм сарфа мегардад.
Дар ҷамъомад масъалаҳои рушди чорводорӣ ва хоҷагии чарогоҳҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мувофиқи таҳлилҳо, тӯли 25 соли охир дар 42 фоизи мамлакатҳои ҷаҳон шумораи чорвои калони шохдор 12 фоиз коҳиш ёфтааст. Сабабҳои асосии ин ҳолат бо озуқаи қимат, хушксолӣ, омилҳои экологӣ, меъёрҳои баланди фоизҳо ва кам гардидани даромадҳо вобаста мебошанд. Дар натиҷа, нархи миёнаи гӯшт дар бозори ҷаҳон ба сатҳи рекордӣ расидааст.
Дар Ӯзбекистон барои рушди чорводорӣ имкониятҳои бузург мавҷуданд. Дар мамлакат 16 миллион гектар чарогоҳ ҳаст, аммо ҳамагӣ аз 10 фоизи ин иқтидор истифода бурда мешавад.
Аз ин рӯ, дар назди Вазорати кишоварзӣ Агентии рушди чорводорӣ ва хоҷагии чарогоҳ таъсис дода мешавад. Он дар заминаи Кумитаи рушди ветеринария ва чорводорӣ фаъолият хоҳад кард.
Дар назди агентии нав вазифа гузошта шуд, ки шумораи чорвои калони шохдор ба 16,5 миллион, гӯсфанду буз ба 30 миллион ва паррандаҳо ба 141 миллион сар расонида шавад. Ҳамчунин, то 50 фоиз баланд бардоштани сатҳи коркарди гӯшт ва шир, ба 90 фоиз расонидани ҳиссаи чорвои зотӣ ва 1,5 баробар зиёд намудани майдони кишти зироатҳои хӯроки чорво муайян гардид.
Бо мақсади тавсеаи пойгоҳи хӯроки чорво ва беҳсозии зотпарварӣ, дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳар як вилоят як ноҳия ба соҳаи чорводорӣ ихтисосонида мешавад.
Дар ин ноҳияҳо барои кишти озуқаи чорво дар 50 фоизи заминҳои пахта ва ғалла иҷозат дода мешавад ва барои ин кредитҳои имтиёзноки 10-фоиза ҷудо мегарданд. Ба ҳамаи хоҷагиҳои фермерӣ рухсат дода мешавад, ки дар 20 хол замини иҷораашон бидуни расмиёти зиёдатии бюрократӣ биноҳои дорои конструксияи сабук, анборҳои хӯрок ва чоҳҳои силос созанд.
Вазифа гузошта шуд, ки то охири сол дар заминҳои 28 ҳазору 746 хоҷагии фермерӣ, ки на кам аз 10 гектар замин доранд, парвариши 2 миллион сар чорвои калон ба роҳ монда шавад.
Чораҳои дастгирии молиявии соҳаи чорводорӣ низ муайян гардиданд. Аз 1 июн бонкҳои тиҷоратӣ бо меъёри солонаи 10 фоиз, бо давраи имтиёзноки 4-сола ба муҳлати 10 сол кредит пешниҳод менамоянд. Воридкунандагони чорвои зотӣ то соли 2029 аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
Ба бонкҳо бо ставкаи солонаи 6 фоиз 1 триллион сӯм ва 50 миллион доллар захира ҷойгир карда мешавад. Тӯли соли ҷорӣ аз ҳисоби ин захираҳо татбиқсозии 1,5 ҳазор лоиҳа ба маблағи 5,5 триллион сӯм, таъсиси 25 ҳазор ҷойи кор ва ба 400 ҳазор сар зиёд намудани шумораи чорвои калон ба нақша гирифта шудааст.
Дар самти омодасозии кадрҳо ва зиёд намудани чорвои зотӣ низ барномаи нав оғоз мегардад. Аз 1 июн дар донишгоҳҳои пешқадами аграрӣ оид ба бордоркунии сунъӣ курсҳои даҳрӯза ташкил карда мешаванд. Ҳар сол на камтар аз ҳазор мутахассис омода гардида, онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ройгон таъмин мегарданд.
Барои ҳар як гӯсолаи зотӣ, ки дар хонадонҳо ба таври сунъӣ бордор карда шудааст, 500 ҳазор сӯмӣ ва ҳангоми кӯчонидани ҷанин (эмбрион)-ҳо 700 ҳазор сӯмӣ субсидия пардохт мегардад. Барои ин мақсадҳо 50 миллиард сӯми иловагӣ ҷудо карда мешавад.
Дар ҷамъомад ҳисоботи масъулон, пешниҳодҳои соҳибкорон ва фермерон шунида шуданд. Ҷиҳати ташкили самарабахши низоми нав дар маҳалҳо, расонидани кӯмаки амалӣ ба соҳибкорону фермерон ва тавсеаи имкониятҳои таъминоти хӯроки чорво, зотпарварӣ, коркард ва содирот дар чорводорӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: