Ташрифи Президент ба вилояти Фарғона ин дафъа низ хеле бобарору боровар буд. Зеро аз як сӯ, ин ташриф барои сокинони шаҳру деҳоти он мояи ифтихор гардида бошад, аз тарафи дигар, ба масъулияти дастандаркорони ҳокимиятҳои вилоят, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо, муассисаҳову хоҷагиҳо ва амсоли он масъулияти иловагӣ зам намуд.
Онҳо вазифадор шуданд, ки ҳарчи барои беҳбуди шароити мардум ва ободу зебо шудани ҳар як ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо, кӯчаву хиёбонҳо талоши бештар намоянд.
Дар солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев ба ноҳияи дурдаст ва кӯҳистони Сӯх ба сатҳи комилан нав расидааст. Аз он ёдовар мешавем, ки ҷаласаи чанде пеш баргузоршуда низ як нуқтаи муҳими гардиш ҷиҳати ободу зебо гаштани ноҳия буд, ки на танҳо рушди иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ, балки сайёҳии ин минтақаи аз маркази вилоят дурдаст ва эксклав дар маркази таваҷҷуҳи хос қарор мегирифт.
Албатта, дар вақти ташрифи охирини Сарвари давлат ба вилояти мо низ борҳо номи ноҳияи Сӯх вирди забони Шавкат Миромонович гардид, ки боиси сарфарозиҳои мост. Гуфта шуд, ки рушди туризм барои беҳбуди зиндагии мардуми он ва боло рафтани сатҳи иқтисод ҳамчун омили бузург хидмат хоҳад кард.
Ман ба сифати як коршинос ва журналисти маҳаллӣ аз тариқи «Овози тоҷик» ҳамеша аз эътибори муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба ноҳияи Сӯх бо шавқу завқ ва ифтихори баланд ибрози назар мекунам. Дар ҳақиқат, агар ба гузаштаи начандон дури он назар кунем, Сӯх минтақае маҳсуб меёфт, ки аз назари мақомоти марказӣ дур монда ва мардуми он дар шароити хеле душвор зиндагӣ мекард. Хусусан, масъалаҳои марзӣ ва танишҳо дар муносибатҳо бо ҳамсоягон ба ҳаёти ҳаррӯзаи аҳолӣ таъсири манфӣ ворид менамуд. Аммо имрӯз, ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президент дар ноҳияи мо фазо комилан дигар шудааст ва маҳаллаҳои он сол аз сол рушд мекунанд ва субот, эътимод ва умед ба оянда мардуми моро беш аз пеш рӯҳбаланд менамояд.
Бузургтарин хабари хубу гуворое, ки барои мардуми мо ғайримунтазира буд, сохтмони шоҳроҳи мустақилу созгор мебошад, ки Сӯхро бо марзи кишвар мепайвандад. Ин лоиҳа на танҳо мушкилоти нақлиётро ҳал мекунад, балки ба рушди иқтисодиёти он такони тоза мебахшад.
Аз нигоҳи туризм гӯем, Сӯх як минтақаи камназири ҷуғрофӣ бо имкониятҳои бузурги вилоят маҳсуб мешавад. Зеро обу ҳаво, табиати афсункору беғубори он таваҷҷуҳи мардуми зиёдро низ ба худ ҷалб намудааст. Ҳар кас як бор ба ин гӯшаи кишвар сафар кунад, боз мехоҳад, ки аз он дидан намояд, хосатан, дар фасли гармо он ҷоро маскани фароғату истироҳати худ қарор диҳад.
Дарвоқеъ, масъалаҳое, ки дар ин ҷаласаи хоси ба ноҳияамон бахшидашуда аз тарафи Президент дар миён гузошта шудаанд, аҳамияти бузургу таърихиро касб хоҳанд кард. Зеро дар он танҳо рақамҳои хушк ба забон наомад, балки мустақиман бо сарнавишти ояндаи одамон, некӯаҳволии оилаҳо ва ҳаёти ҳаррӯза алоқамандӣ доштанд.
Дар дили мардуми мо эҳсоси умедворӣ пайдо шуд, ки минбаъд мушкилоти зиёд ҳаллу фасл мегарданд ва аҳолии ноҳия аз ранҷҳо раҳо хоҳанд шуд, ки ба рафтуомад аз тариқи қаламрави кишвари ҳамсоя, таъмини оби ошомиданӣ, қувваи барқ, гази табиӣ ва набудани ҷойҳои кор вобастагӣ доранд. Бо хушҳолӣ қайд мекунам, ин нишон медиҳад, ки фарҳанги нави идоракунӣ ташаккул меёбад, мушкилоти мардум ошкор гуфта шуда ва ҳалли онҳо бевосита таҳти назорати Президент қарор хоҳанд дошт. Зеро ояндаи Сӯх боз ҳам истиқболи дурахшон хоҳад дошт ва зиндагии мардуми он боз ҳам бароҳату бофароғат хоҳад шуд.
Ёдовар мешавам, ки Президент Шавкат Мирзиёев қаблан низ дар бораи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи мо қарори вижае содир намуда буд ва мувофиқи он роҳҳои дохилӣ равон гардида, сатҳи зиндагии мардум хеле боло рафт. Ҳоло садҳо соҳибкор машғули фаъолият мебошад ва онҳо маҳз аз шароите, ки таҳти роҳбарии Сарвари давлат фароҳам оварда шудааст, бархурдоранд.
Бунёди Неругоҳи барқи обии хурд дар ноҳия, ки тибқи дастури бевоситаи Президент ҳусни оғоз ёфт, барои аҳолии ноҳия воқеаи нодир мебошад. Ин ба ҳамон маънист, ки Сӯх соҳиби неругоҳи барқи обии худ хоҳад шуд ва ба ин васила масъалаву мушкилоти зиёд худ аз худ аз байн бардошта мешаванд.
Албатта, ҷойҳои нави кор фароҳам меоянд ва муҳити солими иҷтимоӣ арзи вуҷуд мекунад.
Камолиддин АЗИЗОВ,
фаъоли ҷомеа, сокини деҳаи Чашмаи ноҳияи Сӯх.