Қасри нави варзиши обӣ дар Қаршӣ – қадаме муҳим дар рушди тарзи ҳаёти солим

  • Қасри нави варзиши обӣ дар Қаршӣ – қадаме муҳим дар рушди тарзи ҳаёти солим
  • Қасри нави варзиши обӣ дар Қаршӣ – қадаме муҳим дар рушди тарзи ҳаёти солим

Солҳои охир таҳти роҳбарии Президентамон дар асоси тамоюли «Барои қадри инсон» ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ мегардад.

 Дигаргуниҳо дар сохтори тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш низ ифодаи худро меёбанд. Хусусан, ҷиҳати таҳкими солимии аҳолӣ, ба роҳ гузоштани тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш ва тарбия намудани насли ҷавоне, ки шарафи мамлакати моро дар арсаи варзиши байналхалқӣ ҳимоя мекунад, корҳои самаранок пеш бурда мешаванд.
Дар натиҷаи ифодаи амалии чунин саъю ҳаракатҳои нек дар шаҳри Қаршии вилояти Қашқадарё бо ташаббуси Федератсияи иттиҳодияҳои касабаи Ӯзбекистон Қасри варзиши обӣ ба истифода супурда шуд. Дар маросими кушоиши он намояндагони як қатор ташкилотҳои байналхалқӣ аз кишварҳои хориҷ низ иштирок намуданд. Қасри мазкур дар ҳудуди 2 гектар майдон қад кашида, дар ин ҷо барои гузаронидани ҳар гуна мусобиқаҳои спорти обӣ имкониятҳо мавҷуданд. Трибуна барои 700 нафар тамошобин, ҳамчунин ҳавзаи пӯшидаи шиноварӣ, толорҳои фитнес ва хонаҳои маъмурӣ ба таври замонавӣ сохта шудаанд.

Дар сурат: намое аз қасри варзиши обӣ дар шаҳри Қаршӣ.
Суратгир: Ҷ. Норқобилов (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: