Президенти Ӯзбекистон бо роҳбари Фонди СММ оид ба аҳолӣ мулоқот анҷом дод

  • Президенти Ӯзбекистон бо роҳбари Фонди СММ оид ба аҳолӣ мулоқот анҷом дод
  • Президенти Ӯзбекистон бо роҳбари Фонди СММ оид ба аҳолӣ мулоқот анҷом дод
  • Президенти Ӯзбекистон бо роҳбари Фонди СММ оид ба аҳолӣ мулоқот анҷом дод
  • Президенти Ӯзбекистон бо роҳбари Фонди СММ оид ба аҳолӣ мулоқот анҷом дод

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 13 май муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, директори иҷроияи Фонди СММ дар соҳаи аҳолӣ (ЮНФПА) Диене Кейтаро, ки бо сафари расмӣ ба кишвари мо омада буд, ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот роҳбари ЮНФПА салому паёмҳои самимии Дабири кулли СММ Антониу Гутерришро ба роҳбари кишвари мо расонд.

Масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ бо ин ниҳоди бонуфузи СММ дар соҳаи аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қайд гардид, ки дар солҳои охир ҳамкории Ӯзбекистон бо ЮНФПА ба сатҳи сифатан нав баромадааст. Лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои саломатии репродуктивӣ, баробарии гендерӣ ва таъмини устувории демографӣ амалӣ карда шуданд. Фонд дар баргузории нахустин барӯйхатгирии аҳолӣ ва кишоварзӣ дар таърихи кишвар фаъол иштирок кард.

Ҳамчунин натиҷаҳои мусбат дар самти беҳтарсозии саломатии модару кӯдак, дастгирии оилаҳои ҷавон ва ҳифзи ҳуқуқу имкониятҳои занон таъкид гардиданд.

Дар анҷом, оид ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ, аз ҷумла татбиқи ташаббусҳои нави муштарак дар доираи барномаи кишварӣ ва баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд дар Ӯзбекистон ва дар доираи платформаҳои СММ мувофиқа ҳосил шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: