Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Барои меҳнати пурмаҳсули бисёрсола дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, саҳми арзандааш бо шарофати фидокорӣ, фаъолнокӣ ва ташаббускорӣ дар татбиқи бомуваффақияти ислоҳоти густурда дар кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, фаъолияти намунавӣ дар самти дастгирӣ ва ҳифзи манфиатҳои пиронсолон ва собиқадорон, таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмӣ, некӣ ва меҳрубонӣ дар ҷомеа, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ба муносибати 75-солагии зодрӯз, ба раиси шуъбаи вилояти Намангонии Фонди «Нуроний», сенатор Икромхон Наҷмиддинов унвони фахрии «Мураббии шоистаи ҷавонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. Мирзиёев