Табобати бехобӣ

Саломатиатон хуб аст, ягон ҷоятон дард намекунад, вале шабҳо хобатон намебарад?

Тамоми шаб аз як паҳлу ба паҳлуи дигар тоб мехӯред? Пас ин матлабро бихонед.

Баъд аз мутолиаи мусоҳибаи хабарнигори «Овози тоҷик» Ӯзбакбойи Раҳмон «Паёмадҳои нохуши камхобӣ» («Овози тоҷик», № 34,29 апрели соли 2026) хостем чанд мулоҳизаи худро перомуни он иброз намоем.

Воқеан бехобӣ мушкили хеле ҷиддӣ буда, на танҳо асаби касро хароб мекунад, балки боиси сар задани дарду иллатҳои дигар низ мегардад. Аз ин хотир, шахсоне, ки мушкили бехобӣ доранд, бояд ҳатман ба шифокори асаб муроҷиат намуда, табобат бигиранд. Барои ором гаштани асаб, бояд ҳар бегоҳ 15-20 дақиқа пеш аз хоб ҳаммом кард.  Агар чунин имконият надоред, қабл аз хоб пойҳоятонро то зону дар оби гарм нигоҳ доред.

Барои рафъи бехобӣ асабшиносон ҳамчунин инҳоро тавсия медиҳанд:

асал баробари хусусиятҳои зиёди табобатӣ доштан давои рафъи бехобӣ ҳам ҳаст. Агар орому бароҳат хобидан хоҳед, шаб пеш аз хоб як қошуқ асалро бо як пиёла ҷурғот омехта истеъмол кунед. Ҷурғот  барои ҳазми таом ва кори муътадили меъдаву рӯда ёрӣ мерасонад, асал бошад, асабро ором мекунад.

Барои аз бехобӣ раҳоӣ ёфтан аз баъзе гиёҳҳои доруворӣ низ истифода бурдан мумкин аст.

Яке аз чунин гиёҳҳои хобовар фавониё мебошад, ки ба русӣ пион меноманд. Миқдоре аз ин гиёҳро ҷӯшонида гиред ва обашро полида нӯшед, албатта фоида мекунад. Маҳлули тайёри фавониёро дар дорухонаҳо бо номи «настойка пиона» мефурӯшанд.  20-30 қатра аз ин маҳлулро рӯзе 3-4 маротиба нӯшидан лозим аст. Тавре зикр шуд, камхобӣ ва бехобӣ аз мушкилоти маъмул дар ҳаёти инсон ба шумор мераванд. Камхобӣ ҳолатест, ки шахс ба қадри кофӣ хоб намекунад. Масалан, шабона дуру дароз хобида наметавонад ё зуду бармаҳал бедор мешавад. Бехобӣ бошад, вазъест, ки инсон наметавонад ба осонӣ хоб равад ё умуман намехобад.

Барои пешгирии камхобӣ ва бехобӣ муҳим аст, ки одам реҷаи дуруст ва мунтазами хоб дошта бошад, яъне ҳар рӯз дар як вақт хоб рафтан, аз истифодаи телефон худдорӣ кардан, муҳити орому осуда ва торик фароҳам овардан, машқҳои сабуки ҷисмонӣ анҷом додан.

Хоби саривақтӣ ва дурусту бамаврид ба рушди ҷисмонӣ ва рӯҳии инсон таъсири муфид ва барои саломатӣ аҳамияти калон дорад.

Собир Эргашев,
омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Фориш.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: