Камолоти нависанда ва шоир

Абдусаид Кӯчимов 15 майи соли 1951 дар маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд аз оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Пас аз хатми мактаби миёна солҳои 1968-1972 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Низомии Тошканд таҳсил кардааст. Фаъолияти меҳнатии худро соли 1972 дар рӯзномаи «Тонг юлдузи» («Ленин учқуни») ба сифати ходими адабӣ оғоз намуда, минбаъд дар маҷаллаи «Шарқ юлдузи», солҳои 1987-1991 сармуҳаррири рӯзномаи зикршуда, баъдан муовини раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, мудири шуъбаи маданият, расонаҳои ахбори оммавӣ ва сайёҳии Девони Вазирон, солҳои 1996-1997 роҳбари Маркази ахбори Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, солҳои 1997-2005 раиси Ширкати телевизион ва радиои Ӯзбекистон, сипас сармуҳаррири рӯзномаи «Хабар» кор кардааст. Ӯ аз соли 2017 то имрӯз сардиректори Оҷонсии миллии ахбори миллии Ӯзбекистон аст.

Мақола ва шеърҳои нахустинаш ҳанӯз дар рӯзномаи ноҳиявии Ургут, баъдан «Ленин учқуни» чоп шудаанд. Аъзои Иттифоқи нависандагон ва журналистони Ӯзбекистон А. Кӯчимов муаллифи баёзу маҷмуаҳои «Бачаҳои кашшоф» (1978), «Ӯзбекистони ман» (1979), «Ситораи ман» (1984), «Ҳалқа» (1987), «Ду баҳор» (1990), «Қиёфа» (1996), «Баҳор» (2014), «Бунафша» (2017), «Мунтахабот» (2021), «Сафар ба дил» (2023) ва ғайра мебошад. Дар асоси қиссаи «Кӯҳҳои баланд»-и адиб филми бадеӣ офарида шудааст.

Хидматҳои Абдусаид Кӯчимов дар соҳаи журналистика ва адабиёт қадр шудаанд. Ӯ барандаи мукофоти байналхалқии ЮНЕСКО, сазовори ҷоизаи ба номи Ғафур Ғулом, ордени «Меҳнат шуҳрати», унвонҳои Журналисти шоистаи Ӯзбекистон, Мураббии шоистаи ҷавонони Ӯзбекистон мебошад.

А.Кӯчимов се карат депутати Шӯрои Олӣ интихоб шудааст. Ҳоло узви Сенати Олий Маҷлис аст.

Ҳайати таҳрири рӯзнома журналист, нависанда, шоир ва ходими давлатӣ Абдусаид Кӯчимовро бо синни мубораки 75 самимона муборакбод менамояд.

   
Абдусаид Кӯчимов

БАЪД АЗ БОРОН, ПАС АЗ БОРОН

Сабзаҳо гул баста аз марҷон,

Бодҳо мушкину мушкафшон.

Мурғакон хушнағма, хушилҳон,

Баъд аз борон, пас аз борон.

Рӯдҳо пуршӯру пуртуғён,

Нарму хомӯш абри нофармон.

Ҷӯйбор осемасар, ҷӯшон,

Баъд аз борон, пас аз борон.

Барфсо бодоми гулафшон,

Тундари оташнафас ғуррон.

Дар фалак шоҳин ҳама паррон,

Баъд аз борон, пас аз борон.

Чун арӯс, инак баҳор алъон,

Ишқоҳангу муҳаббатхон.

Чун бунафша хуш кунам, ай ҷон,

Баъд аз борон, пас аз борон.

Шуд баҳор аз кин тиҳӣ, шодон,

Бар аламҳо сар наёвард он.

Аз табиат панд гир ин сон,

Баъд аз борон, пас аз борон.

Бар итобу қаҳрат, ай ҷонон,

Нест тоб оварданам осон.

Бар ғазабҳо гул бикун эҳсон

Баъд аз борон, пас аз борон.

Ой, то бо ҳам хурем ин он,

Бодаи ишқу муҳаббат, ҳон.

Кард бояд кинаҳо яксон,

Баъд аз борон, пас аз борон.

ВАЙ ...

Вай чу оташ буд, чунон сӯзон,

Хонаи оташ ҳама пурнур.

Мешудӣ ҳар шӯрпешонӣ,

Гӯӣ хокистар бари он ҳур.

Буд моҳи дар фалак танҳо,

Нилуфар дар боғи афлок ӯ.

Мо ҳама дилдодааш, аммо,

Дастнорас буд он маҳрӯ.

Карда дилҳоро ҳама тасхир,

Маҳлиё бинмуда ҷонҳоро.

Офтобе омада гӯё,

Бар замин аз тоқи гардунҳо.

Пуртазод аст аз азал, гӯӣ

Ин ҷаҳон, ин чархи каҷрафтор.

Ошиқаш будему лек, афсӯс

Бар яке аз мо нашуд ӯ ёр.

Ай басо дилҳои мағрур ӯ

Хаста, чун тир аз камонҳо рафт.

Чашм пӯшид аз ҷавонон, пас

Аз пайи як пири  доро рафт...

 

ПОЙГАҲ

Ёд дорӣ, себзоронро

Пойгаҳбозии мо дар он.

Дар ҳама деҳа набуд, гӯё

Чун ту чобук, чун ту як чаққон.

Тезпо будӣ ту оҳувор,

Мо ҳама ҳайрону сусту лол.

Аз ҳама пеш, аввалин будӣ,

Мо ҳама дар нимараҳ, беҳол.

Бас баҳору тирамаҳ бигзашт,

Лек то ҳол аз паят ҳастам.

То кунун то туст роҳам дур,

Аз ту танҳо бод дар дастам.

 

БЕ ТУ...

Чӣ хуш боду ҳавои суҳбгоҳӣ,

Нафас гирад шамол аз ғунча гӯё.

Наво шояд таровад бе наю даф,

Вале бе ту натонам буд, асло.

Ҳилол он шаҳгули испеди афлоқ,

Бикоҳад аз сапеда ҳусни воло.

Фалак шояд тавонад буд бе моҳ,

Вале бе ту натонам буд, асло.

Ба қисмат тан нахоҳад дод, ҳаргиз,

Бидуни рӯдҳо ҳам, балки дарё.

Ҷаҳонҳо сабз мемонанд шояд

Вале бе ту натонам буд, асло.

Сивои Зӯҳра Тоҳир нест Тоҳир,

Бидуни Лайлӣ Маҷнун кист, ҳайфо.

Ту ҷони ҷони ман ҳастӣ, азизам,

Тиҳӣ аз ҷон натонам буд, асло!

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи ПАЙМОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: