«TALABAEXPO-2026» майдони муҳиме, ки ба ояндаи ҷавонон хидмат мекунад

Намоиши касбии «Талаба EXPO-2026», ки дар Донишгоҳи давлатии Қаршӣ барои хатмкунандагони муассисаҳои таълими олӣ бо мақсади таъмини ҷавонон бо шуғл, ба рӯи об баровардани иқтидори касбии онҳо ва пурзӯрсозии интегратсияи бозори меҳнат рӯи кор омад, таҳти ҳамкории Сарпрокуратураи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсияҳо, ҶС «Ӯзмиллийбанк», ҳокимияти вилояти Қашқадарё ва Маркази «Қадам ба оянда» ташкил гашт ва ба майдони вохӯрии ҷавонону кордиҳандагон табдил ёфт.

– Дар чорабинӣ бо электромобилҳои бо ҷамоаи худ офаридаамон иштирок кардем, – мегӯяд донишҷӯи Донишгоҳи техникии Қаршӣ Фазлиддин Маҳмадиев. – Лоиҳаи мазкур бо мақсади иштирок дар ҷашнвораи «Муҳандисони оянда» кор карда бароварда шуда, дар озмун ҷои 3-юмро гирифт. Электромобили мо дар давоми 2 моҳ кор карда бароварда шуд...

Дар доираи намоиш барои донишҷӯён ярмаркаи ҷойҳои холӣ ташкил карда шуд. Корхона ва ташкилотҳое, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд, оиди вакансияҳо маълумот доданд, ба хатмкунандагон мулоқоти рӯ ба рӯ намуданд.

Дар чорабинӣ ба ҷавононе, ки ба соҳибкорӣ таваҷҷӯҳ доранд, эътибор нигаронида шуд. Дар доираи барномаи «Қадам ба оянда» бобати кредитҳои имтиёзнок, механизмҳои пешбурди тиҷорат, имкониятҳои дастгирии молиявӣ маълумотҳои муфассал дода шуданд.

Аз ҷониби ҶС «Ӯзмиллийбанк» муаррифии хидматҳои замонавии бонкӣ ва маҳсулоти молиявӣ рӯи кор омад. Мутахассисон оиди сар кардани тиҷорат, молиявисозии лои-ҳаҳо ва тартиби вомгирӣ маълумотҳо доданд. Барои иштирокдорон майдончаҳои мулоқоти «Донишҷӯ – оянда» ташкил карда шуд. Оиди шуғл ва хидматҳои ҳифзи иҷтимоӣ маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуд.

Баъзе донишҷӯён ба корхонаҳои хусусӣ рафта, ба ҷараёнҳои истеҳсолӣ аз наздик шинос шуданд. Ин дар ҳамоҳангсозии донишҳои назарӣ ба амалиёт аҳамияти муҳим касб намуд.

Дар ярмаркаҳои васеъмиқёс 141 нафар соҳибкорон, 8 ҳазору  560 нафар донишҷӯён иштирок карданд. 3 ҳазору 412-то ариза қабул карда шуд. Ҷои кори ояндаи 395 нафар иштирокдор аниқ гашт.

Ӯлмас Баротов (ӮзА).
Суратгир: Ҷ. Норқобилов (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: