Оила ва буҳронҳои имрӯз

Оила дар ҳама давру замон муҳимтарин ниҳоди иҷтимоӣ ва пояи устувори ҷомеа будааст.

 Инсон маҳз дар муҳити оила тарбия мегирад, арзишҳои ахлоқиву фарҳангиро меомӯзад ва ҳамчун шахсият ташаккул меёбад. Оила аз қадимулайём дар фарҳанги мардумамон ба сифати ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар он шакл мегиранд. Аз 15 майи аз соли 1994 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила ҳамасола таҷлил мешавад.

Бо вуҷуди ин алҳол буҳронҳои иқтисодӣ ва равонӣ оромӣ  ва устувории оилаҳоро халалдор кардаанд.

Мутаассифона, баъзе оилаҳо ба чунин мушкилот тоб оварда наметавонанд, дар натиҷа ин ҳолат боиси нофаҳмиҳо, муноқиша ва ҳатто пошхӯрии оилаҳо мегардад. Мо вобаста ба ин масъалаҳо бо равоншинос ва раиси маҳалла суҳбат кардем.

–  Имрӯзҳо бисёр мегӯянд, ки оила таҳти таъсири нохуши буҳронҳои иқтисодӣ ва равонӣ қарор дорад. Аз назари шумо ин то  чӣ андоза дуруст аст?

–  Раҳим Набиев, равоншинос:

– Бешубҳа, оила чун пояи ҷомеа ҳамеша ба тағйироти иҷтимоиву иқтисодӣ вобаста мебошад. Вақте ки вазъи иқтисодӣ ноустувор мешавад, даромад кам мегардад,  ё шахс ҷойи корро аз даст медиҳад, ин ҳолат ба рӯҳия ва муносибатҳои аъзои оила таъсир мекунад. Фишори иқтисодӣ аксаран боиси асабоният, нофаҳмӣ ва баҳсҳо мегардад.

Яъне мушкилоти молиявӣ ба оромии хонаводагӣ таъсири нохуш мерасонад.

Зеро дар шароити норасоии маблағ инсон бештар нигарон мешавад. Нигаронӣ ба ҳолати равонӣ бетаъсир намемонад. Равоншиносҳо таъкид мекунанд, ки изтироб ва стресс  аз сабаби паст шудани иродаи сабру таҳаммул бармеоянд. Дар чунин ҳолатҳо, ҳатто сухани ночиз ҳам метавонад боиси низоъ шавад.

– Оё буҳронҳои равонӣ танҳо бинобар мушкилоти иқтисодӣ ба миён меоянд?

– Не, танҳо иқтисод сабаб нест. Суръати баланди зиндагӣ, масъулиятҳои зиёди он, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва қиёси ҳаёти худ бо дигарон низ ба сар задани ҳолати равонӣ таъсир мерасонанд. Агар дар оила дастгирӣ ва муҳити ором набошанд, ин таъсир метавонад шиддат бигирад.

– Дар чунин шароит оиларо чӣ гуна метавон ҳифз кард?

–  Пеш аз ҳама, дар хонавода бояд муоширати солим ва ҳамдигарфаҳмӣ бошад. Аҳли он бояд якдигарро гӯш кунанд, ба эҳсосот дода нашаванд, фикрашонро ошкоро баён намоянд ва дар ҳалли мушкилот бо ҳам амал кунанд. Ҳамчунин, тақсимоти одилонаи масъулиятҳо нақши муҳим дорад. Сухани хуш, эҳтиром ва меҳрубонии тарафайн метавонад бисёр мушкилотро сабуктар намояд.

– Таъсири муҳоҷирати меҳнатиро ба оила чӣ гуна арзёбӣ мекунед? – пурсидем аз Орзумурод Рӯзиев, раиси маҳаллаи «Каттасой»-и ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ:

– Воқеъан, имрӯз муҳоҷирати меҳнатӣ, ба хусус дар байни ҷавонон бештар ба мушоҳида мерасад. Бояд эътироф намуд, ки муҳоҷират ҳоли ҳозир барои беҳтар кардани вазъи иқтисодии оила муҳим аст, вале ҷудоӣ аз оила ва фарзандон, бешубҳа, мушкилоти равониро ба миён меоварад. Дурӣ аз хонавода баъзан муносибатҳоро сард мекунад. Дар байни аъзои оила эътимод  ва ҳусни бовар коста, ҳатто гум мешавад. Аз ин рӯ, нигоҳ доштани робитаи доимӣ, тавассути суҳбат ва дастгириҳои иқтисодӣ ва маънавӣ аҳамияти калон дорад.

– Ба назари шумо, дар ин масъала нақши давлат чӣ гуна аст?

– Давлат бо роҳи таҳкими сиёсати иҷтимоӣ ва дастгирии оилаҳои ниёзманд метавонад ба коҳиши таъсири нохуши буҳронҳои иқтисодӣ мусоидат намояд. Ҳамчунин рушди хизматрасониҳои равоншиносӣ  ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву иҷтимоӣ ба устувории оилаҳо кӯмак мекунанд.

Хулоса, буҳронҳои иқтисодӣ ва равонӣ воқеъан ба таҳкими оилаҳо таъсир доранд. Аммо давлат метавонад бо дастгирии маънавӣ ва сиёсати дурусту саривақтии иҷтимоӣ таъсири нохуши онҳоро кам кунад.

Оила бояд ҳамчун арзиши муқаддас ҳифз шавад, зеро пӯшида нест, ки ояндаи дурахшони ҷомеа ва давлат аз устувории он вобаста мебошад.

Суҳбатнигор Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: