Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев 15 май бо сафари корӣ ба ин кишвар меравад.
Роҳбари давлатамон дар шаҳри Туркистон дар ҳамоиши ғайрирасмии Созмони давлатҳои туркӣ дар мавзӯи «Зеҳни сунъӣ ва рушди рақамӣ» иштирок хоҳад кард.
Дар идомаи чорабинӣ роҷеъ ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои савдо ва иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия ва экология, инчунин рушди инфрасохтори рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар амал сухан меравад.
Роҳбарони ҳайатҳо ҳамчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима хоҳанд кард.
Дар анҷоми ҳамоиш қабули Эъломияи Туркистон дар назар аст.