Президенти Ӯзбекистон ба Қазоқистон рафт

  • Президенти Ӯзбекистон ба Қазоқистон рафт
  • Президенти Ӯзбекистон ба Қазоқистон рафт
  • Президенти Ӯзбекистон ба Қазоқистон рафт

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев барои иштирок дар ҳамоиши ғайрирасмии Созмони давлатҳои туркӣ ба ин кишвар сафар кард.

Аз рӯзномаи ҷамъомад, ки дар мавзӯи «Зеҳни сунъӣ ва рушди рақамӣ» гузаронида мешавад, масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои савдо ва иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия ва экология ҷой гирифтааст.

Роҳбарон ба рушди инфрасохтори рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, инчунин, истифодаи зеҳни сунъӣ дар амал таваҷҷуҳи махсус зоҳир хоҳанд кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: