ШАРОИТИ МУСОИД – ОМИЛИ РУШДИ АДАБИЁТ

Пайдоиш ва рушди ҷамъияти инсонӣ собит менамояд, ки ҳар он чӣ собиқа дорад, оянда дорад.

Мероси маънавии ба ёдгоргузоштаи шоирони классик ва олимони бузурги мо собит менамояд, ки адабиёти тоҷик дар қаламрави Ӯзбекистони кунунӣ бесобиқа нест. Бо камоли ифтихор ва орзуҳои ширин метавон гуфт, ки поягузорони адабиёти  калассикӣ ва навини форс-тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Устод Садриддин Айнӣ зода ва парвардагони ин марзу буманд. Пас, адабиёти тоҷик бояд дар ин кишвар ояндаи ҳавасангез дошта бошад... 

Дар гузаштаҳои дуру наздик дар минтақаи мо созмоне чун Иттифоқи нависандагон набуд. Маҳфилҳои адабӣ ва анъанаи устодию шогирдӣ дар рушди адабиёт нақши калидӣ доштанд. Зиндагиномаи нобиғаҳои илму адаб ба забони ҳол мегӯяд, ки онҳо истеъдоди худро дар маҳфилҳои адабӣ сайқал додаанд. Ва дар он рӯзгор бино ба тавсияи адибони шинохта адибони ҷавон барои пазируфта шудан ба узвияти адабие саъю кӯшиш ба харҷ надодаанд. Чеҳраҳои адабӣ, ҳарчанд аз ҷониби халқ ба сифати як шоир ё нависандаи пурҳунар эътироф мешуданд, аммо соҳиби унвонҳое чун «Шоири халқӣ» ё «Нависандаи халқӣ» набудаанд. Бо ин мехостам бигӯям, ки дар гузаштаи дуру наздик маҳфилҳои адабӣ ба рушди адабиёт нақши муассир доштаанд. 

Шоири классики форс-тоҷик, намояндаи сабки ҳиндӣ Соиби Табрезӣ, ки дар тамоми анвои шеърӣ: ғазал, қасида, рубоӣ, маснавӣ дасти тамом дошт, дар як ғазали зебои худ, ки шояд ангезае аз маҳфилҳои адабист, фармудааст:

Хуш он гурӯҳ, ки масти баёни якдигаранд,
Зи ҷӯши фикр майи арғувони якдигаранд.

Намезананд ба санги шикаст гавҳари ҳам,
Пайи ривоҷи матои дукони якдигаранд.

Зананд бар сари ҳам гул зи мисраи рангин,
Зи фикри тоза гули бӯстони якдигаранд.

Ҳубобвор надоранд чашм бар Кавсар,
Зи шеърҳои тар оби равони якдигаранд...

Соиб, бино ба ин гуфтаҳояш, бар он аст, ки агар аҳли сухан бо санги шикаст гавҳар (суханони ноб)-и ҳамро нашикаста, ба дунболи ривоҷи матои дукони якдигар бошанд ва ба ҷойи санг задан, аз мисраи рангин ба сари ҳам гул задаву аз фикри тоза гули бӯстони якдигар гарданд, хеле комёб хоҳанд шуд.

Фикр мекунам, бино ба ин гуфтаҳои шоири маънисаро агар адибони варзидаю ҷавон дур аз муҳити адабӣ дар вилоятҳо  маҳфилҳо биоёроянд, хеле комёб хоҳанд шуд.

Баъд аз ба истиқлоли давлатӣ расидани Ӯзбекистон явош-явош дар ин марзу бум дар канори ҳавзаи адабиёти ӯзбек ҳавзаи адабии хоссае бо номи ҳавзаи адабиёти тоҷик ташаккул ёфт.  Дар ташаккули ин ҳавза шоиру нависандагони марҳум (манзили охираташон обод бод!) ва зинда Болта Ортиқзода, Асад Гулзодаи Бухороӣ, Салим Кенҷа, Ҳамроқул Даврон, Аминҷон Шукуров, Нор Остонзода, Ҷонибек Қувноқ, Сулаймон Хоҷаназар, Чоршанбеи Деҳнавӣ, Хӯҷамурод Қӯлдошев, Иззатулло Кенҷа, Муҳаммадҷон Раҷабӣ, Ҳаёт Неъмат, Адаш Истад, Акбар Пирӯзӣ, Ҳадя Раҷабова, Бахтиёр Ҷумъаев, Солеҳ Саидмуродов, Холбой Ҷалил, Маҳбуба Неъматзода, Бекназар Тӯйназаров, Абдураҳим Беҳбуд, Нормурод Каримзода, Нодир Нодирӣ, Шодӣ Карим, Абдулло Раҳмон, Дилошӯб (Ӯғилой Ҷӯрабоева), Паймон,  Тошқул Азимов,  Саидаи Синавӣ, Юнуси Имомназар, Фозил Шукурӣ, Шариф Халил, Фариддуни Фарҳодзод,  Саодат Сатторӣ, Ҷаъфар Муҳаммад, Масъуди Мирзо, Саодат Рӯзиева, Асадуллоҳ Исмоилзода, Расулбеки Аҳмадзод, Хоҷа, Дилшоди Фарҳодзод, Парисои Самарқандӣ, Хусрави Саъдулло, Илҳоми Насафӣ, Ҳасан Сулаймонӣ, Зикруллои Зубайдулло ва дигарон саҳм гузоштаанду мегузоранд.

Маҳсули эҷоди онҳо дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Ховар» ва маҷаллаи адабии «Дурдонаи Шарқ» рӯйи чопро мебинад.

Маҷаллаи адабии «Дурдонаи Шарқ» дар ҳар шуморааш шеъри шоирони варзидаи ватанӣ, ҳамзабонони хориҷӣ ва адибони ҷавони кишварро чоп мекунад, ки шоистаи таҳсин аст.

Пӯшида нест, ки ҳоло тавассути нашриётҳои хусусӣ, агар адибон маблағи заруриро пардозанд, сарфи назар аз сифати навиштаҳояшон, маҳсули хомаашон рӯйи чопро мебинад. Рӯйи чопро дидани китоби адиб ҳодисаи масарратбахш аст. Вале таассуфовараш ин аст, ки дар баробари шеърҳои хубу мондагор,  ба дасти хонанда шеъргунаҳое мерасанд, ки завқи бадеии ӯро коҳиш медиҳанд.   

Боиси хушҳолист, ки соли сипаригардида дар нашриёти ватанӣ ва хориҷи кишвар китоби чанд шоири ҳавза ба дасти нашр расид. Аз ҷумла,тавассути нашриёти ватанӣ қисми дуюми «Девон»-и Паймон (бо дастгирии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон), китобҳои шеърии Заррина Раҳматова – «Меҳри дурахшон»,  Дилошӯб (Ӯғилой Ҷӯрабоева) – «Номаи ифтихор»,  Муҳаммадҷон Шодӣ – «Дуои модар», «Ӯзбегу тожик – қошу кӯз», «Мазҳари муҳаббат», «Аз Рӯдакӣ то Фарзона», «Суруди Рӯдакӣ» (ғазал ва дубайтиҳо) рӯйи чопро диданд.

Дар Тоҷикистон ва Эрон низ китобҳои шоирони ҳавза ба табъ расид. Китоби шеърҳои Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ – «Мӯяи Омуя»  тавассути нашриёти «Адиб»-и Тоҷикистон бо пешгуфтори сафири собиқи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва як маҷмӯаи шеърии Муҳаммадҷон Шодӣ зери номи «Аз Рӯдакӣ то Фарзона» рӯйи чоп диданд. Навиди дигар ин аст, ки китоби Дилошӯб бо номи «Паёми меҳр» дар Эрон ба табъ расид.

Ҳодисаи шодибахши дигар ин буд, ки соли сипаригардида ду шоири ҳавза – Малик Кабиров ва Дилошӯб ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шуданд.

Кори шоистаи дигар дар соли 2025 ин аст, ки Наргис Шоалиева бо ҳиммати баланд намунаҳои шеъри шоирони чаҳор ҳавзаи адабӣ: Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро бо муқаддима ва зиндагиномаи мухтасари адибон таҳти номи «Ойинаҳои сабз» гирд оварда,  ба дасти чоп супурд. Фикр мекунам, бояд намунаи насри нависандагони чаҳор ҳавзаи адабӣ низ рӯйи чопро бинад...

Агар шеърҳои тавассути нашрияҳо ва дар шакли китоб чопшудаи шоирони ҳавзаро мавриди таҳлил қарор диҳем, ошкор мегардад, ки онҳо дар як сатҳ қарор надоранд. Чанде аз қаламфарсоён дар қолаби арӯз бо образҳои обшуста афкору андешаашонро баён мекунанд. Шеъри мо имрӯз дар шаклу қолибҳои гуногун: суннатӣ (ғазал, рубоӣ, дубайтӣ), нимоӣ, ё шеъри нав (дар чаҳорчӯби арӯз) ва шеъри  сефед (шеъри бевазн ва гоҳе беқофияе, ки ритми муайян дорад) эҷод мешавад. Шоирони пештози замон бар онанд, ки шеър, сарфи назар аз он, ки дар кадом шаклу қолиб навишта мешавад, бояд шеър бошад, на чизи ба шеър монанд...

Инҷониб ба сифати як алоқаманди шеър вақте ба ғазалу рубоӣ ва дубайтиҳои бархе аз муосирон рӯ ба рӯ меоям, мебинам, ки бори ин жанрҳоро намекашанд, агар кашанд ҳам, чунин ба назар мерасад, ки вожаҳо барои пур кардани вазн омадаанд, образҳо обшустаанд, шеъри нимоӣ бо шеъри сафед омехта шудааст, шеъри сафед ритми муайян надорад... Мегӯянд, ки сухани бедалел қимат надорад. Вале мо ин ҷо, ба хотири ба иззати нафси муаллифон нарасидан, аз овардани мисолҳо худдорӣ намудем. Бигузор, ин корро нақди адабӣ кунад... Вале ку он ноқиди меҳанпарвар, ки сараро аз носара ҷудо кунад, дар ғами пешрафти адабиёт бошад?

Гоҳе дар нашрияҳо доир ба шеъри ин ё он шоир нақдгунаҳое рӯйи чопро мебинанд, ки саропо аз тавсиф иборатанд. Фикр мекунам, ин шеваи нақд чашми адибонро «кӯр» мекунад, садди роҳи пешрафташон мешавад. Мақсад аз ин гуфта он аст, ки мехостам ноқидони тозаназар дар майдони адабиёт гомҳои устувори худро ниҳанд.

Чанд сухан ва пешниҳод доир ба кору фаъолияти Шӯрои адабиёти тоҷик. Шоир ва тарҷумони моҳир Одил Икром дар як гирдиҳамоӣ фикри ҷолибе ба миён гузошта буд: «То  масъулони Шӯро аз ҷониби ҳукумат бо  маош таъмин карда нашаванд, кор пеш намеравад».

Раиси Шӯрои адабиёти тоҷик Хусрави Саъдулло шоири хушқареҳа ва ҷавони серғайрат аст. Вале барои ташкил ва роҳандозии кори Шӯро маош намегирад. Бинобарин, барои анҷом додани бисёр корҳои муфиду созанда имкон пайдо намекунад. Вай хеле хуб медонад, ки барои «хӯжакӯрсин» кор  кардан натиҷаи матлуб намедиҳад.

Аъзои Шӯро хуб дарк намудаанд, ки ҳар як шаҳрванди ғайриӯзбеки кишвар, бояд дар ҳадди муошират забони давлатиро донад. Вале дар моддаҳои Қонуни забони давлатӣ омадааст, ки қавмҳои таҳҷойии ҷумҳурӣ ҳуқуқи ба забони модарии худ баргузор намудани маҷлис ва ҷамъомадҳоро доранд. Фикр мекунам, дар маҷлисҳои Шӯрои адабиёти тоҷик суханронии иштирокдорон бо забони модарӣ хилофи Конститутсия ва Қонуни забони давлатӣ нест. Охир бинои адабиёти миллӣ маҳз бо хиштҳои забони модарӣ бунёд мегардад...

Вохӯрии аҳли адаби ҳавза бо толибилмони мактабҳои таълими ҳамагонӣ, донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикии муассисаҳои таълими олӣ, алоқамандони каломи бадеъ ва иштироки адибон дар ҳамоишҳои байналхалқии адабӣ дар парвариши завқи бадеии насли ҷавон ва рушди адабиёти ҳавза шароити мусоид фароҳам меоварад. Фикр мекунам, дар ташкили вохӯрии адибони тоҷик бо мактабиёну донишҷӯён ва иштироки онҳо дар ҳамоишҳои байналхалқӣ роҳбарияти  Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон саҳм мегузорад.

Абдулло СУБҲОН, узви Шӯрои адабиёти тоҷик
дар назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: