Зиндаву ҷовид монд...

Фазлиддин Намозов зодаи деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё мебошад.

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Меҳри онро дар дилаш андохтанд.

Кишоварзӣ аз бахшҳои муҳими иқтисодиёт буда, ҷабҳа ба таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ, ба шуғл фаро гирифтан ва бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин намудани аҳолӣ, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми ватанӣ ва тақвияти содироти маҳсулоти кишоварзӣ равона гардидааст. Аз ин рӯ, соҳаи кишоварзӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Президент қарор дорад. Дар ҷаласае, ки ба татбиқ сохтани лоиҳаи «Бозсозии кишоварзӣ»  бахшида шуда буд, Президент Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки агар кишоварзӣ якҷоя бо илм анҷом дода нашавад, ҳаракатҳои мо натиҷа намедиҳанд. Дар ҷорӣ намудани низоми нави кишоварзии илмӣ хидмати мутахассисони ин соҳа назаррас аст. Дар соҳа  олиму академикҳои зиёди кишварамон бобати бартараф намудани мушкилоти обёрӣ, беҳтар кардани таркиби хок, офаридани навъҳои гуногуни маҳсулоти босифати хоҷагии қишлоқ, истифодаи самаранок аз нурӣ ва дигарҳо тадқиқоти илмӣ бурда, барои пешрафти соҳа хидматҳои шоёне кардаанд ва мекунанд.

Фазлиддин Намозов яке аз чунин олимону фидоиёни соҳа башумор мерафт. Ӯ зодаи деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё мебошад. Деҳа тақрибан 80 километр дур аз маркази ноҳия. Табиати он бо кӯҳҳои сарбафалакаш беназир аст. Хусусан дар фасли баҳор ва тобистон дидани ин манзараҳои беназире, ки Парвардигор ба табиати ин минтақа ато кардааст, ҳузурбахш мебошад. Барои ҳамин ҳам  аз он қадами сайёҳон то охири тирамоҳ канда намешавад. Фазлиддин маҳз фасли гулу лола, яъне ҳини бедоршавии табиат – моҳи апрели соли 1982 дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш Баҳром Чоршанбиев аз омӯзгорони пешқадам ва равшанфикри ин воҳа ба шумор меравад ва дар «Овози тоҷик» низ матолиби хубу дарднокаш зиёд чоп шудааст.

Таҳсилоти умумиро дар мактаби рақами 57 гирифта, онро соли 1999 бомуваффақият хатм намуд. Маълум аст, ки мардуми деҳот дар қӯраи меҳнат обутоб меёбанд ва «фароғат аз меҳнат»- ро хуб дарк менамоянд. Ин буд, ки Фазлиддин соҳаи кишоварзиро  интихоб кард ва ба Донишгоҳи аграрии Тошканд ҳуҷҷат супурд. Талабаи ин донишгоҳ гардид ва дар риштаи агрономӣ таҳсил гирифта,  онро соли 2003 анҷом дод. Солҳои 2003-2005 таълимро дар самти растанишиносӣ давом дода, соҳиби дипломи магистр гардид. Фаъолияти меҳнатиашро соли 2005 ба ҳайси ходими илмии шуъбаи мубориза ба муқобили вилти ғӯза ва кишти навбатии  Институти илмӣ-тадқиқотии Ӯзбекистон оғоз намуд. Фаъолияти шуъба ба бартараф намудани бемории вилт ё вилти пахта нигаронида шуда, ходимон корҳои илмии худро ба усулҳои наҷотдиҳӣ аз ин беморӣ равона мекунанд. Беморӣ махсусан дар марҳилаи шукуфтани растанӣ ё гулкунӣ зоҳир мегардад. Аз ин беморӣ сифат ва ҳосилнокӣ паст мешавад. 

Ф. Намозов омӯхтану тадқиқотро дар шуъбаи аспирантура оид ба тайёр намудани ходимони илмии институт аз рӯйи ихтисоси деҳқонии умумӣ – пахтакорӣ идома дод. Роҳбари шуъбаи кишти такрорӣ ва мубориза ба вилти ғӯзаи институт буд. Олими ҷавон таҷрибаи гаронбаҳои худро солҳо бо заҳмати пайгирона, мушоҳидаи дақиқ ва озмоишҳои амалӣ андӯхта буд. Ҳар як комёбии ӯ натиҷаи меҳнати ҳалол, сабру таҳаммул ва муҳаббати самимӣ ба замин ба шумор мерафт. Ӯ ба ҷавонон меомӯзонд, ки дар кишоварзӣ роҳҳои осон вуҷуд надоранд ва танҳо меҳнати доимӣ метавонад самара оварад. Бо амал исбот мекард, ки замин меҳнатро қадр мекунад ва ҳар заҳмат беҷавоб намемонад.

Ф. Намозов соли 2016 дар мавзӯи «Такмили низомҳои кишти бонавбати кӯтоҳмуддат барои афзунсозии ҳосилхезии хок ва маҳсулнокии пунба» диссертатсияи илмиро бомуваффақият дифоъ намуд ва соҳиби унвони доктори илмҳои хоҷагии қишлоқ (DSc) гардид. Ӯ бори аввал дар ҷумҳурӣ бо усули тартиботи нав ба гирифтани ҳосили бадандсифат, барқарор ва зиёд намудани ҳосили пахта, ғалла ва дигар зироат ноил гардид ва ба тартиботи нави кишти такрорӣ асоси илмӣ гузошт. Ҳоло ин тартибот дар майдонҳои кишти пахта ва ғаллаи хоҷагиҳои фермерии ҷумҳурӣ истифода  мешавад.

Солҳои 2016-2019 ӯро  ҷонишини директор оид ба корҳои умумӣ ва истеҳсолии Институти илмӣ-тадқиқотии агротехнологияи селексияи пахта, парвариш ва ҳосил таъин карданд.

Чанд сол вазифаи мудири кафедраи «Зироати равғандор ва соя»-и Донишгоҳи аграрии Тошкандро дар ӯҳда дошт. То ба қарибӣ декани факултети агробиологияи донишгоҳ буд.

***

Фазлиддин Намозов баҳори имсол дар авҷи камолот аз байни мо рафт.

Зи пурборӣ агар шохи дарахте

бишканад, ғам нест,

Вале чун бишканад шохи ҷавонӣ,

гиряму гирям...

Оре, дидаҳо пурхун мегардад, вақте шохи ҷавонӣ бишканад, риштаи умри ҷавоне канда шавад. Ӯ инсони хоксор, хушмуомила ва соҳибдил буд. Ҳамеша омода буд ба мардум дасти ёрӣ дароз кунад. Маҳз ин хислатҳо Фазлиддинро дар байни устоду шогирдон соҳибобрӯ карда буданд.

Намозов дар давоми корҳои илмиаш бобати босифат  ба даст овардани ҳосили баланди маҳсулоти хоҷагии кишлоқ зиёда аз 85, аз ҷумла, 18 тавсиянома, 65 мақолаи илмӣ (аз ин 6-тоаш дар нашрияҳои мамлакатҳои хориҷӣ рӯйи чопро дидаанд), дастури методии «Усулҳои гузаронидани таҷрибаи кишти такрорӣ» таълиф намуд. Ӯ муаллифи монографияи «Асосҳои илмии кишти такрорӣ» мебошад. Дар натиҷаи меҳнати пайвастаи хеш соли 2022 ба гирифтани унвони профессорӣ мушарраф гардид.

Таҳти роҳбарии ӯ 4 ходими калони илмӣ ва 4 магистр доир ба мавзӯъҳои гуногун тадқиқоти илмӣ бурдаанд.

Ӯ дар давоми фаъолияти илмии худ бо 1 лоиҳаи фундаменталӣ, 1 лоиҳаи инноватсионӣ ва 2 лоиҳаи амалӣ иштирок намуд. Ҳамчун депутати шӯрои ноҳияи Қибрай дар ҳаёти иҷтимоӣ низ фаъолона иштирок кард.                                                      

Таҷрибаи ғанӣ ва маслиҳатҳои судманди ӯ барои бисёре аз деҳқонон роҳнамои боэътимод буданд.

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Гулҷаҳон КАБИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: