Театрҳои мусиқӣ боз омаданд

Намояндагони театрҳои мусиқӣ аз Беларус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон дар он иштирок мекунанд.

Ҷашнвораи III байналмилалии театрҳои мусиқии «OPERETTA.UZ», ки аз 15 то 17 май дар Театри давлатии мазҳакавию мусиқии Ӯзбекистон баргузор мегардад, мувофиқи Қарори Президент аз 22 ноябри соли 2024 «Дар бораи чораҳои баланд бардоштани нақши театрҳо дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа ва дастгирии минбаъдаи фаъолияти онҳо» ва Қарори Девони Вазирон аз 18 апрели соли 2019 «Дар бораи чораҳои боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти муассисаҳои театрии давлатӣ ва ташкилотҳои фароғатии консертӣ» бо дастгирии Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи ходимони театрии Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Ҳадафи асосии он тақвияти ҳамкории байналмилалӣ байни мутахассисони театр дар ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамсоя мебошад, ки бешубҳа ба зуҳури фазои ягонаи фарҳангӣ мусоидат мекунад.

Намояндагони театрҳои мусиқӣ аз Беларус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон дар он иштирок мекунанд. Дар байни иштирокчиён коргардонҳо, хореографҳо, гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандони пешбари саҳнавӣ ҳастанд. Форум барои тақвияти ҳамкории байналмилалии эҷодӣ, мубодилаи таҷриба байни мутахассисони эҷодӣ ва банақшагирии дарсҳои мастер-класс ва сафарҳои ҳунарӣ равона шудааст.

Барномаи ҷашнвора нишасти матбуотӣ бо иштирокчиёни форум, шахсиятҳои фарҳангӣ ва санъат, конфронси илмӣ-амалӣ дар Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон дар мавзӯи «Зеҳни сунъӣ, технологияҳои муосир дар театр»-ро бо иштироки директорони театрҳои мусиқӣ, шахсиятҳои фарҳангӣ ва санъат дарбар мегирад.

Баҳси мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳамкории театрӣ дар саҳнаи байналмилалӣ», ки дар он меҳмонони форум иштирок доштанд, низ доир гардид.

Намоиши мусиқии «Роҳ ба сӯи Учқудуқ» – сафари пурҷӯшу хурӯши мусиқӣ, ки хитҳои VIA-и афсонавии «Ялла»-ро ба ҳам мепайвандад ва ба қисми ҷудонашавандаи хотираи фарҳангии чанд насл табдил ёфтаанд, дар барнома ҷой гирифтааст.

Устохонаҳо, озмоишгоҳҳо барои актёрӣ ва шӯъбаи бадеӣ ва продюсерии театр дар доираи анҷумани театрӣ ба ҳаводоронаш ҳавола мегардад.

Дар гала-консерте, ки форумро ба анҷом мерасонад, солистҳо аз Театри опера ва балети академии давлатии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ ширкат меварзад.

– Ба ҳам омадани эҷодкорони театрҳои мусиқии давлатҳои ҳамсоя ва фазои умумии фарҳангӣ робитаҳои онҳоро боз ҳам қаринтар ва бинандагону ҳаводорони ҳаёти театриро ошнотар месозад, – иброз дошт мудири бахши адабии Театри давлатии мазҳакавию мусиқии оперетта Озод Аҳмадов.

Т. Мирҳаёев.

 

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: