Солҳои охир ҷиҳати дар қаламрави Осиёи Марказӣ мустаҳкамнамоии муҳити осудагӣ, барқарорӣ ва эътимоди тарафайн сарони кишварҳои минтақа, хусусан роҳбарони Ӯзбекистону Тоҷикистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидмати босазо мекунанд.
Муносибот дар риштаҳои гуногун бо кишварҳои ҳамсоя ба дараҷаи нав баромада, алалхусус риштаҳои меҳру оқибат байни халқҳои ӯзбек ва тоҷик, ки бародарони азалӣ буда, таъриху фарҳанг ва арзишҳои милливу маънавии муштарак доранд, торафт мустаҳкам мегарданд.
Вилоятҳои Тошканд (Ӯзбекистон) ва Суғд (Тоҷикистон) ҳамсояи якдигаранд. Некҳамсоягӣ ва баҳраманд шудан аз дидори якдигар ба ҳамгароиву қаробат мазмуни тоза эҳдо менамояд. Чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки эҷодкорони ду халқ дар ҳар ду ҳудуд ба анъана табдил ёфтааст. Садо додани суруду тарона ва шеърҳои дилангез бо ӯзбекиву тоҷикӣ дилҳоро ба ваҷд оварда ва ба иштирокдорон як олам таассурот мебахшанд.
Ба наздикӣ бо ташаббуси «Ҷамъияти ӯзбекони вилояти Суғд», ки ба тарзи ҷамоатӣ созмон ёфтааст, дар ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ҳамчун яке аз ҳамоишҳои маънавии муфид хеле хотирпазир сурат гирифт. Дар он аҳли санъат ва намояндагони илму адаби тоҷику ӯзбек, ки дар ду ҷумҳурӣ кору эҷод мекунанд, иштирок намуданд.
***
Адибон ва журналистони номвари ӯзбек Нуралӣ Қобул, Набиҷон Ҳошимов, Оллоёр Бегалиев, Рӯзибой Қулдошев, Турдиалӣ Норматов, Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон Боир Холмирзоев, актёрҳои шинохта Маъруф Отаҷонов ва Бахтиёр Азимов, ки аз Тошканд баромада буданд, бо ворид шудан ба ҳудуди ноҳияҳои Спитамену Деваштичи вилояти Суғд аз ойинаҳои мошин чашм ба гирду атроф дӯхта, ободгариҳо дар ду самти роҳро дидан карданд, ки таассуротангез буданд. Баҳор худнамоӣ дошт. Гулҳои ҳарранга, боғоту киштзорҳои сабз дар сарзамини тоҷикон ба чашм нур ва ба дилҳо хуррамӣ эҳдо мекард.
Мошинҳо дар роҳе пеш метохтанд, ки ба деҳаи номвари Яхтан мебурд. Дар маркази деҳа, ки хеле обод будааст, қарор гирифтем. Иншооти замонавии маъмурӣ, объектҳои маишӣ, муассисаҳои таълимиву тиббӣ бо саҳн ва ҳавлиҳои ороста диққати бинандаро ба худ мекашанд. Арафаи 9 май, ки буд, ҳама ҷо намуди идона дошт, ҳозирон ба ҷашн омодагӣ медиданд.
Ба пояи нимтанаи фарзанди далери Суғдзамин, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ӯрунбек Ёқубов, ки зодаи ҳамин деҳа аст, гулдаста гузоштем.
***
Дар ҷараёни сафар чанд нафар ҳамроҳони мо, ки зодаи ҳамин ноҳияанд, мисле роҳбаладӣ сохта, дар бораи деҳоти қади роҳҳо, одамони номдори ин сарзамин, комёбиҳое, ки меҳнаткашони деҳот дар солҳои охир ба даст овардаанд, нақлҳо мекарданд. Ниҳоят, ба маҳаллаи Кенагас, ки тобеи Ҷамоати деҳоти Муҷун будааст, расида, аз мошинҳо фуромадем. Моро раиси ҷамоати деҳот Абусамад Абдумаҷидов дар дами дарвозаи худ истиқбол кард. Одамони зиёди синну соли гуногун даст пеши бар меистоданд. Гумон кардем раис тӯй ё ягон чорабинии оилавӣ дорад, ки мардуми зиёд ба манзилаш даро-баро доранд. Баъд фаҳмем вай ба муносибати 9 май, ки Рӯзи Ғалаба аст, дастархон кушода ва маърака оростанист. Падари ӯ Абдуллатифота Абдумаҷидов (шодравон) собиқадори меҳнат ва ҷанг будааст. Солҳои дароз ба ҷамоати деҳоти Муҷун раисӣ ҳам карда, дар ободонӣ ва пеш бурдани корҳои хоҷагӣ сарубар гаштааст. Акнун Абдусамад дар шароити нави таърихӣ корҳои падари накӯномашро идома дода, ҷиҳати ба хоҷагиҳои деҳоти гирду атроф ҳарҷониба намуна гаштани Муҷун, ки наздик 36 ҳазор нафар аҳолиро муттаҳид сохтааст, саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад.
***
Чорабинии асосӣ – вохӯрии мардуми деҳаи Кенагас бо як гурӯҳ намояндагони адабиёт ва ҳунар аз Тошканд дар пешорӯйи хонаи маданият рӯйи кор омад. Хонандагони мактаб, падару модар ва қарибони онҳо, сокинони қишлоқ, ки асосан ӯзбекзабон будаанд, ба адибон ва ҳунарпешагон аз пойтахти Ӯзбекистон дидор диданд. Баромадҳоро бо мароқ тамошо карданд. Мактабиён низ шеъру сурудхонӣ намуданд. Ҳар як баромад, чӣ бо тоҷикӣ ва чӣ бо ӯзбекӣ, диққати умумро ба худ мекашид. Замзамаҳо дар васфи истиқлол, Ватан, дӯстии ду халқ, сулҳ ва осудагӣ ҳамнаво бо таронаҳои ҳамдилӣ буданд ва ба нозуктарин торҳои эҳсоси бинанда нохун мезаданд.
Дар доираи чорабинӣ рӯнамоии китоби рангае доир гашт, ки дар Тошканд ба табъ расида, ба ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши собиқадори ҷанг ва меҳнат аз Кенагас Абдуллатифота Абдумаҷидов бахшида шудааст. Ҳамчунин тақдимоти китоби тозанашри адиби номвари ӯзбек Нуралӣ Қобул «Салом, эй кӯҳҳо» ба вуқӯъ пайваст, ки бо забони тоҷикист. Қисса ва ҳикоёт аз ҷониби Сироҷиддин Икромӣ, Сурайё Аҳмадзод ва Юнуси Имомназар баргардонда шудааст.
Навъе дар чорабинӣ қайд гашт, Деваштич зодбуми як қатор намояндагони номвари адабу фарҳанг аст. Сироҷиддин Осимӣ ва Мирзо Мавлон, ки шеърҳои хуб мегуфтанд, ҳаминҷоӣ буданд. Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоуллоева (Атоӣ), нависандаи бачаҳо, лауреати Мукофоти давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Азизи Азиз, адиби маъруф Латофат Кенҷаева, суханвари боистеъдод Бузургмеҳри Баҳодур зода ва парвардаи ҳамин сарзаминанд.
Дар вохӯрӣ шоирони маҳаллӣ Эгамназари Соҳибназар ва Зулфия Бобоева ҳузур доштанд ва шеърҳо хонданд.
Адибони аз Тошканд ташриффармуда китобҳои худро ба дабистони таълими умумии деҳа туҳфа намуданд.
***
Гуфтугӯҳо дар манзили раиси ҷамоат Абдусамад Абдумаҷидов то бевақтии шаб давом намуд. Аҳли хонадон ва қарибони раис то субҳ нахуфта, дар деги маърака ош пухтанд. Аз пагоҳии барвақт аҳли деҳа даромада омада, ба сари дастархон нишастанд. Маросими ёдбуди собиқ раиси хоҷагӣ, собиқадори ҷанг ва меҳнат Абдуллатифбобо Абдумаҷидов хотирмон сурат гирифт. Ин гуна чорабинӣ дар хонадон 9 май ҳар сол сурат мегирифтааст.
Меҳмонон ҳамроҳ бо фаъолони ноҳия ба қабристони деҳа рафтанд. Ба пояи ёдгории шодравонҳо гулдастаҳо гузоштанд.
Маълум гашт дар шаҳр ва ноҳияҳои вилояти Суғд 8 май чорабиниҳои идона баргузор шудааст. Айни дам дар вилоят ду нафар иштирокдорони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар қайди ҳаёт будаанд. Дуи онҳо дар ноҳияи Деваштич, ки мо ҳузур доштем, истиқомат мекардаанд.
Соли равон аз ҷониби раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳар ду иштирокдор ба андозаи 50 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода шудааст. Ҳамчунин ба ҳар кадом 39 нафар, ки дар ақибгоҳ меҳнат кардаанд, 10 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 39 ҳазор сомонӣ туҳфа гардидааст.
***
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд театри давлатӣ-драмавии ӯзбек мавҷуд, ки номи Шукур Бурҳоновро дорад. Наздик навад сол инҷониб ин даргоҳи ҳунар самаранок фаъолият мебарад. Меҳмонон аз Тошканд сари қадам ба театри мазкур даромаданд, ба ҳаёти имрӯзааш шинос шуданд. Собиқадори меҳнат Абдуқодир Яҳёев дар ин бобат ба ҳозирон нақл намуд. Ҳунарпешагон Боир Холмирзоев ва Маъруф Отаҷонов низ дар бораи фаъолияти театр, ҳамкориашон бо ходимони пешбари он дар солҳои гуногун сухан ба миён оварданд. Маълум гашт ҳунарпешагони зиёде, ки дар Ӯзбекистон маҳбубият пайдо кардаанд, замонҳое дар ин ҷо кор карда ва таҷриба андӯхта будаанд. Аз ҷумла, сарояндаи номӣ, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Ҳабиба Охунова дастпарвари ин боргоҳи ҳунар – театри давлатӣ-драмавии Нов (Спитамен) будааст.
***
Қабл аз бозгашт гурӯҳи мо рӯ ба шаҳри Хуҷанд – маркази маъмурии вилояти Суғд овард. Аз муассисаи давлатии «Осорхонаи Ҷӯрабек Муродов» дидан кард. Шиносоӣ бо экспонатҳои музей, алалхусус суҳбати гуворои овозхони бузург ва нотакрор, Ҳунарпешаи мардумии СССР Ҷӯрабеки Мурод ба ҳамроҳонамон як олам таассурот бахшид.
Муҳаммадҷон ШОДӢ, мухбири «Овози тоҷик».
Тошканд – Хуҷанд – Тошканд.