Суханони беғараз

Роҳи бузурги ӯзбек

Муқаддима

Нависандагону шоирони ҳақиқӣ ҳақиқатнигориро дӯст медоранд. Беадолатие, ки дар ягон гӯшаи дунё рух медиҳад, барояшон тавре менамояд, ки гӯё дар хонаи онҳо иттифоқ афтода бошад. Барқарор гардидани адолат ё пирӯзии он дар ҷое рӯҳи онҳоро болида месозад. Аз комёбии инсонҳои некдил шод мешаванд ва мушкилоти мардум ба дарди худи онҳо табдил меёбад.

Онҳо меҳандӯстанд. Дастикам дар Ӯзбекистон ҳамин гунаанд. Шукуфоии Ватан ва дигаргуниҳои мусбатро ҳамчун қадаме ба сӯйи беҳ шудани зиндагии ҳар шаҳрванди кишвар амиқ эҳсос мекунанд ва рӯҳбаланд мешаванд. Шукри Худо, ки ин дигаргуниҳо ҳар соат ва ҳар рӯз рӯй медиҳанд. Тамоми кишвар дар ҳаракат аст. Муҳимтар аз ҳама, ин ислоҳотҳо на ба шакли содаву сатҳӣ, балки бар асоси пешрафтатарин технологияҳои ҷаҳон пиёда мегарданд. Ба туфайли фароҳам омадани шароити мусоид, сармоягузориҳо бемамониат ворид мегарданд. Суръати рушд тамоми кишварро фаро гирифтааст.

Аҳли қалам аз ин ва бисёр дастовардҳои дигар огоҳанд. Саъю кӯшишҳоро барои бартараф сохтани мушкилот ҳамеша эҳсос мекунанд.

Ба наздикӣ бо гурӯҳе аз эҷодкорон дар як кишвари дӯсту ҳамсоя сафар доштем. Шабе худ аз худ маҳфили бадеҳа барпо шуд ва суҳбат ҷӯшид. Аввал кишвари мизбонро бо Ӯзбекистон муқоиса кардем. Ҳамагӣ ба як хулоса расидем: «Мо пеш рафтаем!» Дар бораи Ӯзбекистони кунунӣ сухан гуфтем. Инҷониб гуфтам, ки ҳафтоду шаш сол умр дидаам, аммо халқамон ҳеч гоҳ чунин осудаву фаровон зиндагӣ накарда буд. Ҳозирон низ ин суханамро якдилона тасдиқ карданд. Бале, ҳамин тавр! Мо ҳеч гоҳ чунин зиндагӣ накарда будем!

Ин эътирофҳое, ки дилҳоро аз ифтихор лабрез карданд, кай дили моро саршор намуданд?

Охир, ин дастовардҳоеро, ки мо эътироф мекунем, худ аз худ пайдо нашудаанд-ку!

Дар паси онҳо меҳнату заҳмат ва ҳаракати шабонарӯзии кӣ нуҳуфта аст?

Ба ободкориҳое, ки дар тамоми гӯшаҳои кишвар доман густурдаанд, кӣ ғайрату шиддат мебахшад?

Ҷавоби ҳамаи ин саволҳо яктост: дар паси ин пирӯзиҳои бузург фидокории як инсон, бале, як инсон – Президенти Ӯзбекистон Шавкат Миромонович Мирзиёев меистад.

На кам, на зиёд – фидокории бемисли марди азиме, ки мехоҳад Ӯзбекистони Навро бунёд кунад!

Ман дар бораи ин инсон бисёр андешидам. Ниҳоят ба қароре омадам, ки агар дар бораи ӯ нанависам, аз рӯйи адолат нахоҳад шуд.

На, нияти хушомад гуфтан надорам. Синнам ба ҷое расида, ҷоизаву унвонҳоро бетамаллуқ гирифтаам. Барои чӣ хушомад кунам?

1

Вақте ислоҳот оғоз ёфт, кишвар дар чӣ ҳоле қарор дошт?

Мардум чӣ гуна зиндагӣ мекард?

Мехостам як андак аз саргузашти худам нақл кунам.

Ман дар бинои бисёрошёна зиндагӣ мекунам. Хонаи мо зимистонҳо рӯйи гармиро намедид. Боре яке аз фарзандонам гуфт: «Мо дар ҳамин хона як умр аз сармо ларзида бузург шудем».

Ба нафақа баромадам. Гуфтанд: «Агар кор кунӣ, нисфи нафақаат дода мешавад». Ғайриихтиёр розӣ шудем... «Он чӣ, ки ба сари ҳама ояд – тӯй», гуфтаанд.

Моҳона ночиз. Бо ними нафақа чархи зиндагиро базӯр ғелондем.

Мушкилоти вобаста ба корти пластикиро нагӯям ҳам мешавад. Ба мағоза меравӣ. Нархи моли лозимиро мепурсӣ. «Агар нақд гиред – ҳаштод сӯм, бо корт пардозед – сад...»

Дар маркази бозори Деҳнав «нуқтаи табдили маблағи корти пластикӣ ба нақд» кушоданд. Ба ҳамон шарти булаҷаб: агар сад сӯм бигирӣ, ҳаштод сӯм ба дастат медиҳанд. Даҳшатангезтаринаш ин буд, ки ҳамин «нуқта»-ро кормандони идораҳое ба даст гирифта буданд, ки бояд пеши чунин ҳолатҳоро мегирифтанд. Намедонӣ додатро ба кӣ бигӯӣ...

Ин қаллобиҳо дар пеши чашми мардум рух медоданд. Ҳеч кас ҷуръати садо баланд кардан надошт. Тарс. Тарсе, ки бенавоӣ ва ноумедиро ба вуҷуд оварда буд – тарсе аз фикр кардан ба фардо. Ин тарс ҳамеша мисли бори сангине рӯйи шонаҳо фишор меовард.

Қарз гирифтам. Ба касоне, ки бо доллар қарз додаанд, бояд бо доллар баргардонӣ. Ба назди кассаҳои бонк ҳам рафта наметавонӣ. Бонкҳо долларро ба фурӯш бароварда, худашон мехаранд. Одамҳои гузоштаашон – занҳои ҷанҷолӣ...

Вақте вориди бозор мешудӣ, дар ҳар қадам гурӯҳҳои «долларфурӯш»-ро медидӣ. Аҷабо, нархи доллар ду баробар аз қурби расмӣ баланд буд.

Як соҳибкори сурхондарёӣ, ки ғалла парвариш мекард, назди ман омад ва гуфт, ки ғалларо супурдааст, аммо ҳаққашро хӯрдаанд. Ман ба як-ду амалдор гуфтам. Натиҷае набахшид. Он соҳибкор аз ин хорӣ ва алам фавтид...

Тағйироте, ки дар баъзе ҷойҳо рух медод, то ба дасторхони мардум намерасид. Теъдоди фиребгарони кишвар ба маротиб афзуда буд.

Созмонҳое, ки бояд бо чунин корҳо мубориза мебурданд, дар дохили давлат давлати худро сохтанд. Зӯроварӣ бар мардум ҷорӣ гардид.

Мисолан, дар Сурхондарё хадамоти амниятӣ як низоми ба истилоҳ фашистӣ (наметавон амалҳои онҳоро бо вожаи дигар ифода кард) барпо кард. Мардум ба андозаи пашша қадр надошт. Одамонро хор мекарданд, молу мулкашонро мегирифтанд, ба шиканҷаҳои бесобиқа дучор месохтанд, ҳатто мекуштанд. Шеваи шиканҷаҳои замони Сталинро ба кор мегирифтанд. Ҳатто онҳоро ба «зиннаҳо»-и баландтар бардоштанд.

– Нохунҳоямро канданд, – бо алам ба ёд меорад яке аз бегуноҳоне, ки ба дасти онҳо афтода буд. – Агар ҳамаашро баякбор меканданд, шояд осонтар буд. Ҳар рӯз як нохунамро меканданд...

Ҳатто ба ҳокимон фишор меоварданд. Дар ин диёр онҳо ҳам аз кор безор шуданд. Ноилоҷ, «бино ба хоҳиши худ» аризаи аз кор рафтан навиштанд.

Аз истиқлол дили мардум монд.

Баъзе шиносҳо ба ман ҳам таъна заданд: «Инак, истиқлоле, ки шумо орзу мекардед...»

Ростӣ, ман ҳам бадбахт зиндагӣ кардам. На фақат навиштаҳоямро, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп мешуданд, нашр намекарданд, балки ному насабамро ҳам аз саҳифаҳо пок мекарданд. Ман чӣ гуноҳ доштам? Танҳо дар як барнома гуфта будам, ки: «Баъзеҳо бо роҳҳои ҳарому ноҷо пул ҷамъ мекунанд. Ҳамин, ки вақташ расид, пулро бардошта, ба хориҷ мераванд». Ба сабаби он барнома чанд корманди телевизион сазояшро гирифт, чанде аз кор рафт...

Бояд эътироф кард, ки дар солҳои аввали истиқлол барои бунёди як давлати нав, раҳоӣ аз ночорӣ то ҷое сахтгирӣ ҳам зарур буд. Вале ҳар қадр кишвар рӯ ба рушд меовард, ба он андоза бояд ин сахтгирӣ ҷойи худро ба қоидаҳое медод, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои адолатанд. Аммо чунин нашуд. Чаро? Зеро худи шахси дар боло нишаста низ асири дасти найрангбозон гардида буд. Аз воқеаҳое, ки дар маҳалҳо, ҳатто дар дохили хонадони ӯ рух медоданд, бехабар мемонд. Рӯйи ҳамаи беадолатиҳо парда кашида буданд.

Он чи, ки дар боло навиштам, ҳеч кас рад карда наметавонад. Барои нишон додани онҳо солҳо китоб навиштан мумкин буд. Ман фақат қисме аз ҳодисаҳои машъумеро, ки аз сарам гузаштаанд ва дар зодгоҳам – Сурхондарё рух доданд, ба ёд меорам.

Роҳи ҳаллу фасли мушкилотро, ки то ҳадди авҷ расидаааст, хеч кас пайдо карда наметавонист.

Аммо Парвардигор доност. Ӯ дақиқ донист, ки барои ба сӯйи рушд бурдани кишвар чӣ бояд кард.

Шавкат Миромонович Мирзиёев Президенти кишвар интихоб шуд ва... ғайричашмдошт ҳодисаҳое рӯй доданд, ки муъҷизаро мемонданд.

Он чӣ гуфтам – ҳамаи он бадбахтиҳо як-як роҳи ҳалли худро ёфтанд. Кортҳои пластикӣ , ба таври бояду шояд, ба кор шурӯъ карданд. Нафақаҳо пурра пардохта мешуданд. Бонкҳо шеваи корро тағйир доданд: чӣ мехоҳед – сӯм, доллар? Марҳамат... Он ҳаюлоҳое ҳам, ки дар Сурхондарё ба сурати инсон буданд, ҷазои худро гирифтанд. Вале барои ҳал кардани ин масъалаҳо чӣ қадар сабот ва ҷасорат лозим буд, инро танҳо худи Шавкат Миромонович медонад. Охир, ғайр аз ҳодисаҳое, ки ман ба қалам додам, боз бори чӣ қадар ташвишҳо бар дӯши ӯ буданд.

Тасаввур мекунам, ки барҳам додани шайкаи зараррасонҳое, ки мардуми Сурхонро хору зор карданд, чӣ қадар душвор буд. Охир, онҳо аз осмон наафтода буданд, ин гумроҳонро дар Тошканд ҳомиёни воломақому қавипушт ва ноодамшинос пуштибонӣ мекарданд. Ин гурӯҳи ҷинояткори хеле бузург ва аз якдигар вобаста аз гунаи бедавоҳо таркиб ёфта буданд, ки мафҳуми «манфиати халқ»-ро ҳатто дар хоб намедиданд ва қадри умри одамон барояшон аз қадри хас арзонтар буд. Аввал сари ҳамин тӯдаро шикастанд. Ин кор осон набуд. Агар шахси сустирода мебуд, метавонист бо онҳо созиш кунад. Аммо Шавкат Миромонович ин корро ба худ раво надид. Зеро дар миён Ватан ва тақдири халқ қарор дошт. Ӯ ҳамеша эҳсос мекард, ки ояндаи Ватанро на бо чашмпӯшӣ аз чунин тӯдаҳои носолим, балки бо нияти поку амалҳои нек бояд сохт.

Ин инсон хеле амиқ мефаҳмад, ки Ватанро одамони ҳалол бояд бисозанд.

Ин мардуми олуда ба иллати қатл аз асорат озод шуданд. Аввал решаи «боло» канда шуд, баъд решаи табақаи поён низ аз бех бароварда шуд. Ин суханон ба гуфтан осонанд...

Дар таърихи кишвар ин воқеаҳо шояд ба нафаре як эпизоди хеле хурд намоянд, вале тасаввур кунед, ки барои озод кардани Ватан аз шайкаҳои зишт, ки болои сари халқ нишаста буданд, раҳбари мо чӣ қадар матонат ва қатъият нишон дод.

Дар ёд дорам: вақте ин воқеаҳо ба анҷом расиданд, Президенти мо ба Сурхон сафар карда, ба мардум муроҷиат намуд: «Мардуми Сурхондарё, акнун озодед!»

Ҳақиқатан ҳам, Сурхондарё нафаси озод кашид.

Ман фақат он чиро, ки дар бораи Сурхон хуб медонам,  менависам. Дар Ӯзбекистон бошад, чордаҳ воҳиди маъмурию ҳудудӣ ҳаст. Барои ба қалам додани талошҳои мардонаворонаи Президенти мо дар роҳи ҳалли мушкилоти  минтақаҳо ин мақола хеле кӯчак менамояд.

2
Одамон ба некӣ зуд одат мекунанд. Як-ду бор «Хуб шуд-е!» гуфта хушҳол мешаванду баъд гӯё ҳамеша чунин будааст, гузашта мераванд. Ба фикрам, ҳаминаш ҳам беҳтар аст! Одамон ба зиндагии одамвор одат карда истодаанд! Ба он ки зиндагии шоиста муъҷиза нест, балки воқеияти ҳаррӯзаест, ки мо рӯ ба рӯ мешавем, тадриҷан одат карда истодаем...

Аммо ман аз он ки раванди рушд ин қадар шиддат пайдо кардааст, боз ҳам шод мешавам.

Тирмиз, ки макони авлиёву олимон аст, аз вақте, ки ман дар ёд дорам, як шаҳраки ҳарбии камнур, пур аз чангу ғубор ва дур аз сояю салқин буд. Вориди он гардидан мушкилоти зиёде дар пай дошт: постгоҳҳои ҳарбӣ гузошта шуда буданд, шиносномаи ҳар як мусофирро дақиқ месанҷиданд. Агар дар қайди Сурхондарё намебудед, намегузаронданд!

Пас аз истиқлол, чунон ки медонед, ин гуна санҷишҳо ба маротиб афзуданд. Дар байни ҳар вилоят монеаҳои сунъӣ – постҳо гузоштанд. Ин ҳол ба ҳаракати озодонаи мардум дар саросари кишвар халал эҷод мекард. Агар шиносномаро фаромӯш карда бошед, роҳи ягонаи гузаштан аз ин постҳо порадиҳии рустӣ ба посбонон буд... Чораи дигар надоштед. Ба фикрам, ин постҳо маҳз барои ба вуҷуд овардани чунин вазият амал мекарданд...

Дар Сурхондарё ин ҳолат то ҷое мураккаб буд, ки мусофирро ба таҳлука меандохт. Ҳангоми ворид шудан ба вилоят, дар посгоҳи Дарбанд, мисли он ки ба хориҷ меравӣ, ҷомадону борхалтаатонро дақиқ тафтиш менамуданд, сипас ба лента гузошта, бо дастгоҳҳои лазерӣ аз назар мегузарониданд.

Хулоса, агар пора намедодед, халос шудан номумкин буд. Ҳангоми даромадан ба Тирмиз ва Сариосиё низ одам ба ҳамин ҳол рӯ ба рӯ мешуд.

Ҳамаи ин монеаҳо бо як азму қарори Шавкат Миромонович аз байн бардошта шуданд...

Тирмизи пур аз чангу ғубор намои дигар гирифт.

Ҳоло дар ду тарафи кӯчаҳои ин шаҳр дарахтони зебо соя афкандаанд. Ҳар сӯ, ки нигоҳ мекунӣ – сабзазор. Гулҳо бо завқи аҷиб шинонда шудаанд. Ба наздикӣ аз меҳмонхона савори мошин баромада, аз миёни ҳамин манзараи зебо, ки ваҷабе фосила надошт, то фурудгоҳ рафтам. Шаҳракҳои истироҳатии хориҷиро мемонад. Биноҳои нави зебову бароҳат низ ба шукӯҳи шаҳр афзудаанд. Яке аз омӯзгорон ба ман гуфт: «Мардум ба манзили зист ниёз надоранд, дигар дар як хона ду-се оила танг зиндагӣ намекунанд». Инро на мансабдор, балки омӯзгор мегуфт...

Тирмиз рушд мекунад. Биноҳои баланд қомат меафрозанд. Ҳатто ба назар мерасад: барои он ки шаҳр озодона нафас кашида, бидуни тангӣ вусъат пайдо кунад, заминҳои иловагӣ лозиманд. Шавкат Миромонович ин масъаларо низ ҳал кард – ба шаҳр заминҳои иловагӣ ҷудо шуданд.

То дар хонанда тасаввур пайдо нашавад, ки гӯё дар Сурхондарё танҳо Тирмиз рӯ ба ободӣ ниҳодааст, бояд бигӯям: ҳамаи ноҳияҳои вилоят симои дигар гирифтаанд. Тақрибан панҷ-шаш сол пеш бо гурӯҳе аз ҳунармандон ба ноҳияҳои шимолии Сурхон мерафтем. Дар роҳ хотирам як андак парешон шуд. Вақте ба худ омадам, дидам аз назди шаҳри ношиносе мегузарем. Хонаҳои бисёрошёна, роҳравҳои ороста, дарахтон, майдончаҳои бозии кӯдакон аз пеши назар мегузаштанд. Ба куҷо омадаем? Ман ҳар ваҷаби Сурхондарёро мешиносам. Магар хоб мебинам? Каме роҳ рафта фаҳмидам, ки ин Деҳнав аст. Бале, ҳамон Деҳнаве, ки аз сар то пояшро қадам задаам! Эй Худо! Ин муъҷиза – шаҳр андар шаҳр кай ва чӣ гуна бунёд шуд? Ин қадар зуд? Он вақт дарк кардам, ки ин муъҷиза ба шарофати ғайрати Президентамон сохта шудааст! Сипас тасаввур кардам: дар кишвар чандин ноҳия, чандин шаҳр, ҳатто чандин маҳалла ҳаст... Эҳтимол дар ҳамаи онҳо ободкорӣ идома дорад! Ва воқеан идома дорад!

Чӣ неруе ободкории саросариро дар кишвар ба таҳрик даровардааст? Ҷавоби ин савол равшан: Шавкат Миромонович Мирзиёев!

3

Инҷониб дар маҷлисҳо кам иштирок мекунам. Аз ҷамъомадҳое, ки танҳо ба хотири маҷлис баргузор мекунанд, худро канор мегирам.

Аммо дар рӯзҳои охир дар ду маҷлис иштирок карда, нафаҳмидам вақт чӣ гуна гузашт. Бо шавқ нишастам. Ҳамчун як ӯзбекистонии ватандӯст, лабрез аз ифтихору шодӣ шудам. Сухан дар бораи фардои Сурхондарё – як пораи Ватани мо мерафт. Президенти мо доир ба нақшаҳое сухан гуфт, ки то соли 2030 бояд дар вилоят амалӣ гарданд.

Дар маҷлис сухан танҳо аз нақшаҳо набуд, балки ошкор гардид, ки барои иҷрои онҳо омодагии дақиқу густарда дида шудааст. Мисолан, бад-ин тарз: лоиҳаи нақша омода аст, маблағ вуҷуд дорад (раиси бонк тасдиқ мекунад ё гуфта мешавад, ки бо кадом сармоягузори ҷаҳонӣ созиш шудааст), созмоне ҳам, ки бояд нақшаро иҷро кунад, дар ҳолати омодабош аст. Ҳатто санаи оғози кор пешакӣ муайян шудааст. Масъулон бори дигар дар назди аҳли маҷлис ҳисобот доданд. Ҳамчунин равшан гуфта шуд, ки ҳар як лоиҳа чанд ҷойи корӣ эҷод мекунад. Садҳо, ҳазорҳо...

Ҳангоме ки сухан дар бораи ҳар як нақша мерафт, ҳамин тартиб риоя мешуд. Ягон кор ҳамчун орзу баён нагардид. Баръакс, ҳама чиз бо эътимоди қатъӣ гуфта мешуд.

Вақте ки нӯги баъзе аз ин нақшаҳо ба хориҷи кишвар мерасид, сафирони мо, ки тариқи онлайн дар маҷлис иштирок доштанд, хабар медоданд, ки шарикони хориҷӣ омодаанд ва ҳамин ки аз Ӯзбекистон ишора шавад, фавран парвоз мекунанд. Ин шарикон ҳам аз кишварҳои одӣ нестанд  – шурӯъ мешавад аз Чин то Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ!

Шавкат Миромонович ҳеч чизро фаромӯш намекард. Ман равшан ҳис кардам, ки Президенти мо бо як ҳисси амиқи ботинӣ медонад, ки имрӯз чӣ бояд кард ва фардо чӣ бояд амалӣ гардад.

Ҳамчунин шоҳиди он гардидам, ки ӯ барои ҳалли мушкилоти хурду бузург бо як ҳисси масъулият муносибат мекунад ва баъзан шоҳиди бадеҳаҳояш низ гардидаам.

Пеш аз маҷлис бо паҳлавони бойсунӣ – аввалин қаҳрамони ҷаҳон дар гӯштин Тоштемир Полвон Муҳаммадиев доир ба интернате, ки барои ҷавонони гӯштингир кушода шудааст, суҳбат карда будем. Дар охири маҷлис Президентамон ба ҳамон паҳлавон муроҷиат кард:

– Магарам интернати ту мактаб надорад.

– Надорад – гуфт паҳлавон.

– Бачаҳо ба куҷо барои хондан мераванд?

– Ба мактабҳои деҳоти атроф.

Шавкат Миромонович бо нигоҳаш аз толор шахси масъулро пайдо кард.

– Пул дорӣ? – Бале, – гуфт ва аз ҷой бархост «одами масъул».

– Метавонӣ барои интернати ин паҳлавон мактаб бисозӣ?

«Одами масъул» бо ҷону дил розӣ шуд.

– То якуми сентябр барои қабули шогирдон омода гардад! – гуфт Президентамон.

Аз шавқ оҳиста бошад ҳам: «Бинед -а!» гуфта фиристодам. Охир, Шавкат Миромонович бори ташвиши қариб сию нӯҳ миллион аҳолиро бар дӯш дорад! Эҳ-э, дар кишвар чӣ қадар мактаб вуҷуд дорад! Бо вуҷуди ин, Президент имрӯз сари мушкили мактаб-интернати Тоштемир Полвон меандешад...

Дар маҷлис ба ман ҳам сухан доданд ва ман ин ҷамъомадро барои сурхондарёиҳо ид номидам. Зеро, ба фаҳмиши ман, ҳар хиште, ки барои қад афрохтани иморати бузурге номаш Ватан мебошад, гузошта мешавад, ид аст. Ва имрӯз чӣ қадар хиштҳо гузошта шуданд!

Камина рақамҳоеро, ки дар ин маҷлис гуфта шуданд ва нишон медоданд, ки нақшаҳои оянда чӣ қадар хазинаи кишварро ғанӣ ва хонадонҳои мардумро пурфайзу баракат хоҳанд кард, такрор намекунам. Заро онҳо дар матбуот ба қадри кофӣ инъикос ёфтаанд.

Аммо аз як хабари муборак наметавонам сарфи назар намоям.

Бисту шашуми апрел тасмим гирифтам, ки ба Бойсун бояд биравам.

Роҳи аз самти Тирмиз тӯлкашида, дар фосилаи 6-7 километр то манзил, ба ҳамон шоҳроҳи Дарбанд – Деҳнаве, ки дар маҷлиси боло ёд шуда буду чанд сол боз сохтмонаш идома дошт, мепайваст. Мо вориди шоҳроҳи оянда гардидем. Роҳи бетонии хеле маҳкам. Мошин бо суръат мерафт. Фақат дар ду ҷое, ки сохтмони пул ҳанӯз ба анҷом нарасида буд, маҷбур шудем аз канорааш бигзарем. Дар дилам гуфтам: «Сохтмонаш баъд аз як-ду моҳ ба анҷом мерасад».

Баъд аз чор рӯз барои иштирок дар фестивали «Баҳори Бойсун» лозим омад, ки боз аз ҳамин роҳ бигзарем. Ин бор мошини мо аз рӯйи пулҳои нав бо суръат гузашт! Бале, аз рӯйи пулҳое, ки сохтмонашон ба анҷом расида буданд! Танҳо чор рӯз гузашта буд!.. Боз мавҷи шодӣ вуҷудамро фаро гирифт. Офарин! Ва боварам комил шуд, ки ҳамаи нақшаҳои дар маҷлиси Тирмиз ба миён гузошташуда саривақт пиёда мегарданд.

Президенти мо дар поёни маҷлис таъкид кард, ки бо чунин нақшаҳо ба ҳамаи вилоятҳо ва Қароқалпоқистон низ сафар анҷом дода мешавад. Боз як ҳаракати умумии босуръат дар роҳи обод кардани ояндаи кишвар! Нақшаҳое, ки як лаҳза ҳам суст намешаванд ва ба дасторхони мардум баракат меоранд. Асосгузори ин нақшаҳо – Шавкат Миромонович худ низ инсонест, ки як дам ором намегирад ва ҳамеша барои манфиати халқ месӯзаду месозад. Ба ниятҳои некаш фариштагон «омин» мегӯянд. Парвардагор дарҳои раҳматашро боз мекунад!

Инҷониб бовар дорам, ки дар ояндаи наздик кишвари мо дар сафи пешрафтатарин мамлакатҳо ҷой хоҳад гирифт. Агар касе ба ин бовар ҳамроҳ нашавад, бигзор ба рақамҳои Бонки ҷаҳонӣ дар бораи суръати рушди Ӯзбекистон муроҷиат кунад. Бонк барои соли 2026 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвари моро 7,7 фоиз пешбинӣ кардааст. Ба гуфтаи мутахассисони хориҷӣ, пас аз даҳ-дувоздаҳ сол ҳаҷми маҳсулоти дохилии Ӯзбекистон аз як триллион доллар бештар хоҳад шуд! Триллион! Ин рақамҳо аз осмон гирифта нашудаанд, балки натиҷаи таҳлили дақиқи воқеиятанд! Чашми бад дур!

Бубахшед, ҳатто мутахассисони хориҷиро ҳам хиҷолатзада карда истодаем! Ҳозир хондам, ки суръати рушди мо аз пешбинии онҳо ҳам болотар будааст, – зиёда аз 8,7 фоиз!

4

Бузургтарин доноёни ҷаҳон дар ниҳоят ба як хулоса расидаанд: инсониятро арзишҳо нигоҳ медоранд. Алишери Навоӣ, ки худ низ дар муносибатҳои миёни мардуму давлатҳо иштирок карда ва фитнаву кашмакашҳои бисёреро аз сар гузаронда буд, чунин фармудааст:

Олам аҳли, билингизким, иш эмас душманлиғ,

Ёр ӯлунг бир-бирингизгаки, эрур ёрлиғ иш.

Тарҷумааш:

Нек донед, аҳли олам, душманӣ даркор нест,

Якдигарро ёр гардед, ин бувад кори накӯ.

Ҳарчанд маънои ин байт барои ҳама равшан аст, боз ҳам шарҳ медиҳам: «Эй мардумони ҷаҳон, – мегӯяд шоир, – бидонед, ки душманӣ кори нек нест. Бо ҳам дӯст бошед, зеро ба инсон танҳо дӯстӣ зебанда аст».

Ба назари ман, Шавкат Миромонович ҳанӯз пеш аз он, ки ба мақоми президентӣ интихоб шавад, амиқ дарк карда буд, ки «душманӣ кори нек нест». Ӯ нохушиҳоеро, ки миёни кишварҳои ҳамхуну ҳамҷони Осиёи Марказӣ авҷ гирифта буданд, бо дарди дил мушоҳида мекард. Азбаски вазифаи Девони Вазирон, ки ӯ роҳбарӣ мекард, пеш бурдани корҳои иқтисодӣ буд, ӯ хуб эҳсос менамуд, ки муносибатҳои бади мо бо ҳамсоягон боиси суст шудани рушд мегардад. Муҳимтар аз ҳама, ӯ бо чашми худ медид, ки аз ин низоъҳо мардум азият мекашанд.

Албатта, ҳамин тавр буд! Аз ҳамин сабаб, вақте Шавкат Миромонович идораи кишварро ба даст гирифт, пеш аз ҳама риштаҳои бародариву хешутабориро бо ҳамсоягон барқарор кард. Чӣ қадар душвор ё осон гузаштани ин корро танҳо ин инсони хайрхоҳ медонад. Аммо натиҷа муборак шуд – имрӯз, вақте ба кишварҳои ҳамсоя меравем, мо низ ҳамчун шаҳрвандони Ӯзбекистон эҳтирому иззат мебинем.

Вилояти Сурхондарё бо се кишвар ҳамсарҳад аст. Дар замони Шӯравӣ, масалан, ҳатто ба ёд ҳам намеовардем, ки миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон сарҳаде вуҷуд дорад. Азбаски Тирмиз шаҳри баста буд, мо аввал ба Душанбе парвоз карда, баъдан ба Сурхон мегузаштем. Баъзеҳо ҳатто барои бозоргарӣ ба Душанбе мерафтанд... Аммо баъд аз истиқлол, пас аз муддате, ҳар кас хони худу беки худ шуд. Гузаштан аз сарҳад ба орзуи дастнорас табдил ёфт!

Як воқеаро аз он рӯзҳои пурдард, ки имрӯз ба моли таърих табдил ёфтааст, чанд рӯз қабл бароям нақл карданд. Гуфтаанд, ки пиразане аз Сариосиё ҳашт сол кӯшиш кардааст, то барои зиёрати қабри хоҳараш, ки дар Регар вафот карда буд, аз сарҳад бигзарад, аммо натавонистааст. Ҳол он ки масофаи байни Регару Сариосиё, агар бисёр ҳам бошад, роҳи нимсоата аст.

Вақте миёни ду кишвар муносибатҳои дӯстиву бародарӣ барқарор шуд, хешовандон баъд аз ин ҷудоии тӯлонӣ гиряву нола карда, боз ҳамдигарро диданд. Аз Душанбе мошинҳо бо суръат ба Сурхондарё меомаданд, дӯстони сариосиёӣ мегуфтанд: «Биёед, як Душанберо давр занем» ва ба роҳ мебаромаданд. Як қадам роҳ! Субҳ мераведу шом бармегардед!

Роҳҳои асосие, ки Тоҷикистонро бо дигар минтақаҳо ва ҳатто бо ҷаҳон мепайванданд, аз қаламрави кишвари мо мегузаранд! Акнун тасаввур кунед, мардуме, ки соҳиби чунин имкониятҳо гардиданд, чӣ қадар хушҳол буданд!

Аз ҳамин сабаб, вақте Шавкат Миромонович ба ин кишвари ҳамсоя сафар кард, Эмомалӣ Раҳмон аз саҳна истода, бо шӯхӣ як сухани бисёр зебо гуфт: «Инҳо, – гуфт ӯ ба намояндагони халқи тоҷик, ки толорро пур карда буданд, ишора карда, – шуморо аз ман ҳам бештар дӯст медоранд!». Ин аст эҳтиром! Ин аст бародарӣ!

Пас аз ин сафари Президентамон, мо – панҷ-шаш нафар нависанда ба Душанбе рафтем. Ҳадафамон ба муносибати вафоти Нависандаи халқии Тоҷикистон, дӯстамон, зодаи Бойсун – Саттор Турсун изҳори ҳамдардӣ кардан ба наздикони ӯ буд. Тобистон. Дар танамон либосҳои сабуки тобистона... Дар фурудгоҳ моро даҳ-понздаҳ нафар дӯстони тоҷикамон бо куртаҳои сафеду костюм ва шимҳои сиёҳ пешвоз гирифтанд. Рӯзи дигар, ғайричашмдошт, дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон конфронсе доир ба равобити адабиёти халқҳои бародар баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ низ ҳама бо ҳамон либосҳои расмӣ буданд. Дар берун бошад – тобистон... Барои бародарон, чунин тарзи пешвозу маҷлисороӣ нишони иззату икром аст. Иззату икром ба ӯзбекҳо!

Барои бурдани мо аз Душанбе ба Сурхондарё дӯстон омаданд. Камина дар роҳ пурсидам, ки ронандаҳо бояд бо кадом суръат мошин ронанд  ва агар милисаҳо боздоранд, муносибат ба онҳо чӣ гуна бошад? Охир рақами мошинҳоямон ӯзбекистонӣ-ку?! Ҷавоби дӯстони тоҷик маро ҳайрон кард:

– Бо ҳар гуна суръат хоҳед, ронед! Милисаҳо намедоранд! Президенти мо аз минбари баланд гуфтааст: «Ӯзбекҳо меҳмони мананд – ҳеч кас ба онҳо даст нарасонад!»

Ин суханҳо ғояти эҳтиром ба халқи ӯзбек буд.

Бозгашти иззату эҳтиром миёни ду халқ ва беш аз пеш таҳким ёфтани он ба ҷоннисорӣ, самимият, маҳорати дипломатӣ ва фазилатҳои инсонии Шавкат Миромонович иртибот дошт.

Ба наздикӣ барои таҷлили 75-солагии шоири маъруфи ӯзбек Шавкат Раҳмон бо гурӯҳе аз аҳли эҷод ба шаҳри Ӯш рафтем. Пештар ҳам ба Ӯш сафар карда будам. Бо ёди хархашаи сарҳадҳо дилам хиҷил мешуд. Аммо маълум шуд, ки ҷойи нигаронӣ нест. Ҳуҷҷатҳои шаҳрвандии Ӯзбекистонро нишон дода, аз сарҳад бароҳат гузаштем. Қирғизҳо низ ба кишвари мо ҳамин гуна бароҳат меоянд.

Мо шахсонеро мавриди ситоиш қарор додем, ки осоиштагӣ ва бовару дӯстии ҳақиқиро миёни ду халқ дубора барқарор кардаанд. Охир ба сари ин ду халқи ҳамсоя чи рӯзҳое наомада буд!

Шаби эҷодие, ки ба ҷашни Шавкат Раҳмон бахшида шуда буд, дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар маҷлис котиби генералии ҳукумати Қирғизистон, роҳбари созмони бонуфузи ТУРКСОЙ ва ҳокими шаҳри Ӯш иштирок карда, суханронӣ намуданд. Ба мактабе, ки Шавкат Раҳмон дар он таҳсил карда буд ва яке аз кӯчаҳои шаҳр номи шоир дода шуд.

Албатта, шоири бузург сазовори чунин эҳтиром аст. Шубҳае нест. Аммо мо ҳар лаҳза эҳсос мекардем, ки сабабгори ин эҳтиром низ Шавкат Миромонович аст.

Вақте ман ба Қазоқистон низ сафар кардам, бо чунин меҳру муҳаббати дӯстона рӯ ба рӯ шудам. На як, балки чандин ҷоиза гирифтам. Ҳатто як ҷоизаи адабии кишвари хориҷиро низ бо тавсияи дӯстони қазоқ ба ман супурданд. Агар муносибатҳои мо мисли пештара пур аз ғараз мебуд, магар чунин ҳодисаҳои нишотбахш рӯй медоданд?!

Имрӯз ҳама мебинанд, ки меъмори асосии ин иттиҳод, таҳаммулпазирӣ ва меҳру муҳаббат миёни халқҳои Осиёи Марказӣ Шавкат Миромонович аст. Ҳатто хориҷиён низ ба Ӯзбекистон чун ба нерӯе менигаранд, ки минтақаро ба сӯйи рушд мебарад.

Банда асосан дар бораи муносибат бо ҳамсоягони қадимии наздикамон навиштам. Аммо мехоҳам таъкид кунам, ки муносибатҳои мо бо дигар кишварҳо дар ҷаҳони мураккаби зудтағйирёбанда низ арзандаи зикранд. Мисолан, мо бо Афғонистон низ робитаҳои кофӣ барқарор кардаем. Охир орзуи ба уқёнусҳо баромадан тавассути ин кишвар пиёда мегардад!.. Ҳоло дар ҳамон ҷое, ки аз пули рӯди Ому гузашта, ба хоки ӯзбек қадам мегузоранд, «Минтақаи савдои марзии Ӯзбекистон – Афғонистон» бунёд шудааст. Қатор-қатор дӯконҳо, меҳмонхонаҳо, ошхонаҳо... Савдо дар авҷ аст. Минтақа лабрез аз мардум шудааст. Президентамон, ҳамчунин, супориш дод, ки барои ин минтақа замини иловагӣ ҷудо шавад.

Албатта, ҳамсоягони мо низ дар ҳаққи роҳбари Ӯзбекистон суханони гарм гуфтаанду мегӯянд...

Дар ҷаҳон соҳиби обрӯйи ҳақиқӣ гардидан кори осон нест. Ба чунин мартаба танҳо сиёсатмадорони боистеъдод, заҳматписанд, бофаросат, эҳтиромкунандаи манфиати дигарон ва дӯстдори ҷонии кишвари худ мерасанд.

Яке аз ҳамин гуна соҳибобрӯён Президенти мо Шавкат Миромонович мебошад! Бале, Президенти мо!

5

Ҷараёни дигаргуниҳо дар кишварамон назаррас аст. Ҳамаи онҳоеро, ки мегӯянд: «Ман ӯзбек ҳастам!», шод мегардонанд.

Масалан, танҳо дар чанд моҳи охир ҳодисаҳои зиёде рӯй доданд, ки то ҳол дар ҳайратам мегузоранд.

Агар ду-се сол пеш касе мегуфт: «Аз ҳамин пахтае, ки дилгазон шудаем, ҳаштод-навад сентнерӣ ҳосил мегиранд», ман механдидам ва мегуфтам: «Э, мон-е!» Аммо айнан ҳамин тавр шуд! Боз дар куҷо гӯед? Дар Сирдарё! Ман дар давраи донишҷӯӣ дар ҳамин вилоят пахта чида будам. Агар аз як гектар бист сентнер ҳосил мегирифтанд, аз шодӣ тоқии худро ба осмон мепартофтанд! Ҳоло бошад... Одам бовар намекунад. Ҳатто худи деҳқононро дидаам, ки ба пахтазори ғӯзаҳояш сартосар шукуфта, бо ҳайрат менигаристанд. Оё тухмиро аз хориҷи кишвар оварда буданд? Бале, оварда буданд. Аммо худи мо ҳам бекор нанишастаем. Навъи пахтаи «Порлоқ»-и мо аз навъҳои хориҷӣ беҳтар набошад ҳам, камӣ надорад!

Агар бо як ҷумла ифода намоем, дар бахши пахтакорӣ инқилоб рӯй дод!

Боз як воқеаи ҳайратангез.

Дар Олмалиқ фабрикаи сеюми ғанигардонии мис ба кор шурӯъ кард. Сохтмон ва ба истифода додани чунин фабрикаҳо дар сартосари ҷаҳон даҳ сол тӯл мекашадаст. Аммо дар мо ин кор дар чор сол (бале, дар чор сол!) анҷом ёфт. Ба ин муҳлат ҳатто мутахассисони саршиноси худӣ ва ҳамкори амрикоӣ низ чандон бовар надоштаанд. Ҳоло ҳамон амрикоӣ тамоми ҷаҳонро ба омӯхтани  таҷриибаи бо суръати Ӯзбекистон даъват мекунад.

Боз як мӯъҷиза. На танҳо ман, балки чандин насли ӯзбек аз он ифтихор хоҳанд кард, ки он бунёди Маркази тамаддуни исломист. Ин Марказ қасри бо завқи аҷиб сохташударо мемонад. Дар деворҳояш нақшу нигори дастӣ, экспонатҳои нодире, ки аз саросари ҷаҳон ҷамъ оварда шудаанд. Бояд ёдрас намуд, ки он нигораҳоро аз кишвари мо (Қуръони усмонӣ, дастхатҳои қадимӣ...) бурда буданд... Ва барои намоиши онҳо аз муосиртарин технологияҳо истифода мешавад.

Шарҳи Шавкат Миромонович дар бораи сохтмони Марказ басе ҷолиб буд: «Дар сохтмони ин марказ шитоб накардем. Дар тӯли ҳашт сол онро ба анҷом расондем...».

Ин тавзеҳ ба ман бисёр писанд омад. Зеро на як бинои навбатӣ, балки асари санъате қад афрохт! Маҳз офариниши асари санъат ин гуна сабру таҳаммул тақозо дорад! Президенти мо ин нозукиро дарк кардааст!

Хулоса, иншооте арзи вуҷуд кард, ки арзандаи асрҳост.

Ман дар интернет суҳбати ду нафареро шунидам, ки барои тамошои ин муъҷиза мерафтанд.

– Ту, – гуфт яке аз онҳо, вақте бинои муҳташами марказ қомат афрохт,– Тоҷмаҳалро ҳам дидаӣ. Кадомаш беҳтар?

 – Чунин ба назар мерасад, ки ин беҳтар аст, – гуфт ҳамроҳаш ба бино нигариста. Сипас қотеона гуфт. – Ин беҳтар аст!

Тамом, вассалом! Ин беҳтар!

Агар доир ба чунин бунёдкориҳо навиштанро идома диҳам, шояд тамом нашавад.

Имрӯз интернетро кушодам. Хабарҳои нав: қатораи тезгарди «Ҷалолиддини Мангубердӣ», ки аз Тошканд ба Хоразм меравад; сохтмони роҳи оҳани нави 111-километрае, ки аз маркази вилояти Тошканд тавассути Бекобод ба Янгиер меравад; бунёди роҳи нави тезгарде, ки ба Самарқанд мебарад; оғози корҳои асосӣ дар фурудгоҳи нави Тошканд...

Ба назарам, ҳайратҳоям дигар интиҳо нахоҳанд дошт.

Ба ҷойи охирсухан

Варзишро дӯст медорам. Хайрулло ном рӯзноманигоре, ки аз шавқи камина ба ин соҳа вуқуфи комил дошт, охири солҳои навадум барои яке аз рӯзномаҳои варзишӣ бо инҷониб суҳбате орост.

– Инак, тими футболи Ҷопон ба финали чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифт, – гуфт ӯ. – Мо кай дар чемпионати ҷаҳон ширкат меҷӯем?

– Акнун, бародар, –гуфтам ва як лаҳза воқеияти гирду атрофро пеши назар оварда афзудам: – интизор мешавем, ки кишвари мо мисли Япония рушд кунад...

Ба орзуямон расидем. Футболбозони мо роҳхати финалро ба даст оварданд. Пас... мо низ ба Япония монанд шуда истодаем? Магарам чунин аст. Ба ҳар ҳол, суръати рушди мо аз кишвари тулӯи офтоб баландтар аст.

Бовари комил дорам, ки ҳамин тавр хоҳад шуд!

Зеро барои сохтани имрӯз ва фардои Ватани мо инсоне камар бастааст, ки ватандӯст, мардумпарвар, чашмикордон ва одил аст!

Усмон Азим,

Шоири халқии Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: