Дар китоби «Аҳмадҷон Мухторов – дар хотираи ҳамзамонон» гап дар бораи шахсе меравад, ки дар журналистикаи нимаи дуюми асри гузаштаи ҷумҳурӣ нақши ногусастанӣ гузоштааст.
Барои Аҳмадҷон Мухторов хусусан давраи фаъолияташ дар солҳои «бозсозии горбачёвӣ» ва давраи оғози истиқлолият пуртаҳлукаву ноором буд.
Замони роҳбарии ӯ аввал аз рӯзномаи вилоятии Самарқанд шурӯъ гардид ва баъдан ба пойтахт даъват шуд, то ки ба рӯзномаҳои «Қиш-лоқ ҳақиқати» – «Сельская правда»-ро роҳбарӣ намояд. Вақте расид, ки баробари аз байн рафтани яккаҳизбии коммунистӣ, нашрияҳо ба ҳизбӣ ва ғайриҳизбӣ тақсим шуданд ва зарурат пеш омад, ки рӯзномаҳои ҳукуматӣ ва парлумонии алоҳида таъсис дода шаванд.
Ҳамин тариқ рӯзномаҳои «Халқ сӯзи» – «Народное слово» соли 1989 бо кӯшишу ҳаракати Аҳмадҷон Мухторов арзи вуҷуд карданд. Ӯ инчунин чун раиси Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ депутати халқии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб гардида, аз соҳаи журналистикаи на танҳо Ӯзбекистон, балки тамоми минтақа намояндагӣ менамуд ва манфиатҳои соҳаро дар зинаҳои мухталиф дифоъ мекард.
Дар китоб бештар аз 40 муаллиф бо матлаби худ ба се забон – ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ аз хусуси ҳамкории хотирмон бо Аҳмадҷон Мухторов ва шуҷоати касбии ӯ нақл кардаанд, ки он бо кӯшиш ва ҳиммати журналисти собиқадор Раҳимҷон Султонов ба чоп расидааст.
Дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон, ки рӯнамоии китоб ба вуқӯъ пайваст, ҳамкасбон ва шогирдон аз хусуси замони ҳамкорӣ ва сабақашон аз «мактаби Мухторов» ва умуман аз лаҳзаҳои ҷолиби рӯзгори марҳум нақлҳо карданд.
Шоистаи зикр аст, ки ӯ чун журналисти ҳақиқӣ, бо вуҷуди ин ки дар вазифаи сармуҳаррирӣ буд, бо имзоҳои «А.Ғуломов ва А.Ғуломзода» дар «Овози тоҷик» низ мақолаву хабарҳои ҷолиб чоп мекард.
Т. Икромов.