Палеонтологҳои Таиланд устухонҳои як динозаври бузургҷуссаро кашф намуданд. Ин зауроподи азим тақрибан 113 миллион сол пеш зиндагӣ карда, дарозиаш 27 метр ва вазнаш 28 тоннаро ташкил медод.
Боқимондаҳои як динозаври гиёҳхӯри қадимӣ дар вилояти шимолу шарқии Чайяпхум дар Таиланд кашф карда шуданд. Аввалин пораҳои устухонро сокинони маҳаллӣ пайдо карданд ва олимон чанд сол боз кофтуков мекунанд. Муҳаққиқон қисмҳои сутунмӯҳраҳо, қабурғаҳо, коси хурд ва дасту пойҳо, аз ҷумла як устухони humerus-и 1,78 метрро пайдо карданд.
Навъи нав, ки Нагатитан chaiyaphumensis ном дорад, як динозаври зауроподи вазнин, сари хурд, гардани дароз ва бедум аст. Зауроподҳо бузургтарин ҳайвоноти заминӣ мебошанд, ки то кунун зиндагӣ кардаанд.
Олимон тахмин мекунанд, ки Нагатитан аз 25 то 28 тонна вазн дошт. Гарчанде ки косахонаи сар ва дандонҳои он пайдо нашудаанд, палеонтологҳо боварӣ доранд, ки мисли дигар зауроподҳо, он асосан аз сӯзанбаргҳо ва папоротникҳо(сарахсҳо) ғизо мегирифт. Тибқи гузориши Kazinform, Нагатитан бо вуҷуди дарозӣ ва вазнаш аз динозаврҳои бузурги Амрикои Ҷанубӣ - Аргентинозавр ва Патаготитан, ки беш аз 30 метр дарозӣ доштанд, хурдтар буд.