Дар Чин роботи азими механикии GD01 муаррифӣ гардид, ки онро аввалин роботи трансформери идорашаванда дар ҷаҳон меноманд.
Ба иттилои Euronews, истеҳсоли оммавии ин навоварӣ аллакай оғоз шудааст. Лоиҳаро ширкати Unitree Robotics таҳия кардааст.
Ин робот тақрибан се метр баландӣ дошта, метавонад ҳам дар чор по ҳаракат кунад ва ҳам ба ҳолати ду по гузарад. Дар навори таблиғотӣ нишон дода шудааст, ки GD01 ҳатто девори аз блокҳои бетонӣ сохташударо ба осонӣ вайрон мекунад.
Хусусияти ҷолиби робот дар он аст, ки барои оператор кабинаи махсус дорад. Яъне инсон метавонад дар дохили он нишаста, роботро мустақиман идора намояд. Ширкат ин маҳсулотро «аввалин роботи механикии трансформери идорашаванда дар истеҳсолот» арзёбӣ кардааст.
Нархи ибтидоии GD01 3,9 миллион юан ё тақрибан 500 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Аммо истеҳсолкунандагон то ҳол маълумоти пурра дар бораи ғунҷоиши батарея, суръати максималӣ ва вақти барқгирии онро нашр накардаанд.
Ба гуфтаи созандагон, робот танҳо барои мақсадҳои мулкӣ пешбинӣ шудааст. Пешбинӣ мешавад, ки аз он дар соҳаҳои саноат, амалиётҳои наҷотдиҳӣ, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва ҳатто сайёҳӣ истифода баранд. Бино ба иттилои korrespondent.net, ин гуна роботҳо махсусан дар минтақаҳои хатарноке, ки дастрасӣ ба онҳо бо техникаи маъмулӣ мушкил аст, бисёр муфид хоҳанд буд.