Дандонҳои бемор ба дил ва мағзи сар чӣ хатар доранд?

Бемориҳои милки дандон, аз ҷумла пародонтит, танҳо мушкили даҳон нестанд. Табибон ҳушдор медиҳанд, ки чунин бемориҳо метавонанд ба фаъолияти дил, мағзи сар ва ҳатто тамоми организм таъсири ҷиддӣ расонанд.

Ба гуфтаи мутахассиси рус М. Лабухин, бактерияҳое, ки дар натиҷаи илтиҳоби милки дандон пайдо мешаванд, метавонанд тавассути ҷараёни хун ба узвҳои дигар паҳн шаванд. Дар натиҷа, хатари бемориҳое чун гипертония, атеросклероз ва ҳатто сактаи мағзӣ зиёд мегардад.
Табиб шарҳ медиҳад, ки бактерияҳо ҳангоми хоидан ё шустани дандон метавонанд ба хун ворид шаванд. Агар масунияти инсон қавӣ бошад, организм онҳоро зуд безарар мекунад. Аммо вақте милки дандон муддати дароз илтиҳобшуда мемонад, бактерияҳо пайваста ба рагҳои хун таъсир расонида, боиси илтиҳоби онҳо мешаванд.
Ин раванд ба кори дилу рагҳо зарар мерасонад ва эҳтимоли пайдоиши бемориҳои вазнинро бештар мекунад.
Илова бар ин, дарди доимии дандон ва милки дандон ба хоидани дурусти ғизо халал мерасонад. Дар чунин ҳолат меъда ва рӯдаҳо маҷбур мешаванд ғизои хуб нахоидашударо ҳазм кунанд, ки ин метавонад сабаби мушкилоти ҳозима гардад. Ба гуфтаи мутахассис, баъзан одамон солҳои зиёд гастритро табобат мекунанд, дар ҳоле ки сабаби аслии он метавонад маҳз бемории милки дандон бошад.
Аз ин рӯ, табибон тавсия медиҳанд, ки ба саломатии дандон ва милки он беаҳамиятӣ накарда, мунтазам аз муоинаи дандонпизишк гузаранд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: