Дар Русия пешниҳод шудааст, ки афроди то 39-сола ҷавон ҳисобида шаванд

Ин пешниҳод ба он асос меёбад, ки имрӯз давомнокии умри инсон бештар гардида, одамон нисбат ба пештара дертар пир мешаванд.

Дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС, яке аз мутахассисони Вазорати тандурустии Русия – Олга Ткачева изҳор доштааст, ки марзҳои синну сол тадриҷан тағйир меёбанд.
"Умуман, давомнокии умри инсон афзоиш меёбад, марзҳои синну сол тағйир меёбанд. Одамон нисбат ба синну солашон сусттар пир мешаванд", мегӯяд гериатр Ткачева. Духтур қайд кард, ки ин аз он сабаб аст, ки одамон метавонанд муддати тӯлонӣ фаъол бошанд ва намуди зоҳирии худро нигоҳ доранд. Илова бар ин, бо сабаби афзоиши давомнокии умр, имкониятҳо барои омӯхтани касбҳои нав, таҳсил ва касб кардан вуҷуд доранд. Қобили зикр аст, ки гериатр мутахассиси тиббӣ аст, ки чораҳоеро барои ташхис ва пешгирии рушди бемориҳо дар пиронсолон меандешад.
Қобили зикр аст, ки ҳоло дар Русия афроди аз 14 то 35-сола ҷавон ҳисобида мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: