“Чапапойи сеҳргар”: филме дар бораи варзиш, ирода ва адолат

  • “Чапапойи сеҳргар”: филме дар бораи варзиш, ирода ва адолат
  • “Чапапойи сеҳргар”: филме дар бораи варзиш, ирода ва адолат
  • “Чапапойи сеҳргар”: филме дар бораи варзиш, ирода ва адолат

Дар хонаи кинои «Ренессанс»-и Тошканд нахуст намоиши пӯшидаи филми “Чапапойи сеҳргар” (“Сеҳрли чапақай”) баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, ки таҳти ҳамкории Агентии кинематография, Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон, Маркази маънавият ва маърифат, Маркази омодасозии контент барои воситаҳои ахбори оммавии назди Дастгоҳи Президент, Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Your films entertainment” ташкил гардид, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аҳли фарҳангу варзиш ва кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.

Намоишро директори Агентии кинематографияи назди Вазорати фарҳанг Шуҳратулло Ризоев ифтитоҳ бахшида, таъкид кард, ки филми бадеии “Чапапойи сеҳргар” бар пояи рӯйдодҳои воқеӣ наворбардорӣ шуда, арзишҳои варзишӣ, оилавӣ ва ҷамъиятиро дар худ таҷассум мекунад. Ин филм ба тамошобин ангезаи бузурги рӯҳӣ, эътимод ва эҳсоси талош барои пирӯзиро мебахшад.

– Дар меҳвари филм муносибатҳои падару фарзанд, меҳру муҳаббати модар, тарбия, дӯстӣ ва рӯҳияи ҳамбастагӣ қарор дорад, – иброз дошт муаллифи сенария ва коргардони филм Ҳабибуллоҳ Ҳайдар. – Зимни тамошои филм бинанда бо роҳи пурмашаққати зиндагии қаҳрамони асосӣ – Акбар ошно мешавад. Дар филм санҷишҳое, ки ин навраси бомаҳорат аз сар гузаронидааст, муқобилияти падар, дастгирии модар, мубориза бар зидди мағлубият ва ноумедӣ, бо қатъият ба сӯи ҳадафи бузург ҳаракат кардани ӯ бо услуби амиқи драмавӣ инъикос шудааст. Бо як сухан, “Чапапойи сеҳргар” на танҳо филм дар бораи варзиш, балки қиссаи таъсиргузор роҷеъ ба инсондӯстӣ, ростқавлӣ, адолат ва ирода низ мебошад.

Таъкид шуд, ки мақсад аз лоиҳа рӯҳбаланд намудани насли ҷавон ба ватандӯстӣ, азму ирода ва тарзи ҳаёти солим, инчунин тарбияи онҳо ҳамчун инсонҳои комил мебошад. Ҳамзамон, филм ислоҳотеро, ки дар соҳаи варзиши кишвар амалӣ мегардад, имкониятҳое, ки дар ин самт фароҳам шудаанд ва натиҷаҳои амалии онҳоро ба ҷомеаи васеъ муаррифӣ мекунад.

Ёдовар мекунем, ки дар он нақшҳои асосиро Сироҷиддин Сатторов, Муҳаммад Нурмуҳаммадов, Тоҳир Саидов, Шаҳло Темирова, Ӯлмас Темур, Ардашер Абдулҳай ўғли ва Мурод Насимов иҷро кардаанд.

Ф.ЙӮЛДОШЕВ,

мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: