Маҳфили «Лоиқхонӣ» баргузор гардид

  • Маҳфили «Лоиқхонӣ»   баргузор  гардид
  • Маҳфили «Лоиқхонӣ»   баргузор  гардид
  • Маҳфили «Лоиқхонӣ»   баргузор  гардид

Имрӯз дар мактаби таълими умумии рақами 11-уми ноҳияи Сӯх бахшида ба 85-солагии шоири маҳбуб Лоиқ Шералӣ чорабинии адабӣ баргузор гардид.

Дар ин маҳфили маърифатпарварона хонандагони мактаб фаъол иштирок намуда, бо шавқу муҳаббати хос аз рӯзгор, фаъолияти эҷодӣ ва ҷойгоҳи шоир дар адабиёти муосири тоҷик суханронӣ карданд.
Донишомӯзони синфҳои болоӣ ғазалу шеърҳои пурмазмун ва ватандӯстонаи шоирро бо маҳорати баланду эҳсоси самимӣ қироат намуда, фазои маҳфилро саршор аз меҳри сухан ва арҷгузорӣ ба адабиёти миллӣ гардониданд. Ҳамчунин бо дастгирӣ ва роҳнамоии омӯзгори фанни мусиқӣ Нурбек Мирзоев суруди машҳури «Ману дарё»-и Лоиқ Шералӣ аз ҷониби донишомӯзи синфи V Шаббона Равшанова бо садои дилнишин иҷро гардида, ба чорабинӣ рӯҳу таровати тоза бахшид.
Дар анҷоми маҳфил шуъбаи маънавият ва маърифати мактаб ва аъзои иттиҳодияи фанҳои филологӣ барои ташкилу баргузории чунин чорабинии пурмазмуну тарбиявӣ ба ташкилкунандагон изҳори сипос намуданд.
Чорабинӣ бори дигар собит сохт, ки осори Лоиқ Шералӣ ҳамоно дар қалби хонандагон ҷойгоҳи вижа дошта, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, арҷгузорӣ ба забону адабиёт ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад.

Ҳ.РАҲМАТОВ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: