Рӯнамоии китоби «365 рӯз дар фикру хаёли Ватан» баргузор шуд

  • Рӯнамоии китоби «365 рӯз дар фикру хаёли Ватан» баргузор шуд
  • Рӯнамоии китоби «365 рӯз дар фикру хаёли Ватан» баргузор шуд

Дар Маркази омодасозии контент барои воситаҳои ахбори оммаи назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида ба рӯнамоии китоби «365 рӯз дар фикру хаёли Ватан» («Юрт қайғусида 365 кун»), ки фаъолияти пурмаҳсули Президенти кишвар Шавкат Мирзиёевро дар соли 2025 инъикос менамояд, чорабинии адабӣ баргузор гардид.

Зиёиёни эҷодкор, шоиру нависандагон, олимон, намояндагони воситаҳои ахбори омма, журналистони собиқадор ва ҷавонону донишҷӯён иштирокдорони чорабинӣ буданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Шуҳрат Ориф, сармуҳаррири рӯзномаҳои «Янги Ӯзбекистон» ва «Правда Востока» Салим Дониёров, раҳбари Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ Отабек Ҳасанов, раиси Иттифоқи нависандагон, Шоири халқии Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид, сармуҳаррири маҷаллаи «Жаҳон адабиёти» Аҳмадҷон Мелибоев ва дигарон таъкид карданд, ки ислоҳоти дар амали кишвар бебозгашт буда, дар ҳаёти ҳар як ҳамватан инъикос меёбанд ва имрӯз Ватани азизамон дар ҷаҳон ҳамчун Ӯзбекистони Нав  шуҳрати торафт бештар пайдо мекунад.

– Ин дигаргуниҳои оламшумул ба шарофати фидокорӣ, матонат, меҳнати пурмашаққат ва татбиқсозии ташаббусҳои бузурги ҳаётии Президенти мо нисбат ба халқу диёр амалӣ мегарданд, – гуфт Журналисти шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Салим Дониёров. – Албатта, ин дигаргуниҳои мусбат дар як ё ду китоб ғайриимкон аст. Имсол аз оғози равандҳои навсозиҳои куллӣ дар кишварамон 10 сол пур мешавад. Ҳар рӯз дар мавриди рушди кишвар, ободӣ, оромӣ ва ҳамқадам шудани он бо ҷаҳон навигариҳои зиёд рӯй медиҳанд. Дар оянда дар ин бора омода кардани боз як силсила китобҳо дар назар аст.

Тавре дар чорабинӣ таъкид гардид, китоби «365 рӯз дар фикру хаёли Ватан» маҷмӯаи фарогирест, ки фаъолияти гуногунҷабҳаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро дар давоми соли 2025, инчунин, корҳоеро, ки дар соҳаҳои идораи давлатӣ, дипломатияи байналмилалӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, устувории экологӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, илму фан, таълим ва фарҳанг амалӣ гардидаанд, дар асоси манбаъҳои ҳуҷҷатӣ, шарҳҳои таҳлилӣ ва аксҳо дар бар гирифтааст.

Китоб ҳамчун як манбаи муҳими сиёсиву ҳуҷҷатӣ миқёси таърихии ислоҳоти дар мамлакат татбиқшуда, тамоюлҳои нав дар идораи давлатӣ ва модели рушдро бо устувории қадри инсон инъикос мекунанд.

Дар китоб мазмуну моҳияти ислоҳоти густурда, ки тӯли соли 2025 иҷро шудаанд, пайгирона баён гардидааст.

Бахусус, дар саҳифаҳои китоб бобати  суръати рушди иқтисодӣ, фаъолнокии инвеститсионӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, коҳиши сатҳи нодорӣ, таъминсозии шуғли аҳолӣ, густариши сиёсати иқтисодиёти «сабз», таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва боло рафтани нуфузи ҷаҳонии Ӯзбекистони Нав факту далелҳои муҳим ҷой гирифтаанд.

Инчунин, дар китоб мулоқоти бевоситаи роҳбари давлат бо халқ, сафарҳо ба минтақаҳо, иштирок дар ҳамоиш ва музокироти байналмилалӣ, равобити шарикии стратегӣ, ташаббусҳо оид ба экология, энергетика, технологияҳои рақамӣ, мудофиа, сиёсати хонаву манзил ва рушди маънавию маърифатӣ ҳамчун як раванди яклухти таърихӣ талқин карда шудаанд.

Дар китоби тозанашр равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки дар давоми сол рух додаанд, дар асоси пайдарҳамии муайяни хронологӣ инъикос гардидаанд. Китоб мувофиқи моҳҳо тартиб дода ва дар аввали ҳар як моҳ самтҳои асосии фаъолияти Президент мухтасар ҷамъбаст шудааст.

Дар китоб истифодаи ҳамоҳанги маълумоти оморӣ, шарҳҳои таҳлилӣ, иқтибосҳо, фактҳо оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, аксҳо ва маводи иловагие, ки тавассути QR-кодҳо пешниҳод шудаанд, арзиши иттилоотии онро боз ҳам бештар мекунанд.

Нашри «365 рӯз дар фикру хаёли Ватан» дар баробари доираи васеи китобхонҳо, барои сиёсатшиносон, муаррихон, муҳаққиқон, коршиносони муносибатҳои байналмилалӣ, журналистон, ҷавонону донишҷӯён ва мутахассисоне, ки ба омӯзиши амиқи равандҳои ислоҳот дар Ӯзбекистони Нав таваҷҷӯҳ доранд, чун манбаи муҳим хидмат хоҳад кард.

Назокат УСМОНОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: