«Писархонду устод будам...»

  • «Писархонду устод будам...»
  • «Писархонду устод будам...»

(Хотираҳои Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев дар бораи устод Лоиқ Шералӣ)

Хотираи аввал: “Ҷавонӣ рафт”

Ман писархонди устод Лоиқ будам. Якҷоя бисёр рӯзҳоро паси сар кардем. Ҳатто шабҳо бо ҳам будем. Гоҳе, агар шаб шеър эҷод мекарданд, ман ҳамоно ба он оҳанг мебастам. Баъзан устод оҳанги маро қабул намекарданд. Рӯйрост мегуфтанд, ки «Не! Ин намешавад!» Устод як гап доштанд. «Не!» – гӯянд, баҳс намекардем. Вақте ки шеъри «Ҷавонӣ рафт»-ро оҳанг бастам, устод гуфтанд, ки «ин шеърро ҳама мехонад» ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Чанд шеъреро, ки мардум хуб қабул карданд: «Ту дигар ба пешвозам дами дар намебароӣ», «Бе дарди дил касест, ки дилбар надоштаст», «Чӣ хабар, чӣ ҷангу даъво, ту напурсу ман нагӯям», «Сино расид бар сарам, дардам даво нашуд» ба худи устод Лоиқ Шералӣ низ писанд омада буданд. Табъи мусиқифаҳмии устод хеле баланд буд.

Хотираи дувум: Аз «Офтобборон» то «Сурудборон»

Вақте ки устод китоби «Офтобборон»-ро ба ман туҳфа карданд, ки чунин соядаст дошт:

«Додаракам Афзалшоҳ, хизмати ёрон бикун,

Ман «Офтобборон» кардам, ту «Сурудборон бикун».

Ҳашт сол пеш, китоби «Сурудборон»-и ман ҳам чоп шуда буд. Китоби дуюми «Сурудборон»-ро омода карда истодаам, ки дар он шеърҳои хондаамро ба нота гирифтаам. Он барои муҳассилини мактабҳои мусиқӣ муфид хоҳад буд.

Хотираи сеюм: Зодрӯзи охирин

Шаби 19-уми май ба хонаашон рафтам ва пурсидам, ки имсол зодрӯзатонро дар куҷо қайд мекунем?

– Дар боғи Комсомол (кӯли Ҷавонон).

– Дигар ҷо не?

– Не, ҳамон ҷо.

Ҳамон рӯз гӯсфанд куштем ва барои 40 нафар дасторхон тайёр кардем. Устод Сорбон – Нависандаи халқии Тоҷикистон ош пухтанд. Вақте ки ҳама чиз тайёр шуд, рафта устодро бо мошин овардам. Ҳама шоиру нависандагон омада буданд ва ман аз шеърҳои нави устод якчанд суруд хондам. Ҳама дуо кардему ҳангоми хестан устод Лоиқ гуфтанд:

– 60-солагии ман дар он тарафи роҳ мешавад!

– Дар Фрунзе? – варзишгоҳи марказии ба номи Фрунзеро дар назар дошта пурсидам ман. – 500 дег ош дам мекунем.

Бо шӯхӣ гуфтанд:

– 500 зиёд аст, 60 дег монед бас.

Он кас он тарафи роҳ гуфта қабристони «Лучоб»-ро дар назар дошта будаанд. Дар ҳамон ҷо як шеър ҳам гуфта буданд, ки ман онро аз забони худашон аз ёд карда будам:

Бар шаст расидаму зи шаст уфтодам,
Аз қуллаи мақсуд ба паст уфтодам.

Оҳуи рамидаи тапишҳо будам,
Ба пойи худ омадам, ба даст уфтодам.

Таҳияи Собир Эргашев,

омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Фориш.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: