Ману Лоиқ ҳамсинну солем ва ҳар ду соли 1941, пеш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ, тавлид шудаем: ман дар моҳи январ, Лоиқ – дар моҳи май.
Робитаи камина бо адибон ва олимони тоҷик аз нимаи дуюми солҳои 60 оғоз гардида, то ҳол муттасил давом дорад.
Ман дар бораи вохӯрӣ, мулоқот ва суҳбатҳо бо олимону адибони тоҷик гуфтаниҳои зиёд дорам, лекин ҳоло танҳо дар бораи як нафар суханвари нотакрор, шоири рангинхаёл ва ширинбаён Лоиқе, ки баъди ҳазор сол дар диёри сардафтари шоирон – Рӯдакӣ ба майдон омада, шуҳрат пайдо кардааст, баъзе лаҳзаҳо ва вохӯриҳо бо ӯ дар Душанбею Самарқанд баён карданӣ ҳастам.
Ҳар боре ки, ба Душанбе мерафтам, албатта ба идораи Иттифоқи нависандагон, ки дар он ҷо идораҳои «Садои Шарқ» ва «Адабиёт ва санъат» ҳам ҷойгир аст, медаромадам.
Замоне дар ин ҷо Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Муъмин Қаноат, Убайд Раҷаб, Лоиқ Шералӣ, Ибод Файзуллоев, Адаш Истад, Шодон Ҳаниф, Масъуд Муллоҷонов, Меҳмон Бахтӣ, Абдулҳамид Самад, Гулназар, Камол Насрулло, Гулчеҳра Сулаймонӣ ва чандин суханварону суханшиносон барои рушду нумӯи адабиёт, тарғиби он тавассути матбуот дар вазифаҳои гуногун саъю кӯшиш ба харҷ додаанд. Ва ҳар бор ман Лоиқро дар ҳамин ҷо пайдо мекардам ва суҳбати мо, албатта, оиди вазъи забон, маърифат ва фарҳанги тоҷикони Самарқанд мерафт.
Ҳар боре ба Душанбе мерафтам барои нашрияҳои Тоҷикистон намунаҳо аз осори суханварони Самарқандро мебурдам. Агар шеър бошад ба Лоиқ, наср бошад ба Фотеҳ Ниёзӣ ва ё Фазлиддин Муҳаммадиев, мақолаҳои илмӣ бошанд ба Расул Ҳодизода ва Муҳаммадҷон Шукуров, агар оиди забон бошанд, ба устод Зеҳнӣ ва Раззоқ Ғаффоров, оиди рӯзноманигорӣ бошанд, ба Адаш Истад, оиди санъатшиносӣ бошанд, ба Ато Аҳроров ва Ҳазрат Сабоҳӣ, оиди радио бошанд, ба Иноят Насриддин ва Субҳон Раҳматов месупурдам.
Натиҷаи ҳамин сафару суҳбатҳо буд, ки ҳанӯз ҳамон солҳо шеърҳои шоирони ҷавони Самарқанд Салим Кенҷа, Ҳамроқул Даврон, Акбар Пирӯзӣ таҳти назари Лоиқ дар журнали «Шарқи Сурх» (ҳоло «Садои Шарқ»), рӯзномаҳои «Маориф ва маданият» (минбаъд «Омӯзгор» ва «Адабиёт ва санъат»), «Комсомоли Тоҷикистон» (дертар «Ҷавонони Тоҷикистон») ва ғайра нашр мешуданд.
Бо маслиҳат ва дастгирии Лоиқ ва даву този зиёди банда, нашр шудани баёзи назму насри «Гулдастаи Самарқанд» ва китобҳои шеърии ҷавоншоирони Самарқанд рӯйдоди адабие дар ҳаёти тоҷикони Ӯзбекистон буд.
Лоиқ дар ҳайати адибон ва олимон, эҷодкорони «Садои Шарқ» борҳо меҳмони расмии Самарқанд шуда буд.
Солҳои 80 таҳти роҳбарии банда дар Самарқанд маҳфили эҷодкорони тоҷик бо номи «Сайқал» созмон дода шуд. Мо бо дархости эҷодкорони ҷавон ба маҷлисҳои маҳфил аз Душанбе адибон ва олимонро даъват мекардем, ки дар сатри аввали ин рӯйихат Лоиқ меистод. Вай ҳар бор адибон ва олимони суханшиносро ҳамроҳи худ гирифта меовард.
Ман хуб дар хотир дорам, ки Лоиқ боре бо Фотеҳ Ниёзӣ, Расул Ҳодизода, Атахон Сайфуллоев, Раҷаб Амонов, Убайд Раҷаб, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Меҳмон Бахтӣ, Баҳром Фирӯз, Қутбӣ Киром, Камол Насрулло, Наримон Бақозода, Ҷӯрахон Бақозода, Ибод Файзуллоев, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Абдураҳмон Абдуманнонов ба Самарқанд омада буд. Мо бо онҳо дар маҳфили «Сайқал», Донишгоҳи давлатии Самарқанд, мактабҳои тоҷикии шаҳри Самарқанд ва ноҳияҳои Самарқанд, Ургут, Тайлоқ, Нуробод, Пастдарғам вохӯриҳо ташкил карда будем.
***
Салим Кенҷа дар вохӯрие шеъри худро, ки дар он шароб сахт мазаммат шуда буд, ба Лоиқ хонд. Лоиқ гуфт:
– Ҳар дуямон ҳам шаробро дӯст медорему ту чаро онро сахт мазаммат кардӣ? Шаробро аз байн бардоранд чӣ мешавад?
Салим Кенҷа фавран гуфт:
– Ба хотири он, ки майзадаҳо шеъри маро хонда аз шаробнӯшӣ даст кашанду ба ману ту шароб бештар монад.
– Ин тавр бошад, навиштан гир! – гуфт бо лутф Лоиқ.
***
Боре мо бо Лоиқ ва нависандаи хушбаёни самарқандӣ Болта Ортиқзода барои вохӯрӣ бо мактабиён роҳи деҳаи Оқсойро пеш гирифтем.
Ин сафар дар моҳи май, дар арафаи зодрӯзи Лоиқ ба вуқӯъ пайваста буд.
Додарзодаам Назирҷон сари чанбари мошин. Дар роҳ саҳрои лолазор ва гулҳои рангоранги баҳориро дида, Лоиқ ба ронанда фармуд, ки мошинро боздорад.
Ва ӯ аз мошин фаромаду даҳ қадам ба ақиб ва боз даҳ қадам ба пеш гашту гузор карда, ба манзараҳои дилфиреби дашти лолазору гулҳои баҳорӣ нигоҳ карда, шеър замзама мекард.
Баъди 5-7 дақиқа ба мошин нишасту то ба Оқсой расиданамон дар таърифи баҳору гулу лола шеър гуфт.
Аксарияти шеърҳои Лоиқ бадоҳатан дар таърифи ҳаёт ва манзараҳои гирду атроф офарида шудаанд.
Шеърҳои ӯ «Рангҳо» ва «Катиба дар рӯйи нони Самарқанд» низ ҳангоми сайру саёҳат бо мо дар Регистон ва бозори Сиёб навишта шудаанд.
Вақте дар бозори Сиёб гаштугузор мекардем, Лоиқ гуфт:
– Ба мардуми Самарқанд ҳайронам. Чаро фарзандони худро ба мактабҳои тоҷикӣ намемонанд. Зеро ҳар бачаи самарқандӣ, ки чор маротиба ба бозори Сиёб омада савдо кунад, забони ӯзбекиро зуд меомӯзад.
***
Лоиқ соли 1984 дар ҳайати адибон ва олимони Тоҷикистон барои иштирок ба Рӯзҳои адабиёти шӯравӣ дар Ӯзбекистон ба Самарқанд низ ташриф оварда буд. Ҳамон рӯзҳо 70-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзиро низ ҷашн гирифта будем ва ҳайати меҳмонон дар атрофи 60 нафар олимону адибон аз Маскав, Ленинград ва ҷумҳуриҳои иттифоқ ва мизбонон – олимону адибони маҳаллӣ ба боғҳавлии мо ташриф оварданд. Базми шеъру адаб ва савту суруд аз соати 6-и бегоҳӣ то соати 2-и шаб давом кард. Ҳама бо навбат суханронию шеърхонӣ мекарданд. Лоиқ вақте шеъри «Зинда бод»-ро хонд, ҳама бо кафкӯбӣ истиқбол намуданд.
Дар ҳамин вохӯрӣ ҳама адибону олимон ба ман китобҳои худро бо дастхат тақдим карда буданд, ки дар байни онҳо китоби Лоиқ «Варақи санг» ҳам ҳаст.
Лоиқ, дар навбати худ, маро низ ба анҷуману чорабиниҳои адабӣ ва маърифатӣ ба Душанбе даъват мекард.
Иштироки банда дар Анҷумани даҳуми нависандагони Тоҷикистон ва баромадам оиди вазъи адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон низ бо маслиҳат ва дастгирии Лоиқ ба вуқӯъ пайваста буд. Дар ин анҷуман бино ба хоҳиши Лоиқ дар раёсат дар паҳлуи Котиби якуми Кумитаи Марказии ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов нишаста, ба вай низ баъзе дархостҳои тоҷикони Ӯзбекистонро расонида будам. Матни баромади инҷониб дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» нашр шуда буд...
Бино бо даъвати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ман бо ҳамроҳии яке аз фаъолони Иттиҳодияи маданӣ-иҷтимоии тоҷикони Самарқанд, маърифатпарвар ва шефтаи забон ва адабиёти тоҷик Шамсии Саъдӣ барои иштирок ба тантанаи ҷашни 50-солагии Лоиқ ба Душанбе сафар карда будем.
Ба инҷониб муяссар гардид, ки дар маҷлиси пуршукӯҳе, ки дар Кохи Борбод баргузор шуда буд, соҳибҷашнро аз номи мардуми Самарқанд табрик гӯям.
Бори охир Лоиқ ба Самарқанд соли 1998 дар ҳайати иштирокчиёни «Рӯзҳои адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон» омада буд.
Ин ҳайат нахуст ба Тошканд омада, аз он ҷо ба се гурӯҳ тақсим шуда, як гурӯҳ ба водии Фарғона, гурӯҳи дигар ба Хоразму Қароқалпоқистон ва гурӯҳи сеюм ба Самарқанд омада буданд.
Дар гурӯҳи Самарқанд Муъмин Қаноат ва Ӯлмас Ҷамол буданд. Лоиқ дар ҳайати гурӯҳи дигар буд. Ҳар се гурӯҳ дар ҷамъбасти «Рӯзҳо...» ба Самарқанд омаданд.
Бо сайъу эҳтимоми Лоиқ ба шарафи ин «Рӯзҳо...» маҷмӯаи шеърҳои дӯстамон Ҷонибек Қувноқ бо номи «Саховат» дар Душанбе нашр шуда будааст. Ҳамон рӯз нусхае аз он китобро ба ман тақдим кард.
Соли 2000 хабари фавти дӯсти беҳамтоям Лоиқи зиндаёд маро сахт ғамгин карду ба ёдаш ғайри «Худо раҳмат кунад ва ҷояш дар ҷаннат бошад!» чизе гуфта натавонистем.
Ҳамон солҳо вазъи байни Тоҷикистону Ӯзбекистон хеле муташанниҷ буд. Ба Душанбе ташриф овардани ман танҳо соли 2004 барои иштирок дар ҷашни 70-солагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муяссар шуд.
Нахустин хоҳиши маро, ки дӯстамон Меҳмон Бахтӣ ҳангоми ташриф ба Душанбе ба ҷой овард, ин зиёрати қабри Лоиқ дар қабристони Лучоб буд. Гарчи Лоиқ аз байни мо рафтааст, лекин номи некаш ва ашъори пурбаракаташ ҳамеша дар дилу дидаҳост.
Ҳоло ҳар боре, ки ба Панҷакент меравам, пайкараи барқади шоирро, ки дар назди Кохи фарҳанги ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ гузоштаанд, зиёрат менамоям.
Аслиддин Қамарзода,
узви иттифоқҳои нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон.