(Мухаммас бар ғазали Лоиқ Шералӣ)
Бахт чун гардад забун субҳи сафоят меравад,
Мансабат аз каф равад нашъунамоят меравад,
Аз бари ту дӯсти шуҳратгадоят меравад,
«Ошу нонат чун адо шуд, ошноят меравад,
Аз наво чун бозмондӣ, ҳамнавоят меравад».
Зиндагонӣ кай кунад моро дар ин олам биҳил?
Дасттангиҳо кунад моро дар ин саҳро хиҷил,
Пайкари мо хушк гардад, резад аз ҳам обу гил,
«Шоҳиди ранги муҳаббат ҳар нафас аз боғи дил,
Гул наёрӣ, дилбари гулгунқабоят меравад».
Мекашад гардун туро дар банди ҳар макру ҳиял,
Мерасонад бар туву қасри умеди ту халал,
Ронадат аз ин дари олам ба як ҳукми аҷал,
«Меравӣ аз даст, чун дастат бимонад аз амал,
Поят аз раҳ бозмонад, радди поят меравад».
Даври гардун кай биҷӯяд бар ғаму дардат илоҷ?
Афканад дилдодааш худро ба рӯди эҳтиёҷ,
Ҷони ту бистонад аз тан гӯиё бар ҷойи боҷ,
«Доварии халқ мизоне надорад якмизоҷ,
Як бадӣ кардӣ, тамоми некиҳоят меравад».
Гар ту дорӣ молу зар ин қавм ҳамрози туянд,
Рӯ ба майдони садоқат ҷумла ҳамбози туянд,
Гӯш гашта ҷумлае муштоқи овози туянд,
«Пешсаф бошӣ, ҳазорон сафдар анбози туянд,
Чун зи саф берун бияфтодӣ, сафоят меравад».
Гардиши гетӣ барад фасли баҳоратро ҳама,
Пур зи хуни дил намояд лолазоратро ҳама,
Маҳв гардонад бақои обшоратро ҳама,
«Дори дунё мехӯрад дору надоратро ҳама,
Оҳу афсӯсу надомат аз қафоят меравад».
Эй сафарнодида, рӯзе роҳ ояд назди ту,
Ташнагонро рӯд гардӣ, чоҳ ояд назди ту,
Гар кунӣ партавфишонӣ, моҳ ояд назди ту,
«Гар гадои шоҳтабъӣ, шоҳ ояд назди ту,
Шоҳи мумсиктинатӣ, аз дар гадоят меравад».
Қуввати бозуи ту як умр бар ту муттакост,
Неҳ қадам мардона дар ин дори дун бо роҳи рост,
Қомати дунҳимматон аз бори ин олам дутост,
«Ту Худои хеш бошӣ, пуштбони ту Худост,
Чун зи худ рафтӣ, зи сар лутфи Худоят меравад».
Аслиддин Қамарзода.