Аз чашмаи Акко то ширбодоми Рӯзӣ

  • Аз чашмаи Акко то ширбодоми Рӯзӣ
  • Аз чашмаи Акко то ширбодоми Рӯзӣ

Сафар ба инсон рӯҳу равони тоза мебахшад, ҷаҳонбинӣ ва тафаккурро вусъат медиҳад. Аз қадимулайём одамон барои кашфи ҷаҳон, омӯзиши фарҳанг, тиҷорат, донишандӯзӣ ва шиносоӣ бо зиндагии мардум ба минтақаҳои гуногун сафар анҷом медоданд. Хусусан, сафар дар Ватан барои ҳар як шаҳрванд аҳамияти бузурги маънавӣ дорад.

 Вақте инсон ба гӯшаҳои гуногуни кишвар сафар мекунад, ӯ на танҳо манзараҳои зеборо мебинад, балки бо таърих, фарҳанг, зиндагӣ ва урфу одатҳои мардуми маҳаллӣ низ ошно мегардад.

Ҳар гӯшаи кишварамон табиату таровати махсуси худро дорад. Агар ба минтақаҳои кӯҳистон сафар кунем, зиндагии сода ва меҳмоннавозии мардум инсонро мафтун мекунад. Дар шаҳрҳои қадима бошад, осори таърихӣ моро ба гузаштаҳои пурифтихори миллат мебарад. Ҳамин гуногунрангии табиат ва зиндагӣ сафарро шавқовар ва хотирмон мегардонад.

Бо ташаббуси иттифоқи касабаи таҳририяти «Овози тоҷик» рӯзҳои истироҳати гузашта сафари маърифатӣ-ҷаҳонгардӣ-экологӣ зери шиори «Дар саросари Ӯзбекистон саёҳат кун!» ба кӯҳпояҳои Нурато ва Фориш барпо гардид.

Нахуст аз мактаби таълими ҳамагонии рақами 13-уми ноҳияи Фориш дидан кардем. Боздид аз ин мактаб дар деҳаи Порашт беҳуда набуд. Маҳз ҳамин мактаб дар пурсишнома, ки таҳти ташаббуси рӯзнома бо мақсади муайян кардани мактабҳои фаъолу пешқадам дар байни мактабҳо гузаронида шуд, ду маротиба – байни мактабҳои вилоят ва дар сатҳи ҷумҳурӣ пирӯз гардида, 100 адад китоби бадеиро ба даст оварда буд.

Зимни боздид ва мулоқот директор Сарибой Ярашев дар бораи таърихи мактаб, дастпарварони маъруфи ин боргоҳи таълимӣ ва комёбиҳои имрӯзаи омӯзгорон ва донишомӯзон маълумот дод. Таъкид гардид, ки соли 2028 баргузории 100-солагии таъсиси мактаб дар назар аст. Кормандони рӯзнома низ аз шоири зиндаёди деҳа – Ҷонибеки Қувноқ ёд оварданд.

Баъдан, аҳли қалам аз ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Синтоб»-и ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ, аз ҳамон деҳаи таърихие, ки соли 2023 аз ҷониби Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ чун «Беҳтарин деҳаи сайёҳӣ» эътироф гардид, боздид ба амал оварданд. Деҳа хеле сарсабзу обод. Кӯчаҳо равон, дар канори роҳ чароғҳои равшандиҳӣ насб шудаанд. Кӯҳҳои сарсабз, оби равон, дарахтони мевадор, хонаҳои обод деҳаро файзу тароват мебахшиданд.

Боздид аз Қӯрғон ва дигар ҷойҳои дидании ин деҳаи сайёҳӣ, ки таърихи куҳани аҷдодиро пеши назар меорад, дар мо таассуроти амиқи фаромӯшнопазир гузошт. Дилҳо хост аз оби ҷонбахши чашмаи Акко нӯши ҷон кунад, аммо аз гурӯҳи мо танҳо 3-4 нафар то он, ки ҳамагӣ 10-12 метр аз роҳи мошингард поён буд, фаромада тавонистанд. Чунки пайроҳа хеле хатарнок буду ин орзу барои гурӯҳи мо имконпазир набуд.   

– Сафар инсонро аз якрангии рӯзгор раҳо мекунад, – аз манзараҳои дилфиреби деҳаҳо ба ваҷд омада гуфт шоир Абдулло Субҳон. – Дар зиндагии ҳаррӯза одам аксаран гирифтори кору ташвишҳои маишӣ мешавад ва барои истироҳати маънавӣ камтар фурсат меёбад. Ҳангоми сафар рӯҳ ором мегирад, андешаҳо нав мешаванд ва инсон ба зиндагӣ бо нигоҳи дигар менигарад. Бахусус, манзараи тулӯи офтоб дар кӯҳсор, шилдирроси об, ҳавои тозаи саҳар ва осмони пурситора ба қалб оромӣ мебахшанд.

Манзили навбатии боздид ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Каттасой» – деҳаи Сойихурд гардид. Бо шароити таҳсили мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нурато шинос шудем. Бо омӯзгорон ва хонандагони фаъол суҳбат оростем. Дар бораи фарзандони обрӯманди деҳа – омӯзгорони собиқ ва фидокор, инсонҳои пешқадам ва дӯстдорони забону миллат, ки аксҳояшон дар толори даромадгоҳи мактаб овезон буд, маълумот дода шуд.

Бояд гуфт, ки имрӯз дар соҳаи сайёҳии мамлакат ислоҳоти шоёни таҳсин амалӣ гардида, барои соҳибкороне, ки дар ин бахш фаъолият доранд, имкониятҳо тақдим гардидаанд. Молики меҳмонсаройи «Ҳайити Рӯзӣ» соҳибкор Ҳайит Рӯзиев аз чунин имконоту имтиёзот истифода намуда, дар ин деҳаи дурдаст меҳмонхонаи оилавӣ таъсис додааст ва инак, шаш сол боз фаъолият менамояд. Соҳибкор шаш нафарро бо кор таъмин кардааст.

Аз хӯрокҳои миллӣ, аз оби зулоли «чашмаи Сурх» баҳраманд гардидем. Суруду таронаҳои дилкаши Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон ва Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон Дилмурод Қӯзиев табъи истироҳаткунандагонро болида сохт.

Ҳайит Рӯзиев дар бораи ҳаёту таҷрибаи падари омӯзгораш, шодравон Субҳон Рӯзиев ҳикоя карда, таъкид намуд, ки падараш дар деҳа ба воя расида, ғаму шодӣ, шебу фарози роҳи ҳаётро сабурона паси сар намудааст. 

– Падарам назди шифокор намерафт, – иброз дошт Ҳайитбой. – Бисёртар бо роҳи табобати халқӣ, гиёҳу алафҳои фоидабахш худро муолиҷа мекард. Ҳамин одати падар ба ман ҳам мерос мондааст, – мегӯяд Ҳайитбой, ки барои субҳонаи мо аз баргу навдаҳои бодом ширбодом омода намуд.

Баъдан ба деҳаи Эҷ сафар кардем ва нахуст аз бинои нави маҳалла боздид ба амал овардем. Раиси маҳалла Орзумурод Рӯзиев таъкид кард, ки бинои пешинаи маҳалла соли 1987 бунёд шудааст ва чанд сол боз ниёз ба таъмиру бозсозӣ дошт. Новобаста аз ин беш аз даҳ сол боз кормандон дар чанд утоқи он кор мекарданд. Маҳз, пас аз чопи мақола дар «Овози тоҷик» (аз 22 феврали соли 2025, № 16, «Бинои маҳалла кай обод мешавад?») ҳокими вилоят Н. Турсунов ба маҳалла омада, мулоқот кард ва ваъда дод, ки барои маҳалла бинои нав сохта мешавад. Инак, бинои нав қад афрохта, корҳои таъмирӣ дар арафаи анҷомёбист.

Дар чашмаи калони он дар бораи дара ва қалъаи Феҷак, ки аз сари чашма бараъло ба чашм мерасад, маълумот дода шуд. Ин қалъа дар баландии тақрибан 1500 метр аз сатҳи баҳр, бар фарози кӯҳи баланд сохта шудааст. Аз роҳравҳои атроф ва болои девори қалъа тамоми дара ва даромадгоҳи деҳа пурра ба чашм мерасад. Шилдирроси оби чашма, дарахтони сабзу хуррам, тамошои боғи дилкушои соҳибкор Мирзомурод Ҳасанов низ ба мо таассуроти ҳақиқӣ бахшид. Дар фазои суруду таронаҳои дилангези сарояндаи хушовоз Икром Худойназаров арғуштравии иштирокдорон нишастро шукӯҳ бахшид.    

Имрӯз дар мамлакат таъсис ёфтани минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои фарҳангиву таърихӣ имконият медиҳанд, ки мардум бештар ба сафар раванд. Ин махсусан барои ҷавонон муҳим аст. Насли ҷавон бояд Ватани худро хуб бишиносад, таърихи онро омӯзад ва аз табиати зебояш баҳра барад. Зеро ватандӯстӣ аз шинохти Ватан оғоз мешавад. Сафар танҳо дидани роҳу манзара нест. Сафар дарси зиндагӣ, мактаби маърифат ва василаи худшиносист. Ҳар роҳе, ки инсон тай мекунад, ба ӯ таҷрибаи нав медиҳад. Ҳар дидор, ҳар суҳбат ва ҳар манзара метавонад дар қалби инсон нақши амиқ гузорад.

 

Ӯзбакбойи РАҲМОН,

Саодат БЕКНАЗАРОВА,

Фаридун ЙӮЛДОШЕВ,

хабарнигорони «Овози тоҷик».

Вилоятҳои Ҷиззах ва Навоӣ.

Аксбардор: Т.Ховарӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: