Имрӯз аз зодрӯзи ду чеҳраи мондагори адабиёти тоҷик- Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат ёд мешавад. Ду шоире, ки бо сухани пурэҳсос, андешаи миллӣ ва муҳаббат ба Ватан дар таърихи адабиёти тоҷик нақши ҷовидона гузоштанд.
Лоиқ Шералӣ соли 1941 ба дунё омада, яке аз сутунҳои шеъри муосири тоҷик маҳсуб мешавад. Ӯ баъд аз ҳазор соли даргузашти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба майдони адаб омада, бо истеъдоди нодир ва забони зиндаи шеър тавонист “шеърҳои гуфтаву ногуфта”-и миллатро боз ҳам гӯётар баён намояд.
Ӯ дар синни ҳамагӣ 24-солагӣ бо шеъри машҳури “Ба модарам” ва тавсияи мустақими Мирзо Турсунзода ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд, ки ин як рӯйдоди нодири адабӣ ба шумор меравад.
Аз Лоиқ Шералӣ осори арзишманде чун “Хоки Ватан”, “Хонаи дил”, “Дасти дуои модар”, “Ману дарё” ва “Девони дил” боқӣ мондааст, ки то имрӯз дӯстдорони адаб онҳоро бо муҳаббат мутолиа мекунанд.
Дар баробари ӯ, Муъмин Қаноат низ яке аз чеҳраҳои таъсиргузори адабиёти муосири тоҷик ба ҳисоб меравад. Ӯ на танҳо шоири тавоно, балки аз поягузорони шеъри нав ва ҳомиёни андешаи миллӣ буд. Муъмин Қаноат дар солҳои 60-уми асри гузашта бо ворид кардани рӯҳи миллӣ ва ҳувияти тоҷикӣ ба адабиёти муосир таҳаввули бузурге ба вуҷуд овард.
Ӯ баъд аз Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода ва Мирзо Турсунзода аз ҷумлаи шахсиятҳое буд, ки адабиёти тоҷикро ба сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард.
Муъмин Қаноат муаллифи асарҳои мондагоре чун “Тоҷикистон исми ман”, “Гавҳари Сино”, “Падар”, “Ҳамосаи дод” ва “Масъуднома” мебошад. Ӯ солҳои зиёд дар соҳаи адабиёт, фарҳанг ва ҳаёти ҷамъиятии кишвар фаъолият карда, барои рушди худшиносии миллӣ саҳми арзанда гузошт.
Имрӯз ҳар ду шоир — Лоиқ ва Муъмин Қаноат ҳамчун рамзи каломи баланд, андешаи миллӣ ва ифтихори адабиёти тоҷик дар ёди мардум зиндаанд. Шеърҳои онҳо на танҳо осори адабӣ, балки оинаи рӯҳу эҳсоси миллат мебошанд.