Дар ноҳияи Карманаи вилояти Навоӣ, дар ҳудуди маҳаллаи «Ҷалоир» маҷмааи нави варзишӣ бо нигоҳдошти стандартҳои муосир мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти мазкур дорои толори махсуси муштзанӣ бо андозаи 12/24 буда, барои машқу тамрин ва баргузории мусобиқаҳо шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар маросими тантанавии ифтитоҳ намояндагони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, муовини мушовири Президент Абдусалом Азизов ва ҳокими вилоят Нормат Турсунов иштирок намуданд. Қайд гардид, ки бунёди чунин иншоот ба рушди варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва тарбияи насли ҷавон мусоидат менамояд.
Дар доираи чорабинӣ барномаҳои намоишӣ ташкил гардида, маҳорати варзишгарони ҷавон ба ҳозирин муаррифӣ шуд. Кӯдакон дар мусобиқаҳои шоҳмот иштирок намуда, муштзанони ҷавон дар ринг маҳорати худро нишон доданд. Ҳамчунин, дар намоишҳои гӯштини миллӣ иштироки фаъолонаи варзишгарон ва дӯстдорони ин намуди варзиш ба чашм расид. Меҳмонон бо шароити дар маҷмаа муҳайёшуда аз наздик шинос шуданд.
Маҷмааи варзишӣ дар оянда метавонад ҳамчун маркази интихоби истеъдодҳои нав, омодасозии варзишгарони касбӣ ва баргузории мусобиқаҳои сатҳи маҳаллӣ ва минтақавӣ хидмат намояд. Фаъолияти чунин иншоотҳо барои ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш ва пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ аҳамияти махсус дорад.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.